Ишқи марди нашъаманд (ҚИСМИ 2)
10.01.2026
Oila.tj
956

Мурдаи бесоҳиб

Модараш ба хонаи худаш баргашту духтарчаи хурдии Насиба якбора касал шуд. Кӯдак дар таби баланд чунон месӯхт, ки ҷисми кӯчак курраи оташро мемонд. Салим Насибаро ба маркази ноҳия бурда, дар беморхона хобонд ва бо ҳамин қарзи худро адошуда пиндошта, дар бадали як ҳафта дигар ба суроғашон нарафт. Духтурон бо марг даст ба гиребон буданду падари нашъаманди духтарча беғамона «кайф» карда мегашт. Нашъаро, ки зад, дигар Насибаю духтарчааш ба ёдаш намерасиданд.

Рӯзи ҳафтум ҳоли духтарча тамоман вазнин шуда монд. Дорую дармон ва кӯшишҳои табибон асар накарданд, қарибиҳои нисфирӯзӣ духтарча ҷони ранҷидаашро ба ҷонофарин супурд. Насиба тифлаки мурдаашро ба оғӯш гирифта, зор-зор гиря мекард.

- Ман аз ин ҷо ба деҳа рафта наметавонам, монед, ки падараш ояд,- мегуфт ҷавонзан, вале рӯз бегоҳ шуда, аз Салим дарак набуд.

Одамоне, ки дар бемористон буданд, раҳмашон омаду кӯдаки фавтидаи Насибаро ба хонаашон оварданд. Салим банг зада, дар рӯйи кат ба пушт хобида, мусиқӣ гӯш мекард. Овози мусиқӣ чунон баланд буд, ки гӯё дар дунё худаш танҳост. Марди мурдаи тифлро бо мошинаш оварда Салимро дар ин аҳвол дида, бо нафрат ба рӯяш нигариста, гуфт: «Лаънат ба ту барин падар! Наход аз саҳар то бегоҳ ҷисми беҷони фарзандатро суроғ накунӣ-а!». Салим мурдаи фарзандашро дида, ба ҷои оби дида рехтан, «он мард кӣ буд?» гӯён, Насибаро бераҳмона лагадкӯб кард. Ҳамсояҳо базӯр ҷавонзанро халос карда, кӯдакро ба хок супурданд.

Боз духтар

Тақдири бадашро бинед, ки Насиба писар нею боз духтар таваллуд кард. Салими ҷоҳил маст шуда, кӯдаки навзодро мезад. Шаб, вақте ки тифлак гиря мекард, «духтари ҳаромиат маро нороҳат кард» гуфта, падари бераҳм аз дасту почакҳои нозукаш бардошта, духтарчаро ба дигар тарафи хона ҳаво медод. Тифл аз тарсу дард шах шуда, баъди чанде боз ба худ меомаду мегирист.

Рӯзе Насиба хамир мекард, ки Салим бо чашмони суп-сурх аз дар даромаду дод зад: «Ин ҷо биё!». Насиба дастони пур аз хамирашро нишон дода, гуфт: «Салимҷон, хамирро шавам, баъд меоям». Шавҳари худобехабараш «ту гапи маро ду мекунӣ?!» гӯён, Насибаро ба хона дароварду як сими лучро дар миёнаш баста, баъд ба қувваи барқ пайваст намуд. Хушбахтона, барқ набуд, вале Насиба аз тарс беҳуш шуда афтид. Ҳангоме, ки ба худ омад, Салим ба ду бари рӯяш зада, мегуфт: «Хез, дафъ шаве, ҷинӣ, охир свет нест-ку! Ҳамаро талхакаф кардӣ, девона, хез, модарам тарсидааст, кӯдакат гиря дорад».

Насиба мадори ҳаракат кардан надошт, хушдоманаш дар болои сараш нишаста, гиря мекард.

- Келин, ту зиндаӣ? Овоз барор? Маро натарсон, бачам,- оби чашмонашро поккунон зорӣ менамуд кампири бетолеъ ва ба писари ҷоҳилаш лаънат мехонд.

- Ҳа, хола, ман зиндаам, лекин берун аз қабр,- базӯр овоз баровард Насиба.

- Шукри худо, ки зиндаӣ, вагарна ман ба падару модари ту чӣ ҷавоб медодам?,- хушдоманаш худоро шукр гуфта, сару рӯйи Насибаро модарвор сила мекард.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД