-Қулфинай, қулфинаи бедору, аз боғи худамон, қулфинай овардам,-овози ҷавонзани қулфинайфурӯш сукути байни ду бинои истиқоматии баландошёнаро шикаст. Имрӯз якшанбе буду мардум майли аз ҷогаҳи гарми хеш хестанро надоштанд, аммо ба Сафаргул пул лозим буд ва маҷбур харидоронро даъват мекард.
Ӯ кӯдаконашро танҳо ба воя мерасонид, бародаронаш дар як гӯшаи русто барояш пораяки заминеро харидорӣ намуда, хонааш сохтанд. Писару духтараш мактабхонанд, духтараш дар синфи ҳашт ва писараш дар синфи шаш мехонад. Ҷамила ба гови чамбаршоху гӯсолаи шӯхи ӯ, чанд сар бузу гӯсфанд, мурғу харгӯшакҳояшон нигоҳубин мекунад, Ҷамол бошад, ба модараш ёрӣ мерасонад. Ӯ дар басти дуюм мехонад, субҳгоҳон ҳамроҳи модар сатилҳои қулфинай, тамашк, зардолу, мавсими кадом мевае набошад, бардошта ба шаҳр меоянд. Онҳоро фурӯхта чизҳои зарурияшонро харида, боз бармегарданд ба хонаашон, зиндагии хуб доранд. Меҳнат мекунанд ва роҳат мебинанд, хонаашон оддӣ бошад ҳам, таъмири хуб дораду шароиташ ҳам хуб аст. Сафаргул ба хондани фарзандонаш аҳамияти зиёд медиҳад, ӯ пеши худ мақсад гузоштааст, ки Ҷамиларо духтур ва Ҷамолро корманди ҳифзи ҳуқук мекунад, ин саҳар дилаш нашуд писаракашро бедор кунад, бигузор хоб кунад, “чор сатил қулфинай аст, онро худам мебарам” аз дил гузаронд Сафаргул.
Сафаргул аввалҳо хона ба хона мегашт, аммо як рӯз дар як хона марди масте аз дасташ гирифта, ӯро кашола карда, ба хонааш дароварданӣ шуд, ӯ базур хато хӯрда гурехт. Аз ҳамон рӯз инҷониб, зан харидоронашро дар саҳни бинои истиқоматияшон интизор мешавад.. Андешаҳои Сафаргулро овози зане канд, ӯ аз тирезаи айвони ошёнаи чоруми бинои нӯҳқабата фарёд кард:
-Ҳой, қулфинай, баро хонаи мо, зуд бош!- Сафаргул аз муроҷиати зан аввал қаҳраш омад, баъд хандааш гирифт, -наход ман қулфинай бошам а? Сари тилтакат дар гӯр, -зери лаб зани мӯпарешони хоболудро ҳақорат дод ӯ. “Аз куҷо медонӣ, ки ман чӣ дард дорам”, роҳ-равон бо сояи зан гила мекард ӯ.
Сафаргул назди ин бинои навсохт, ки ба наздикӣ сокинонаш кӯчида омадаанд, нав ду-се бор шуд меояд. Мизоҷони ӯ дар дигар гӯшаи шаҳр зиндагӣ мекунанд ва ҳамагӣ ӯро мешиносанду дӯст медоранд. Як нафар хонум вакил мизоҷаш аст. Ба боигарӣ ва мақоми баландаш нигоҳ накарда, бо Сафаргул хеле меҳрубон аст. Меваҳояшро мехарад, пули зиёдатияш медиҳад, боз либосу қанду қурси зиёдатии хонаашро низ. Сафаргул дар навбати худ барояш кӯлчаҳои равғанӣ пӯхта меорад, ҷурғоти ширину саршираш ҳам меорад, ҳарчанд зан хоҳиш мекунад, ки пули тӯҳфаҳояшро гирад, аммо Сафаргул хафа мешавам, муаллима, гӯён ӯро аз ин кораш бозмедорад. Ин гуна мизоҷҳо бисёранд, ки ба ӯ “хоҳарҷон, бонуҷон” гӯён, муроҷиат мекунанд, вале ин гунаҳо ҳам бисёранд… “Қулфинай, зардолу, ҳой шир…” гӯён, ҷеғ мезананд, фаросат надоранд.
Сафаргул ғарқи андешаҳо ба назди дари бонуи хоболуд омад, дар кушода буд ва бӯйи хуши картошкабирён ба атроф паҳн шуда буд. “Дар саҳари мардон картошкабирён”,- аз дил гузаронид Сафаргул ва дарро сабук куфт. Овози зан аз ошхона баланд шуд:
-Омадӣ, ҳозир,- зан инро гуфту бо овози баланд илова кард,- асалҷон баро, қулфинайро гирифта холӣ куну пули соҳибашро деҳ, ҷонам шавӣ,-ҳамин вақт овози мардона баромад:-Майлаш ҷон, ҳозир,- марде хилъати патдори сиёҳ ба тан назди дар ҳозир шуду чашмонаш ба чашмони қулфинайфурӯш бархӯрданд, Сафаргул шок шуд, зеро дар рӯ ба рӯяш марде рост буд, ки ӯро ба ҳамин аҳвол расонида буд. Нафир, падари фарзандони ӯ, худро ба даст гирифту гӯё панҷ соли умрашро бо ҳамин зани имрӯз пушти дараш истода нагузаронида бошад, як қабза пулро сӯйи ӯ дароз кард ва зуд сатилҳоро холӣ карда баргардонд.