Пас аз марги падар зиндагиамон пурмашаққат гашт. Ман, ки фарзанди калонии хона будам, орзую ҳавасҳоямро ҳамроҳи қиблагоҳам ба хоки сиёҳ супурда, тарки хондан кардаму хизматгори як марди сарватманд гаштам. Акнун тамоми кору бори хонаи Давлатбой бар дӯши ман буд.
Хӯҷаинам Мафтуна ном духтари соҳибҷамоле дошт. Дар муддати кӯтоҳ ману Мафтуна бо ҳам унс гирифтем. Мафтуна дар ҳусну ҷамол беназир бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ бо зебоиву дороияш фахр намекард. Хоксорию меҳрубониаш маро торафт ба Мафтунаи соҳибҷамол ошиқтар менамуд.
Рафтору гуфтори ин нозанинро дида бовари кас намеомад, ки чунин духтари фурӯтану хушрафтор аз оилаи сарватманд аст. Орзу мекардам, ки рӯзе домоди ин хонадон мешавам ва Мафтунаи паривашро арӯс карда, ба хонаамон мебарам, вале хаёлам хом баромад.
Хонадомод
Мафтунаро бо Лоиқ ном ҷавоне фотиҳа карданд. Мафтуна ғайри ман дигар касеро намехост, вале падараш дар ин бора ҳатто шунидан намехост. Лоиқ писари ҷӯраи ҷонии Давлатбой буд ва Мафтунаро ба ӯ дода, мехост риштаи дӯстиашонро мустаҳкамтар намояд.
Мафтунаи бечора акнун шабҳои дарозро бо гиря рӯз мекард, вале падари сангдилаш гӯё кӯру кар шуда чизеро намедиду намешунид. Ҳамин тавр арӯси орзуҳои маро зӯран ба шавҳар доданд.
Мафтуна сари тахти арӯсӣ менишасту ашк дар чашмони ман дам ба дам ҳалқа мезад. Бо пироҳани сафеди арӯсӣ вай мисли шоҳдухтари афсонавӣ зебо гашта буд. Вуҷудам аз рашк месӯхт, вале чора надоштам.
Хиёнати бойдухтар
Пас аз тӯй падари Мафтуна домодашро сардори як корхонааш таъйин намуд. Мафтуна ҳамоно чунон рафтор мекард, ки гӯё паррандаи озод бошад. Пинҳонӣ аз волидону шавҳараш ба оғӯши ман медаромад ва лабони бӯсахоҳашро бар лабонам мениҳод.
«Дуздию ғарӣ паси саргини хар» гуфтагӣ барин, оқибат сири пинҳонии мо ошкор гашт. Падари Мафтуна рӯзе нисфирӯзӣ бо кадом коре ба хона омада, духтарашро дар оғӯши ман диду аз даҳшат шах шуда монд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, аз паси Давлатбой домодаш даромада омад ва маро бо занаш ҳамоғӯш дида дуд аз димоғаш баромад.
Гумон доштам, ки Лоиқ маро зада мекушад, вале ҷилои пулу моли Давлатбой чунон чашмони Лоиқро кӯр карда буд, ки хиёнати ҳамсарашро бо чашми худаш дида бошад ҳам, чизе нагуфт. Падари Мафтуна ба ғазаб омада маро зада-зада аз дари хонааш берун кард. Мафтуна аз пасам бо ашки шашқатор менигарист, вале аз дасташ чизе намеомад.
Сар дар канори дигар
Ба хона бо дили ҳазин баргашта дар бораи ҳодисаи дар хонаи хӯҷаинам Давлатбой рӯй дода ба касе лаб накушодам. Модарам аз баргаштанам хурсанд шуда, аз паси келинкобӣ шуд ва дере нагузашта маро бо Зулфия ном духтаре хонадор кард.
Фикр мекардам, ки касе ҷои Мафтунаро дар дилам гирифта наметавонад, аммо оби никоҳ дар муддати кӯтоҳ ману арӯсамро бо ҳамдигар қарину меҳрубон гардонд.
Сири фошгашта
Бо гузашти айём мо духтарчадор шудем. Бо сад ҳавасу орзу духтарчаамро Мафтуна ном гузоштам, то номи дӯстдоштаам ҳамеша вирди забонам бошад.
Аз байн қариб шаш моҳ гузашт. Мафтуначаи ман акнун хандонаку ширин шуда буд, ки баногоҳ дарди қаттоле мисли балои осмонӣ ба вай печид. Кӯдаки бечора дар табби баланд чун дар оташи сӯзон месӯхт. Зулфия ҳамроҳи модарам кӯдакро ба беморхона бурду аз он ҷо бо қошу қавоқи овезон баргашт.
Дар беморхона кадом як ҳамсояи Давлатбой дар бораи ошиқии ману Мафтуна ба ҳамсарам нақл кардааст. Зулфия ба ҷону ҳолам намонда мепурсид, ки чаро номи духтарамро Мафтуна гузоштам. Худро ба нодонӣ зада ба ӯ эътиборе намедодам, вале занам оташи низоъро хомӯш карданӣ набуд.
Марги орзуҳо
Бемории духтарам авҷ гирифту ӯро ба беморхона бурдем, вале кӯдак дар роҳ дар рӯи дастони модарам ҷон дод. Доду фарёди Зулфия ба фалак печид. Вай маро дар марги духтарчаам гунаҳкор карда, мегуфт, ки агар номи Мафтунаи ҳаромро ба ӯ намегузоштам, кӯдакамон намемурд.
Марги фарзанд занамро бештар девона карда буд ва касею чизе наметавонист ӯро ба худ биёрад. Зулфия муътақид буд, ки касофатии ману Мафтуна кӯдаки бегуноҳро куштааст. Пас аз гӯру чӯб кардани духтарчаам занам қаҳр карда хонаи модараш рафт ва ман ҳам дигар ба суроғаш нарафтам.
Рақиби шинос
Як рӯзи шанбе барвақттар аз кор баргаштам. Дар истгоҳ чашмам ба Зулфия афтид, ки аз мошини шишасиёҳе мефаромад. Занам табассумкунон бо ронанда хайрухуш мекард. Оташи рашк ҷисму ҷонамро сӯхт.
Тӯли як ҳафта Зулфияро таъқиб карда, ба кӣ дил бастанашро фаҳмидам. Ронандаи мошини сиёҳшиша бегона не, Лоиқ буд. Шавҳари Мафтуна! «Эҳ Зулфия, ту намедонӣ, ки Лоиқ аз ман қасос гирифтанӣ шуда бо ту мегардад. Дидаю дониста дар коргоҳи Лоиқ ба кор даромадӣ-а»- мегуфтам худ ба худ ва оҳи сард мекашидам.
Билохира найрангҳояшон ба ҷонам заду рӯзе Зулфияро аз асли воқеа воқиф намудам. Занам қавоқ гиронда дод зад:
- Ба ман кордор нашав!
- Хато мекунӣ Зулфия, Лоиқ барои аз ман қасос ситонидан туро истифода бурда истодааст,-гуфтам бо алам.
- Бароям фарқ надорад, ки бо чи мақсад Лоиқ маро мехоҳад, фаҳмидӣ?! Ман ӯро дӯст медорам! Оғӯшаш ба ман роҳат мебахшад. Нав марди диламро ёфтам. Дигар бо ту зиндагӣ намекунам. Роҳи ту дигар асту роҳи ман дигар,-Зулфия рӯяшро гардонда рафт. Баъди ин суханҳоро аз забони занам шунидан умедамро аз Зулфия кандам.
Зани дуюм
Модарам маро сарзаниш мекард, ки хонаи вайронаамро обод кунам, вале дигар оиладор шудан намехостам. Дилам аз зиндагӣ батамом сард гашта буд. Ҳарчанд нею нестон мекардам, кампир сар намефаровард. Ба хотири модарам дубора оиладор шудам, аммо ҳеҷ хаёли зиндагӣ надоштам.
Пас аз ду ҳафтаи хонадорӣ ба гиряву нолаи модарам нигоҳ накарда ба Русия рафтам. Дар сохтмоне кор даромада азм кардам, ки дигар бар намегардам. Маоши хуб мегирифтам. Ҳар моҳ ба модарам пул мефиристодам. Қариб як сол кор карда будам, ки бародарам занг зада хабари бемории модарамро расонд.
Ночор чипта харида ба Ватан баргаштам. Шукри худо рӯи гарми модарамро дидаму кампир сару рӯямро сила карда дар рӯи дастонам ҷон дод. Дар як лаҳза фиғони мо ба фалак печиду ҳавлӣ пур аз одам шуд.
Вақте ки тобути модарамро мебардоштам, чашмам ба шиками дамидаи ҳамсарам афтод ва барқсон аз майнаам гузашт, ки наход дар давоми 2 ҳафтаи хонадорӣ занам ҳомиладор шуда бошад. «Чаро модарам дар ин бора ба ман чизе нагуфт?»- мепурсидам аз худ, вале ба саволам ҷавоб намеёфтам.
Аз дӯст як ишорат
Баъди гӯру чӯби модарам ғамгину малул ба кӯча баромада ҳамсинфам Саломро вохӯрдам. Ҷӯраам маро дилбардорӣ карда изҳори ҳамдардӣ намуду пасон гуфт:
- Эраҷ, дигар занатро танҳо партофта ба Русия нарав. Ба ту як сири махфиро мегӯям. Ҳангоми дар Русия буданат, баъзе шабҳо ба хонаат як мошини бегона меомад.
Ҳисси кунҷковиам боло гирифту поидам, як шаб бо чашми худам дидам, ки чӣ тавр занат он мардро гусел кард. Давоми сухани ҷӯраам дар даҳонаш монд, тозон ба ҳавлӣ даромада занамро зери мушту лагад гирифтам. Аз даҳонаш хун фаввора зад ва билохира иқрор шуд, ки кӯдаки дар батнаш буда, на аз ман, балки аз Лоиқ ном раис аст.
Ҷавобашро додаму занамро ба хонаи падараш бурда мондам ва аз паси ёфтани Лоиқи номард шудам. Кофта-кофта ба ҷойи кораш рафтам. Котибаи таннозаш маро даромадан намонд, вале дарро ба лагад зада ба утоқаш даромадам ва аз гиребонаш гирифта фиғон кашидам:
- Ту аз ман чӣ мехоҳӣ, аблаҳ?! Чаро зани маро ба домат афтондӣ? Гумон кардӣ, ки корҳои ифлосат пӯшида мемонад?!
- Худованд ҳеҷ гунаҳкорро бе ҷазо намемонад, - Лоиқ инро гуфта заҳрханда кард. Хун ба сарам зада муште ба баногӯшаш фаровардам ва бо тамоми овоз дод задам:
- Ман ба мисли ту даюс нестам. Ҷавоби занҳои хиёнаткорамро додам! Ба ту аблаҳ фарқе надорад, ки занат бо кӣ алоқа дошту фарзандат аз кист. Мафтуна туро то ҳол дӯст намедорад, вале худро ба кӯрию карӣ зада мегардӣ! Дониста бош, ки ҳамон фарзанди ягонаат аз ман аст!
Ин гап Лоиқро бе корд кушт ва ман ғолибона гиребони раисро раҳо карда аз дар баромадам.
Оворагӯр
Дигар обу хоки диёр барои ман ҳаром гашта буд, аз ин хотир муқимии Русия гаштам. Дар ҳамон ҷо соҳиби зану фарзанд шудам. Дар мағоза кор карда шоҳона зиндагӣ менамудам.
Рӯзе муҳоҷирони тоҷик ба мағозаам даромаданд. Дар байни онҳо Лоиқро дида ҳайрон шудам. Намедонам вай маро нашинохт ё худро ба нодонӣ зад, ки чизе нагуфта, харид карда рафт.
Баъди аз дар баромаданаш, аз яке аз ҳамроҳонаш дар бораи ӯ пурсон шудам. Маълум гашт, ки Мафтуна аз Лоиқ ҷудо шуда, ӯро аз коргоҳи падараш низ пеш кардааст. Бо шунидани ин хабар дилам каме ором гирифт. Ин марди даюс маро ду бор хонавайрон карда, оқибат худаш ба ҷазои Парвардигор гирифтор шуд.
Эраҷ,
ш. Норак