«Чашмони мард зебоӣ меҷӯянд, чашмони зан сарвату зар, вале зебоиро бемориву пирӣ мағлуб месозаду сарвату зарро марг.»
Алами бевазани миллионер
Низора дар марги шавҳараш зор-зор мегиристу аз дил мегузаронд, ки акнун аҳволи ў дар ин мулки бегона чи мешуда бошад. Бо сари танҳояш дар ин ҳавлии дакаданги бадҳайбат чи гуна зиндагӣ мекунад? Оё қуввату мадораш мерасида бошад? Дар ин мулки ғарибӣ худро танҳову бекас эҳсос карда дилаш аз ҳасрату ғам лабрез гашт. Ба кӣ рози дил бигўяд? Дар ин мулк касе бо касе ошноӣ надорад.
Низора нахустин бор дар умраш аз издивоҷ бо миллати ғайритоҷик пушаймон гашт. Дарк намуд, ки ба чи гуна иштибоҳи бузурге роҳ додааст.
«Оҳ, чаро мани беақл дар вақташ ба гапи Микоил гўш карда худро ҷарроҳӣ намудам, то ки тамоман фарзанд таввалуд накунам. Худоё, акнун мани мусофиру бе фарзанд дар ин мулки ғарибӣ чи кор мекарда бошам?» мегуфт ҷавонзан ва зор-зор мегирист. Чандин соат гириста дилашро холӣ кард, сипас аз ҷояш бархоста ҷониби ошхона равон шуд.
Низора пас аз солҳои тулонӣ аввалин бор пазмони шакароби тоҷикӣ шуда буд. Кабудӣ реза карда истода мурғи хаёлаш боз ҷониби Ватан парвозӣ гашт. Лаҳзаҳои ширини кўдакӣ дар ангораҳои хаёлаш мисли навори кино пайдарпай ҷилвагар мешуданд. Дилаш ба ёди лолаҳои сурхи Файзобод гум зад. Модари меҳнатиашро ба хотир овард, ки бо рухсораҳои гулгун ба дегдон хамирро часпонида нон мебаст. Он замон Низораи шашсола назди модар беқарор нишаста, интизорӣ мекашид, ки кай нони гарм мепазаду ў бо пиёзи кабуди баҳорӣ онро мазза карда мехўрад. Ин лаҳза Низораи 66- сола хун мегиристу ба ёди нони гарми модар оби даҳонаш мерафт.
Ишқи бачаи немис
Низора муҳассили Донишгоҳи тиббӣ буду орзуву ниятҳои зиёде дошт. Падару модараш аллакай барои ў домоди соҳибмаълумотеро аз хешони худашон ёфта буданд, аммо дар ҷашни солинавии донишгоҳ вай бо ҷавони олмоние шинос шуду аз нигоҳи аввал шефтаву шайдои ў гардид. Ҷавони немис ҳам ошиқи шайдо гашта буд ва ҳамарўза ўро пурсон мешуд. Низора ба насиҳати дугонаҳояш, ки «ҳой духтар, ақлатро ба ҷояш мон, охир дар куҷо дидаӣ, ки тоҷик немисро бигирад. Падару модарат фаҳманд, туро оқ мекунанд. Шармандаи ду олам мешавию дар зиндагӣ баракат намеёбӣ» мегуфтанд, гўш надода бо ў мулоқот мекард.
Оқшуда
Овозаи ишқи онҳо оқибат ба гўши мардуми деҳа ҳам расид. Падараш аз қаҳру ғазаб қариб девона шуда буд. Низораро хеле сарзаниш карда, хост ақлашро ба ҷояш биёрад, вале на панду насиҳат ба ин духтари аз ишқ кўршуда фоида карду на мушту лагад. Низора аз падару модараш шарм надошта рўирост гуфт, ки ғайри Микоил дигар касе ба ў даркор нест. Падар назди хешу табору ҳамсояҳо шармандаю сархам шуда ашкрезон дуои бадаш намуд ва дастонашро сўйи осмон бардошта гуфт:
-Оқат кардам! Оқи ин дунёву охиратат кардам! Гуноҳатро дар ду дунё намебахшам!
Он рўзҳо Низора сармасти ишқи дўстдоштааш буд ва аз ин ҳукми талхи падар рамуз нагирифта, чизу чораашро ҷамъ карду бепарвоёна тарки деҳа намуд.
Тўйи бе дуо
Низораю Микоил дар тарабхонаи донишгоҳ базми арўсиву домодӣ ороста ҳамсабақонашонро даъват намуданду бе дуои падару модар аз қайди никоҳ гузаштанд. Пас аз ба охир расидани соли таҳсил Микоил Низораро ба Олмон бурд. Низора худро хушбахттарини хушбахтҳо эҳсос менамуд, чунки Микоил писари ягонаи директори заводи чармбарории шаҳри Мюнхен буд ва волидонаш зиндагии шоҳона доштанд. Низора мисли шоҳдухтарони афсонавӣ мезист. Ягон камбудии иқтисодӣ надошт, вале…
Қотили фарзанд
Вақте ки Низора ҳомиладор шуд, шавҳари миллионераш Микоил бачадор шуданро нахоста ўро маҷбуран ба беморхона бурд ва тифли батнашро исқоти ҳамл намуд. Сабабашро чунин шарҳ дод:
-Азизам, ману ту ҳоло хеле ҷавонем. Ман мехоҳам туро бо худ ба тамоми дунё бурда саёҳат диҳам. Барои ҳамин ба ману ту кўдак лозим нест. Маънии зиндагӣ хуш зистан аст. Хурсандии маро хоҳӣ, биё якҷоя рафта туро ҷарроҳӣ мекунему бачадонатро мегирем.
Низора, ки шавҳарашро девонавор дўст медошт, бе гуфтугў ба ин фикри аблаҳонаи Микоил розӣ шуд ва забонхат навишта розигӣ дод, ки бачадонашро бо воситаи ҷарроҳӣ гирифта партоянд.
Поёни афсонаи ширин
Акнун онҳо масти висоли якдигар аз ин давлат ба он давлат сафар карда, гули чизро мехўрданду гули чизро мепўшиданд. Низора худро хушбахт эҳсос мекард. Сармасти зиндагии шоҳона буд ва дигар ба ёдаш падару модари азизаш намерасиданд. Дар дилаш нисбати онҳо кина дошт. Гумон мекард, ки ин ҳама зебо зистанҳо ҷовидонист, вале…
Тамоми дунёро сайр кард, зебо пўшид, лазиз хўрд, вале ҳамеша ба назараш чунин менамуд, ки чизе барояш намерасад.
Пушаймонии бе суд
Рўзҳои вопасини умраш Микоил дар бистари марг тез-тез менолиду аз Низора бахшиш пурсида мегуфт:
-Маро бубахш, азизам! Фарзанде медоштем, шояд баъди марги ман соябони сарат мешуд, вале мо ҳарду хато кардем. Илтимос, баъди гўрондани ман ҳама сарватамро фурўшу ба зодгоҳат рав.
Низора бо дили хунчакон фиғон кашид:
-Пеши кӣ? Пеши кӣ равам???
Микоил рўяшро ҷониби девор гардонда мисли кўдак ҳиққосзанон инони гиряро сар дод. Акнун зану шавҳари пулмаст ҳарду эҳсос карда буданд, ки иштибоҳи бузурге кардаанд, вале умр мисли тири аз камон ҷаста бозгашт надорад ва намегузорад, ки хатоҳои ҷавониро дубора кас ислоҳ намояд. Низора ҳатто аксе надошт аз наздиконаш, тамошо карда ақаллан хумор бишканад. Пиразани дар тиллову бриллиант ғутида вазнашро ба такяи роҳаткурсӣ партофта бо дили захмин меандешид: «Маънии зиндагӣ дар хўрдану пўшидан набудааст. Мани миллионер акнун дарахти танҳоеро мемонам, ки бор наоварда хушк шудааст…»
Алами танҳоӣ
Ҳамин тавр Микоил бе нишон, бе меросхўре аз дунёи фонӣ чашм пўшид. Пас аз марги шавҳараш Низора даҳчанд дарк намуд қиммати ҳамон ганҷи гумкардаашро ва бо дандон пушти лаб газид, вале суде набуд. «Кошки дар вақташ тифламро исқоти ҳамл намекардам, шояд имрўз тасаллоям, такягоҳам мегашт. Мегуфтанд, ки оҳи дили ранҷур мегирад, рост будааст. Оҳи падари дилсўхтаам оқибат маро гирифт»- мегуфту зор-зор гиря мекард.
Савдоӣ
Низора шабҳо қариб, ки хоб намерафт. Вай соатҳо ба акси Микоил нигариста розу ниёз мегуфт. Рафта-рафта савдоию девона шуда монд. Хешону наздикони Микоил ўро ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ бурданд. Аҳволаш дар девонахона ба ҷойи беҳтар шудан рўз то рўз бадтар мешуд. Фақат Тоҷикистон, падар ва модар мегуфт.
Мурдаи бесоҳиб
Субҳе ҳавли ҷонканиаш гирифту ҳамшираи шафқат роҳбарияти беморхонаро огоҳ намуд. Сардухтур ҳолати беморро дида ба наздикони шавҳараш занг зад ва гуфт, ки омада касалашонро бубаранд, чунки дигар зинда монданаш ба гумон аст, вале касе ба суроғи Низора наомад. Дар дами ҷонканӣ ба ҷойи об вай фақат Тоҷикистон мегуфт, аммо дар ин диёри ноошно касе ба таваллояш эътибор намедод.
Ҳамин тавр Низораи миллионер дар девонахонаи шаҳри ғурбат ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе пиҳилаш накард. Касе пас аз марг мувофиқи таомули аҷдодон манаҳашро набаст. Духтурҳо ҷасадашро ба морг бурданд ва пас аз чанд рўз бесоҳиб гўён мурдаашро сўзонданд. Рўҳи саргардони Низора гўё нола мекард:
Ё мусофир, ё муҳоҷир,
Ҳар куҷое ман, ки мурдам,
Бар сари қабрам нависед, он замон қабри муваққат,
Ҳамватанҳои парешонам, ки баргаштанд,
Ман ҳам ба хонаи худ боз мегардам аз он қабри муваққат…