arzon replenishment
Ишқи фоҷиабори Азиза ва Одина Қисми 1
03.12.2023
ОИЛА
1555



“Парвардигори олам нахуст ҳазрати Одамро офарида, ҳамаи дунёро ба ӯ бахшид.

Одам дар боғи биҳишт сайр мекард, аз оби Кавсар менӯшиданду аз меваҳои шаҳдосои биҳишт коми худро ширин менамуд ва дар кӯшкҳои боҳашаммати ҷаннат мезист, аммо бо вуҷуди ин ҳама нӯшу неъмат ҳамеша ғамгин ва нороҳату парешон буд,- оҳис сард кашида, канда-канда ба сухан даромад мӯйсафед,- Худованди огоҳ табъи гирифтаи шоҳи офариниши худро дида, Биби Ҳавворо офарид, то мунису ғамхор ва ҳамдаму ҳамнафаси Одам гардад. Одам бо дидани мавҷуди ба худаш шабеҳ, ки бениҳоят зебо ва нозуку дилкаш буд, гашта, Худовандро сано хонд, лекин...-мӯйсафед рӯяяшро гардонд, то ашки дар чашмонаш ҳалқа задаро пинҳон кунад ва зери лаб пичиррос зад,-ман фарзанди ҳамон Одам аз ин дунё бе зан мегузарам...
-Бобоҷон, албатта ягон сабаб будагист, ки шумо умратонро ба танҳоӣ гузарондед?-кунқковӣ намудам ман.

-Ягон кори дунё бе сабаб намешавад, бачам,-ашки чашмашро бо бари салааш пок карда, давом бобои Одина,- Ман ҳам ба мисли шумо ҷавон будаму шавқу завқи ҷавонӣ доштам, дар дилам орзуҳои ширин мепарваридам,вале....

Ишқи духтари раис

 

Дар оила ман фарзанди нахустин будам. Падарам аз ҷанг зинда баргашта бошад ам, аз ду пой маҳрум гашта буд, аз ҳаимн сабаб саробонии оила хеле барвақт бар дӯши ман афтид. Ҳамсинфону ҳамсолонам баъди хатми ба шаҳр рафта, ба донишкадаҳои олӣ дохил шуданду ман дар деҳа мондам. Ҳарчанд саводу дониши хуб доштам, шароит набуд. Зиндагӣ ҳамин-дия, Худованд ба баъзеҳо савод медиҳаду шароит не, ба баъзеи дигар шароит медиҳаду савод не! Ману модарам дар колхоз кор мекардем. Маро ҳисобчии бригадир монда буданд. Ана ҳамон солҳо, оташи сӯзони ишқ дар дилам афтода, мани камбағалбача ба духтари раиси колхоз-Азиза ошиқ шудам. Вай ҳам маро сахт дӯст медошт ва аз падару модараш пинҳонӣ ба мулоқот меомад. Оташи ишқ торафт дар дилҳои мо баландтар аланга зада, риштаи муҳаббатамон рӯз то рӯз мустаҳкамтар мешуд. Ҳамин тавр ишқу муҳаббати мо овоза шуда, вирди забони хурду калони деҳа гашт, аммо...

Ҷудоӣ

Бехабар аз бозиҳои қисмат мо-ду ошиқи зор интизори он рӯзи фархунда ва саиде будем, ки ба висоли ҳамдигар расем, вале маро ба хизмати аскарӣ бурданду ба ҷойи чашидани шаҳри васл заҳри талхи ҳиҷрон насибамон гашт. Азизаи вафодорам тез-тез ба ман мактуб менавишт ва дар ҳар номааш интизор шуданашро таъкид мекард. Мани Маҷнун қариб ҳар ҳафта аз маҳбубаам номаи саршор аз муҳаббат гирифта, вақти хондани сатрҳои пурмеҳри Азиза беихтиёр гиря мекардам. Дурӣ, ҷудоӣ, фироқ хеле мушкил буд, вале бо умеди васл ҳар рӯзро бо ёду хаёли Азизаи нозанинам пушти сар карда, хаёлан қасри бахт месохтам, то он рӯзе, ки...

Номаи пуризтироб

Ҳамагӣ якуним моҳ то анҷоми хизмат монда буд, ки аз Азиза номаи пуризтиробе расид. Маҳбубаам навишта буд, ки ӯро бо дигар кас фотиҳа кардаанд. Бо шунидани ин хабари шум хун ба сарам зада, мани ошиқи шайдо ба мисли мор ба худ мепечидам ва намедонистам худамро ба кадом дар занам.

Аз ишқи поки мо қариб ҳамаи рота хабар дошт, зеро аз ҳама бештар ба ман мактуб меомад ва тамоми он номаҳо танҳо аз як нафар-Азиза буданд. Бо маслиҳати бачаҳои ҳамхизматам ҳамроҳи чанд нафар дӯстонам ба назди командир даромада ба пеши пояш афтидем, ки илоҷе карда, маро пеш аз мӯҳлат ҷавоб диҳад. Ҳамин тавр пас аз зориҳои бисёр як ҳафта пас маро ба хона ҷавоб доданд.

Ашки модар

Дар тан либоси сарбозӣ бо чашми пурнам ва дили пурғам дохили ҳавлӣ шудам. Модарам аз дидани ман чунон хурсанд шуд, ки оби чашмонаш аз шодӣ ба бари рӯяш ҷорӣ гашта, намедонист писарашро ба куҷо шинонад. Ман ҳам қатори модарам гиря кардам. Бечора модари зорам ашкҳои маро ашки шодӣ гумон мекард, охир аз куҷо медонист, ки писараш аз дарди ҷонсӯзи ишқ мегиряд.

Меҳмони нимашаб

Шаб, баъди гуселонидани меҳмонону хешовандон, беқарору саргаранг, зери садаи ҳавлӣ, ки ҷои хоби ману бародарам буд, дароз кашида, чӣ кор карданамро намедонистам. Ду бародар то дергоҳ сӯҳбат кардем. Бародарам беист аз навигариҳову воқеаҳои охирини дар деҳа рӯ дода нақл мекард, вале дар бораи фотиҳа шудани аз Азизаи ман чизе намегуфт.

Соат қариб 12 буд, ки овози ғиҷирросзада кушода шудани дарвоза баромад. Ба он сӯ назар кардаму дар рӯшании моҳи пурраи тобистон дидам, ки сиёҳие ҷониби мо меояд. Вақте ки наздиктар омад, ман ӯро шинохтам. Азиза буд! Азизаи мисли фаришта зебои ман! Оҳиста номашро гиирфта садо кардам. Азизам “Одина!”-гӯён худро ба оғӯши ман партофт...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД