Моҷарои зангирӣ
Ману Нозбў донишгоҳро хатм кардем, Нозбў дар як бонки бонуфуз ба кор даромаду ман бошам, дар ҳамон ширкате, ки кор мекардам, ба вазифаи баландтар гузаштам. Муносибатҳои мо бо Нозбў хеле олӣ буданд, баъди шаш моҳи мустақилият, ки ман дигар аз падарам пул намегирифтам, ў маро ба деҳа хонд. Бо хоҳараконам вохўрдам, модарандарам хеле меҳрубон буд, баъд фаҳмидам, ки онҳо мехоҳанд маро бо хоҳари хурдии моиндарам хонадор кунанд. Гуландом низ дар хона ба корҳои моиндарам ёрӣ мерасонд, ў ба мисли ситораҳои синамо зебо буд, вале нағмаю нозу қошпарониҳояш писандам наомад, баъдан ман мехостам бо Нозбў хонадор шавам…
Таклифи падарамро рад карда, гуфтам, ки ман дўстдошта дорам. Падарам хеле ҷангам карду гуфт, ки агар гапашро нагирам, маро аз хона меронаду аз мерос бенасиб мекунад. Ман ҳам паст наомада гуфтам:
- Падарҷон, майлаш, ман ба хонаи иҷора мекўчам, ба меросатон ниёз надорам, бар замми ин, ҳар моҳ бароятон пул мефиристам, то қарзи фарзандиямро адо намоям.
Ва ҳамин тавр ҳам кардам. Падарам баъди як соли муборизаҳо оқибат «таслим» шуду аз ман хоҳиш кард, ки ба хонаи худам баргардам ва ба хонаи Саврӣ-хола хостгорӣ рафт. Саврӣ-хола ба падарам рўирост гуфтааст, ки духтарам нуқсондор аст, вале чун Ҷовидро хуб мешиносаму медонам, ки ў Нозбўро хор намекунад, розиям ба ин издивоҷ. Нозбў баъди ба хостгорӣ рафтани падарам бо чеҳраи гирифта наздам омада, ба чашмонам нигариста гуфт:
- Ҷовидҷон, ту инсони хуб ва ҷавонмарди зебоӣ, охир як ба худат нигоҳ куну як ба ман, медонам ту аз рўйи дилсўзӣ бо ман издивоҷ мекунӣ, вале ман намехоҳам туро бадбахт кунам. Охир, дар ҷомеаи мо мардум аввал ба сурату либоси инсон менигаранд, ту аз ангуштнамо шудан наметарсӣ?! -Бори аввал дар тӯли солҳои дарози шиносоӣ Нозбўро ба оғўш кашидаму аз лабонаш бўсидам ва ба номи Худо қасам хўрдам, ки дўсташ медорам…
Исёни хоҳаршў
Падари чизпарастам бо дидани ҳавлию ҳарами Саврӣ-хола ва донистани он ки Нозбў ягона меросхўр аст, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, вале…
Рўзи тўй фаро мерасиду апаам ҳамроҳи ду фарзандаш ба тўй омаданд, онҳо аввал ба деҳа рафта, сипас ба хонаи худашон, ки дар маркази пойтахт воқеъ буд, рафта, рўзи тўйро мунтазир шуданд. Апаам бисёр мехост пеш аз тўй арўсшавандаи маро бубинад, аз ин рў, Саврӣ-хола моро ба меҳмонӣ хонд. Бо дидани Нозбў чеҳраи Шаҳноз ба куллӣ дигар шуду дард кардани сарашро баҳона карда, зуд хайрухуш кард. Дар роҳ апаам борони ҳақоратро ба сари ман рехт:
-Э ин аҷинаи мазорро аз куҷо ёфтӣ, э муре… боз мелангад, бадрӯи чулоқ… Тез тўйро гардон, ба падарат занг зан, аблаҳ, зуд бош! -Ман борони ҳақорати ўро, ки дар бароварду фаровардаш такрор ба такрор «просто ведма» мегуфт, таҳаммул карда гуфтам:
- Апа, ин интихоби ман аст, аз ту ва падарам гап намепурсам.
Шаҳноз ба ғазаб омада:
- Латтаи ҳаром, девонаи худозада,- гўён чанд шаппотиям ҳам заду рўзи дигар билет гирифта, ба Маскав рафт ва дар тўй иштирок накард. Тўйи мо хуб гузашт ва ба фикри худам ману Нозбў ҷуфти муносибе будем, ҳарчанд дар ҳама ҷо ангуштнамои мардум будем…
Гузашти солҳо…
Инак, понздаҳ сол боз ишқи ман ба «бадрў»-ям зиёдтар мешаваду кам не, мо соҳиби ду писару як гулдухтари нозанин ҳастем. Зиндагии шоҳона дорем, ҳарчанд худи Нозбў намехост, вале бо исрори ману очаамон, ки маслиҳатгари мо дар зиндагист, дар Исроил ҷарроҳии пластикӣ гузаронида, пояшро табобат кардему холи бари рўяшро гирифтем. Қувваи босирааш, ки аз заъфи асаб будааст, худ аз худ барқарор шуд. Имрўз бо гузашти понздаҳ сол касе моро ҳамроҳ бинад, бо ҳайрат мегўяд, ки ҳамсаратон худи духтарча барин аст. Имрўз «аҷина»-и ман як ҷавонзани зебои муваффақ аст, ки мушкили ҳазорон нафарро ҳал мекунад. Ман ўро на барои ҳусни зоҳир, балки барои ботини зебояш дўст медоштаму дўст медорам. Ҳоло Нозбў барои падару моиндару апаам, фарзандҳои ў ва хоҳарони ўгаям- беҳтарин хешованд ба ҳисоб меравад. Ман ин қиссаро барои он рўйи коғаз овардам, ки имрўз ҷавонони мо ба зоҳир дода шудаанду ботини зеборо нодида мегиранд. Аммо ман аз таҷрибаи зиндагиям мегўям, ки ботини зебо аз зоҳири зебо ҳазорон бор болотар аст…
ҶОВИД
Таснифи Нисо ХОЛИД