arzon replenishment
Ишқи духтари бадрў (ҚИСМИ 2)
2396

Ҳамдаму ҳамроз

Дар танаффуси аввал духтарон назди Нозбў давида, ўро суолборон карданд, ў аввал каме шарм дошт, вале баъд кушода шуду ба ҳама саволҳои духтарон ҷавоб додан гирифт. «Тергав»-и духтарон чунон ҷуқур ҷараён гирифт, ки ман дар як муддати кўтоҳ фаҳмидам, ки модари Нозбў аз бемории ҷигар фавтидаасту ўро бибии модарияш ба воя расонида истодааст.

- Бибиям олимаи хокшинос аст,- бо ифтихор гуфт дар охир Нозбў, вале Шукрияи шилқин, ки худро маликаи ҳусни литсей меҳисобид, аз ў пурсид:

- Нозбўҷон, ту бояд ҷарроҳии пластикӣ карда, холи бари рўятро бигирӣ, пояи лангатро табобат намоӣ, линза гузошта, аз айнакҳоят халос шавӣ, вагарна на медалҳои олимпиадаат фоида мекунанду на донишат, дипломи сурх ҳам дошта бошӣ, кор намеёбӣ. Ҳозир фақат духтарони хушрўйро ба кор мегиранд.

Ман ғайриихтиёр аз Нозбў пуштибонӣ намуда гуфтам:

- Мо медонем, ки духтарҳои хушрўйро барои чӣ ба кор мегиранд,- Шукрия самти муқобилияташро дигар карда, ба ман часпид:

- Эҳа, аз кулўх ҳам оташ мепаридааст-ку?! Мебахшед, ҷаноби хаппаки таги таппак, мо дигар пишаки арўси чулоқатонро пишт намегўем,- хайрият муаллима даромаду ба оташи ҷанҷол об рехта шуд.

Аз ҳамон рўз ману Нозбў ҳамдаму ҳамрози ҳамдигар гаштем, якҷоя дарс тайёр мекардем ба киною консерт мерафтем, ўро ба хонаам таклиф мекардаму ба хонаашон мерафтам.

Сарчашмаи меҳрубонӣ

Нозбў ҳамроҳи модаркалонаш дар ҳавлии дуошёнаи зебои канори шаҳр зиндагӣ мекарданд. Синни модаркалонаш ба шаст дакка хўрад ҳам, нафари ӯро дидагӣ гумон мекард, ки 40 – 45 сол дорад. Нозбў модаркалонашро оча меномид, аз рўзи нахустини шиносоӣ ин зан бемодар ба воя расиданамро фаҳмида, он қадар бароям меҳрубон шуд, ки…

Саврӣ- хола тиҷорати худро дошт, ў аз хориҷи кишвар мебел меовард ва мағозаи калони молҳои рўзғор дошт. Оҳиста-оҳиста ман бо Нозбў меҳр бастам, дигар на пойи лангаш дар назарам метофту на бари рўйи сиёҳу пашминаш. Ў низ бароям меҳрро арзонӣ медошт, ману ў якҷоя ба донишгоҳ ба риштаи иқтисодӣ дохил шудем. Ҳарду дар гурўҳи буҷавӣ таълим мегирифтем, ҳарчанд падарам ба ман ёрии хуб мерасониданд, вале ҳангоми дар курси дуввум хонданамон дар ширкате ба ҳайси муҳосиб ба кор даромадам. Ба корхона танҳо лаҳзаҳои фориғ аз дарс мерафтаму боқӣ ҳисобу китобамро дар хона мекардам.

 

Як шоми сарди зимистонӣ ҳисоботро ба сарвари ширкат супорида, ба хона бармегаштам, ки лағжида поямро шикастам. Ба таксие нишаста, ба духтур рафтам, поямро гаҷбандӣ карданду гуфтанд, ки ду- се рўз бояд дар беморхона бистарӣ шавам.

Ба падарам занг зада, аз ҳодиса хабар додам, дар ҷавоб гуфт, ки пул мефиристад, аммо бо сабаби серкорӣ наздам омада наметавонад. Хориям омаду ба апаам занг задам, медонистам, ки ў ҳаргиз барои ман шуда, аз Маскав парида намеояд, вале мехостам овозашро шунавам. Апаам баъди даҳ ё понздаҳ бор занг заданам, гўширо бардошта, нимғурма аҳволпурсӣ карду чун шикастани поямро фаҳмид, ба ҷойи дилсўзӣ фарёд зад:

- Ту чӣ хел мардӣ, о мемурӣ пеши поятро нигоҳ кунӣ. Боз занак барин занг зада, ба ман хабар медиҳад, ман аз ин ҷо истода, чӣ кор мекунам?! Ё мотам гирам?!

ҶОВИД

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД