Formula novemver 2024
ИШҚИ ДУХТАРИ АММА
6028

 

Ба мусофиркаше, ки аз самти Ҳисор ба Душанбе равона буд, ворид гашта дидам, ки даруни нақлиёт пур аз духтарону ҷавонписарони донишҷӯй аст. Ҷавонмарди тақрибан 40-солае дар як гӯша танҳо нишаста хаёлолуд ба ҷавонони беғам менигарист.

Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту рафта дар бараш нишастам. «Аҷаб ширин аст давраи тилогини донишҷӯӣ. Суҳбати ширину ҳазлу шӯхиҳои ин бачаҳо гузаштаамро ба хотирам овард»,- гуфт ҷавонмард ва ашки чашмонаш беихтиёр ҷорї гашт. Сабаби дилозурдагиашро пурсон шудам. Қаҳрамони қиссаи навбатиамон Диловар саргузашташро тасвир кард.

Яккаписар

Яккаписари падару модар будам, аз ин хотир ҳамеша кӯшиш мекардам, ки мактабро бо баҳои аъло хатм намуда соҳиби касбу кори хуб шаваму дар даврони пиронсолиашон асои дасти волидонам гардам. Ниҳоят орзуҳоям амалї гаштанд ва бо сари баланд сазовори номи донишҷӯ шудам. Падарам маро ба хонаи аммаам бурда монд, чунки роҳкиро зиёд ва ҳар рӯз аз деҳа ба шаҳр омадани мани донишҷӯ ниҳоят душвор буд. Аммаам бисёр зани меҳрубон буд ва ҳар рӯз то аз донишгоҳ баргаштанам бароям таомҳои болаззат мепухт. Бечора танҳо ду духтар дошту халос, шояд аз ҳамин сабаб маро «писарам» гӯён, эрка мекард. Ҳар рӯз то ба охир расидани дарсҳоям дар донишгоҳ чанд маротиба занг зада аз ҳолам пурсон мешуд, бегоҳирӯзиҳо бошад модарвор сарамро сила мекард.

Ишқи хешдухтар

Духтари калонии аммаам Ҳадиса феълу рафтори ба писарҳо монанд дошт. Мо мисли ду ҷӯра якҷоя дарс тайёр мекардем, ҳазлу шӯхӣ менамудем ва ҳатто гӯштин мегирифтем. Бо якдигар чунон одат карда будем, ки ҳатто намехостам рӯзҳои истироҳат ба деҳа равам. Дӯстии ману Ҳадиса оҳиста-оҳиста ба ишқу муҳаббат табдил ёфт. Муҳаббати поку самимӣ. Рӯзе бо Ҳадиса барои харидани сабзавот ба бозор рафтем. Ҳангоми бозгашт базӯр ҷуръат карда гуфтам:

-Ҳадиса, ман туро дӯст медорам. Аз ту ҷудо будан бароям душвор аст.

Ҳадиса шармида зери лаб ғурунгид:

-Шояд бародарона бошад?

Сар ҷумбонда гуфтам:

-Не, ман мехоҳам бо ту хонадор шавам. Муҳаббати маро қабул мекунӣ ё не?

Дар лабони Ҳадиса табассуми зебое гул кард ва «инро баъд маслиҳат мекунем Диловар, ҳоло бояд зудтар равем, чунки модарам моро интизор аст» гӯён, Ҳадиса осемасар роҳашро идома дод. Аз шодию фараҳ дилам дар қафаси сина пар-пар мезад.

Рози ниҳон

Касе аз ишқи пинҳонии мо огаҳ набуд, на амаам ва на падару модарам. Рӯзҳои истироҳат, вақти ба деҳа рафтанам дар чашмони Ҳадиса ашк ҳалқа мезад ва ин марворидҳои бебаҳоро дида, ман ба муҳаббати духтари аммаам эътимоди қавӣ ҳосил менамудам. Шаддаҳои ашки чашмони Ҳадиса беҳтарин далели ишқ ва барои ман аз тамоми ганҷу гавҳари олам аҷибтар буданд.

Ҳамин тавр, 5 соли донишҷӯиям бо хурсандӣ ба поён расида соҳиби дипломи сурх шудам.

Насиҳат

Рӯзе, ки бояд ба деҳа бармегаштам, аммаам маро дар наздаш шинонду гуфт:

-Медонам, ки Ҳадисаи маро дӯст медорӣ Диловарҷон, вале аз гуфтан шарм медорӣ. Дишаб дар хонаатон оиди хонадоркунии ту маслиҳат карданд. Хостам ба волидонат гӯям, ки ба Ҳадиса дил бастаӣ, забонам пеш нарафт. Шарм доштам. Бо Ҳадиса хонадор шудан хоҳӣ, худат рафта бо падару модарат маслиҳат кун, бачаҷон!

Рухсораҳоям аз шарм суп-сурх шуданду «хуб шудааст аммаҷон» гӯён, роҳи деҳаро пеш гирифтам.

Исёни модар

Шаб, пас аз хӯрдани хӯроки шом падарам пешдастӣ намуда суханро оғоз кард:

-Диловарҷон, писарам мо бояд туро хонадор кунем. Мактабро хатм кардӣ, акнун бояд аз паси зиндагӣ шавӣ, бачам. Ягон духтари дӯстдошта надошта бошӣ, пагоҳ рафта келини таги чашм кардаи модаратро бубин, то ки аз паси тӯй шавем. Падарҷон, ман духтари аммаам Ҳадисаро дӯст медорам. Мехоҳам бо вай хонадор шавам,-гуфтам дар ҷавоб.

Бо шунидани ин гап модарам чунон ба ғазаб омад, ки рухсораҳояш оташ гирифтанд ва сари по хеста бо тамоми овоз дод зад:

-Номаъқул кардӣ! Магар намешунавӣ, духтурон ҳар рӯз дар телевизиону радио бо хеш издивоҷ кардан мумкин нест мегӯянд! Ман аз хеш келин намекунам. Аз шумо фарзанди солим ба дунё намеояд!

Дунё дар назарам тираю торик гашт, вале дар ҷавоби модари якравам чи гуфтанамро надонистам. Сар ба сукут хеле нишастам, ҳушу хаёлам ба Ҳадиса банд буд. «Акнун ба ӯ чӣ ҷавоб медиҳам?» меандешидам худ ба худ.

Субҳи барвақт мошини сабукрави падарамро гирифта ҳамроҳи модарам ба дидани арӯси таги чашм кардааш рафтем. Ман дар мошин нишастаму модарам ба ҳавлии онҳо даромад. Дере нагузашта онҳо модарамро гуселкунӣ баромаданд. Духтар ҳамроҳи модараш аз паси модарам барои гусел баромада буд, то ман ӯро дида маъқул кунам. Ростї, арӯси ёфтаи модарам ягон айб надошт. «Маъқул шуд, писарам?» пурсид модарам баробари ба мошин нишастан. «Модарҷон, барои ман зебогиаш муҳим нест, ҳурмату эҳтироми шумову падарамро ба ҷо биёрад, басанда аст» гуфта, оҳи сард кашидам.

Алвидоъ, эй ёри ширин!

Бегоҳ ба шаҳр барои овардани либосҳоям рафтам ва воқеаро ба аммаам нақл карда, узр хостам.

-Писарам, модари ту аз давраи арӯсиаш бо ман муносибатҳои хуб надошт, барои ҳамин хешу табориро баҳона кардааст, -аммаам инро гуфта оҳи сард кашид ва ҷомадони либосҳоямро наздам гузошт.

Барои хайрухуш ба назди Ҳадиса даромадам ва пеши пояш афтида тавалло намудам:

-Эй милоди орзуҳоям, барои туро дар нимароҳ гузоштанам маро бубахш! Муҳаббати мо то ҳамин ҷо будааст. Ҳадиса зор-зор мегирист, вале чизе намегуфт. Садоям дар гулӯям печид ва худро дошта натавониста аз хона баромадам, то оби дидагонамро аммаам набинад.

Ростӣ, ҳамон рӯз то даромади деҳаамон дарун-дарун гиристам.

Қонуни зиндагонӣ

Пас аз як моҳ тӯи бодабдабае барпо намуда арӯсро ба хона овардем. Ман хуб мефаҳмидам, ки акнун бояд ишқамро дар дил гур карда, оҳиста-оҳиста Ҳадисаро аз гӯшаи хотирам фаромӯш созам. Арӯсам Зебо духтари хушқаду қомат ва ҳалиму меҳрубон буд ва аз таҳти дил хизмати волидонамро мекард. Хушбахтона, пас аз тўйи мо Ҳадиса ба як ҷавони зебои шаҳрӣ ба шавҳар баромад.

Орзуҳои хокхӯрда

Ҳомиладории Зебо маро ба зиндагӣ дилгарм намуд. Шабу рӯз ҳарду модару падар шуданро орзу карда барои тифлакамон номи мувофиқ меҷустем. Бесаброна он рӯзро мунтазир будем, ки нахли умрамонро бо меҳр ба оғӯш бигирем, вале ҳама орзуҳоям барбод рафтанд. Дар ҳаштмоҳагии ҳомиладориаш Зебо кӯдаки мурда таваллуд кард. Ҳамсарам шабу рӯзро бо гиря мегузаронду ман ҳамчун мард худро ба даст гирифта ӯро тасаллӣ медодам, ки худашро ин қадар афгор накунад, фарзанд дар он дунё ҳам дастгири охирати волидон мешавад. Умед доштам, ки занам ҷавон асту боз таваллуд мекунад, вале Зебо 3 маротибаи дигар кӯдакони мурда зоид. Ӯро ба назди тамоми табибони машҳур бурдам, аммо касе ба дардаш даво наёфт. Зану шавҳар ба мазорҳо рафта сар мезадему тавба мекардем, вале оҳамон ба гӯши Парвардигор намерасид. Худованд барои кадом гуноҳам маро аз ин неъматаш бенасиб гардондааст, намедонам. Косаи сабрам лабрез гаштааст, аз ҳамин хотир саргузаштамро ба шумо нақд кардам, то дар газета чоп кунед. Мехоҳам бо воситаи «Оила» ба модарам бигӯям: «Оча, гунаҳкори асосии бадбахтии ман шумоед! Бо Ҳадиса хонадор мешудам, шояд ҳоло соҳиби 3-4 фарзанди дӯстрӯяк мегаштам. Ҳадиса соҳиби чаҳор фарзанди нозанин гаштаасту ман бошам 12 сол боз падар шуданро орзу карда мегардам. Гуфта будед, ки хешдухтарро ба занӣ бигирӣ, кӯдаки солим намешавад, чаро бачаҳоямон дар батни модар мемиранд? Ба инаш чӣ мегӯед, модарҷон?! Хубии умрам гузашту сарам дар ғами фарзанд сафед шуд. «Ба ӯ як имкони дигар деҳ» гӯён, намегузоред, ки аз занам ҷудо шавам. Шумо чӣ мақсад доред, намедонам. Магар намебинед, ки зиндагии бе ҳосили мо ҳеҷ маънӣ надорад?! Эҳ модарҷон, ҳаёти писари ягонаатонро сӯхтед. Дар ҳасрати фарзанд бимирам, дар он дунё ҳам аз шумо домангир мешавам, модар!

Диловар

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД