Меҳмонӣ
Бегоҳи рӯзи душанбе духтарамакҳо бо ҳам вохӯрданду Зарнигор дар бораи ишқаш ба дугонааш ҳикояҳо карда, дар охир гуфт, ки ин ҳуҷра туҳфаи кавалераш аст. «Ман метавонам туро низ бо яке аз дӯстони пулдораш шинос кунам»,- ниҳоят сари мақсад омада, гуфт Зарнигор.
Гулнигор сахт ранҷида бошад ҳам, дар дил андешид, ки ба ҳар сурат як бор бо он мард вохӯрдан ягон бадӣ надорад. Вай духтари таҳсилдидаи аз баду неки ҷаҳон огоҳ буд ва боварӣ дошт, ки ягон мард наметавонад ӯро ба доми фиребаш афканад.
Хандаи бахт
Зарнигор боварӣ дошт, ки ҷӯраи шавҳараш мисли худаш ягон мӯйсафеди духтарбоз аст, вале ба бахти Гулнигор дӯсти раиси пир як ҷавонмарди бисёр зебои хушлибосу хушгуфтори 40-сола будааст. Гулнигори покдомону хушрафтор аз Зарнигори дар оғӯши мӯйсафед пажмурдагашта қариб даҳ сол ҷавонтар менамуд. Таровати ҳусну ҷамоли ӯ мардро волаю шайдо намуд. Гулнигор дар вохӯрии аввалин фаҳмонд, ки вай духтари кӯчагӣ нест ва ҳеҷ гоҳ маъшуқаи касе нахоҳад шуд. «Шумо ҷиддӣ оиладор шудан хоҳед, ба хонаамон рафта бо волидони ман маслиҳат кунед, агар не, пас дигар бо ҳам мулоқот кардани ману шумо маънӣ надорад»,- инро гуфта, духтар аз сари мизи тарабхона бархост. Ҷиддияти ин духтари бофарҳанг ба мард сахт писанд омад. Вай кайҳо боз чунин арӯси покдомони бо нангу номус меҷуст. Ӯ ба раиси пир барои пайдо кардани чунин дурдонаи бебаҳо изҳори сипос намуда, хоҳиш кард, ки рӯзи ҷумъа ҳамроҳаш ба хостгорӣ равад.
Хостгорӣ
«Ин духтарак рост мегӯяд, ҳар чӣ ҳам набошад, мусалмонем, моро зинокорӣ нашояд, бояд ақди никоҳ баста, поку ҳалол зиндагӣ кунем»,- бо лабханди қаноатмандона суханони Гулнигорро такрор кард марди 40-сола ва барои аҳли хонадоне, ки чунин духтари оқиларо ба воя расонидаанд, беҳтарин молу ширинтарин қанду қандалотро харидорӣ менамуд, то нагӯянд, ки домод хасис будааст. Волидони Гулнигор ҳанӯз муҷаррад будани мардро шунида, розигӣ доданд. «Ман намедонам, ки расму оини арӯсии шумо чӣ гуна аст ва домод бояд чиҳо биёрад. 5 ҳазор доллар медиҳам, барои ҳамдеҳагонатон ош диҳед. Сарулибос ва зару зевари арӯсро худам аз хориҷа фармоиш дода мегирам. Тӯйро дар шаҳр, дар ягон тарабхонаи зебо мегузаронем”,- гуфт домод ва чанд пачка пули хориҷиро дар рӯйи дастурхон гузошта, омин кард. Бо дидани ин манзара чашмони Зарнигор қариб аз косахонаи сараш баромаданд.
Оташи рашк
Дар тӯйи Гулнигор хешу табор, дугонаҳо ва ҳамкурсону ҳамкоронаш иштирок карданд. Зарнигор бо раиси пир ва ҷамъи ҳамкоронашон аз тарафи домод нишаста буданд. Ба Гулнигори саропо гулпӯш нигариста, ҳаваси Зарнигор меомад. Пайти муносиб ёфта, вай дар бехи гӯши раиси пир пичиррос зад: «Акнун навбати мо, биёед ана ҳамин хел тӯйи калон ороста, издивоҷ мекунем…».
Ошиқи пиракӣ бо шунидани суханони Зарнигор чунон баланд қоҳ-қоҳ зада хандид, ки толор аз хандааш ба ларза даромад. Зарнигор ҳайрон шуда, сабаби хандаашро пурсид. «Ба пойи асп наъл задаанд, қурбоққа ҳам пояшро дароз кардааст. О ту куҷову Гулнигор куҷо?! Ин духтар хондагӣ бошад ҳам, иффату номусашро ҳифз кардааст. Духтари баномусро кӣ ба занӣ намегирад? Ту, агар як зарра ақл медоштӣ, ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худат ба оғӯши ман намедаромадӣ. Хоҳӣ, то он замоне, ки ҷавонию ҳусну тароват дорӣ, маъшуқаи ман мемонӣ, нахоҳӣ ихтиёрат, хонаро барои маъшуқаи ояндаам холӣ кун»,- бо заҳрханда ба Зарнигор нигариста, гуфт раис.
Зарнигор аз маъшуқа шуданаш сахт пушаймон шуд, вале дигар роҳи бозгашт надошт…
БАХТОВАР