sebiston july new
Ишқи давраи карантин (ҚИСМИ 2)
4059

Дарҳол либосҳои тозаю озодаи худро пӯшида, ба ҷои вохӯриамон шитофтам. Азбаски Савсанро муддати 3 моҳ надида будам, аз диданаш бениҳоят хурсанд шудам, аммо Савсан аз дидори ман хурсанд нагардид. Тоқат накарда, сабаби хира будани табъашро пурсон шудам. Ӯ худро дошта натавониста, ба гиря даромад ва ба рӯям нигариста гуфт:

- Ман шуморо бисёр дӯст медорам, хеле мехоҳам сахт оғӯшатон намоям, аммо маро бо дигар ҷавон хонадор карда истодаанд.

Савсан ин гапро гуфту гирякунон аз назди ман рафт. Ман аз ғояти ҳаяҷону изтироб ҳамон лаҳза ба замин афтодаму сахт гириста, дод задам. Охир, падару модари дӯстдоштаам ба ҳамдигар ошиқ будани моро медонистанду боз чунин корро нисбати мо карданд. Ҳарчанд фарёд мезадам, аммо садои маро касе намешунид. Дар он лаҳзаҳо эҳсос намудам, ки дили шикаста на табиб дораду на даво. Ҳамон ҷо мақсад гузошта будам, ки ба факултети журналистика дохил шуда, саргузашти талхи худро рӯйи коғаз меорам.

Имрӯз ба мақсади худ расидам ва қиссаи ишқи нокоми худро пешкаши хонандагони ҳафтаномаи “Оила” намудам. Аз Худованд ягона таманноям ҳамин аст, ки ҳеҷ ошиқро аз якдигар ҷудо насозад.

Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД