Ҳамон шаби наҳс падарандарам бегоҳӣ бо чеҳраи кушод ба ҳавлӣ даромада, аз завҷааш бо овози баланд хоҳиш кард: Насибаҷон, ҳамсари меҳрубони ман! Пагоҳ ба муҳлати даҳ рўз ба сафари хизматӣ ба вилояти Суғд меравам. Анҷомҳои маро омода бикун.
- Ҳозир, мардакҷон,- гуфта, Насиба зуд сарулибос ва сачоқу асбобҳои ришгириашро ба ҷомадон андохта монд. Ба ин муносибат базми оилавӣ оростем. Ҳамин, ки соҳиби манзил аз нўшидани шароб каме сархуш шуд, ҳамсараш бо табар ба пушти сари Шараф бо тамоми қувва кўфт. Падарандар болои фарш афтид. Насиба корди омода кардаашро ба дасти ман часпонд ва амр кард, ки сарашро аз тан ҷудо кунам…
Дар ин ҷойи қисса Бегиҷон даст ба рўй кашид. Тамоми баданаш ба ларза даромад. Дар ҳуҷраи корӣ танҳо овози фиқ - фиқи гиряи гумонбар шунида мешуду халос. Муфаттиш ба ин манзараи ҳузнангез хомўшона менигарист.
- Шаб аллакай аз нисф гузашта буд,- гумонбар ба давоми ҳикоя гузашт,- мо дар ҳаммом ба кандани гўр сар кардем. Шитоб доштем, ки то дамидани субҳ қабрро канда, ҷасадро пинҳон кунем. Хурўсфарёд ҷасадро ба ҷувол андохта, дукаса ба ҳаммом оварда, гўрондем. Ва болои қабрро ба тахтасангҳо пўшондем. Як рўз пас корманди ҳарбие аз ҷойи кори Шараф омада, дар куҷо будани ҳамкорашро пурсид.
- Дина пагоҳӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар кард,- Насиба худро ҳайрон нишон дода, ба саволи меҳмон ҷавоб гардонд.
- Аз комиссариати ҳарбии вилоят занг заданд, ки аз Шараф дараке нест,- ҷавонмарди ҳамкор ба сўйи дари баромад гом бардошта илова кард.- Аз эҳтимол дур нест, ки дар роҳ банд шуда бошад.
- Мумкин,- аз ваҷоҳати Насиба маълум буд, ки ў мехоҳад меҳмони нохонда ҳарчи зудтар ҳавлиро тарк кунад.
Се рўз пас, ғайб задани Шараф расонаӣ шуд ва ҳар рўз ба хона падару модар ва хешу табор меомадагӣ шуданд. Ҳолати руҳии маро ба қалам дода намешуд. Ҳаракат мекардам, ки худро ба кунҷи торике занам.
Бегиҷон, ин ҷавонписари паҳлавонҷусса чун кўдак боз ба гиря даромад. Гиряаш софу бешармона буд. Ў эҳсосоти пушаймонии худро аз муфаттиш пинҳон кардан намехост.
Насиба… баръакс, Насиба нақши худро олиҷаноб бозӣ мекард. Ҳамин ки падару модари Шараф пой бар остонаи ҳавлӣ мегузоштанд, овози навҳаи дилхарошаш ба ҳаво мепечид. Гўё аз марги шавҳари маҳбубаш кайҳо бохабар бошад, ки либосҳои азодорӣ пўшида, худро дар ҳақиқат зани мотамзада нишон медод. Ин каждуми таги бурё пайти муносиб ёфта, маро дилбардорӣ мекард:
- Худатро мард гир! Эҳтиёт шав, ки бо ягон амалат сирру асрори кушторамонро ошкор накунӣ?! Ҳамин ки даву тоз, ҳангомаи кофтуков ба охир расид, ишқварзии хушбахтонаамонро то охири умр давом медиҳем…
Ба ҷойи Бегиҷон ба курсӣ Насиба нишаст. Ў Насибаи пештара набуд. Дар назди муфаттиш як кампири бо рангу рўйи зард ва қомати хамидаю бо мўйҳои сафед менишаст. Аз ҳусну ҷамол ва садои зангӯламонандаш нишонае намонда буд.
- Нишондоди гумонбарро тасдиқ мекунед?,- савол дод муфаттиш.
- Ҳа…,- садо дар гулў ба қул - қули аз обдаста рехтани об шабоҳат дошт. Пас аз бо зўрии ирода хомўш кардани ларзиши бадан илова кард.- Сўиқасдро барои ишқи булҳавасам бо тамоми ҷузъиёташ тарҳрезӣ намуда будам, лекин…
Гумонбар сукутро ихтиёр кард. Муфаттиш қадре интизор шуд ва дар охир тоқат накарда пурсид:
- Чӣ лекин?
- Субҳи барвақт дар назди тиреза нишастани кампирро ба назар нагирифта будаам,- айбдоршаванда нигоҳи чашмони маҳзунашро ба тарафи тиреза равона кард.- Акнун, субҳи ҳар рўзи умрамро дар кунҷи торики ҳуҷраи маҳбасхона мегузаронам.
- Ҳамин тавр барин,- муфаттиш протоколи пурсишро барои имзо гузошта, ба тарафи айбдоршаванда дароз карда, илова намуд.- Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.
Зариф ҒУЛОМ