Arzon march 2024
Ишқи булҳавас (ҚИСМИ 1)
1483

Момои Салимаро дарди буғуму пойҳо азоб медод. Бо ҳамин сабаб аз ошёнаи дуюми бинои сар ба фалак кашида ба рўйи ҳавлӣ набаромада, рўзи дароз дар назди тиреза, ба қавле, боқимондаи умрашро паси сар мекард.

Дар рў ба рўйи бинои баландошёна ҳавлии корманди комиссариати ҳарбӣ ҷойгир буд ва рафтуои аҳли хонадони тифоқи майор Самиев гўё дар рўйи кафи дасти кампир мегузашт.

Ҳар бегоҳӣ Самиеви қоматбаланди зебочеҳраро ҳамсари мавзунқомати хандонрўй бо табассуми малеҳ ва лаҳни ширин пешвоз мегирифт. Ин қоидаи истиқболи шавҳари меҳрубон ба ҳукми анъана даромада буд. Ин бегоҳӣ Шараф Насибаи нозанинашро бо чеҳраи шукуфон ба оғўш гирифта, аз бари рухсораи анормонандаш бўса ситонд ва онҳо дасто ба даст ба хона даромаданд.

Кампири Салима аз дил гузаронд: “Чӣ оилаи хушбахте". Кампир давраи ҷавонии худу ҳамсари азизашро ба хотир оварда, оҳи вазнине аз дили дардмандаш баровард.

Субҳи барвақт, чун одати дерина кампир аллакай дар назди тиреза нишаст ва чашм ба рўйи ҳавлӣ давонд. Насиба бо писархондаш Бегиҷон халтаи пурборро ба сўйи ҳаммом кашола карда мебурданд.

- Зиндагӣ - да,- аз дил гузаронд кампир.- Эҳтимол, халтаи картошка, ё сабзиро ба тағора андохта мешўстагиянд.

Аз байн як ҳафта гузашт. Ва ҳар рўз момои Салима медид, ки ҳавлии майор пур аз одамон аст ва онҳо ошуфтаҳол буда, байни худ бо овози паст гуфтугў доранд. Рўзи дуюм кампири Салима тоқат накарда, аз наберааш хоҳиш кард, ки барои ба рўйи ҳавлӣ баромадан ба ў кумак кунад. Кампир оҳистаю бе овоз ба мўйсафеди Самӣ наздик шуда, пурсид:

- Чӣ ҳодиса рўй дод?

- Писарам як ҳафта боз ғайб задааст,- ашки чашмонашро бо кафи шахшули дасташ пок карда, бобои Самӣ илова намуд.– На дар хона, на дар ҷойи кор намедонанд, ки писарам куҷост. Ба идораи сафар кардааш занг задем. Ҷавоб доданд, ки Шараф ба ин ҷо ҳозир нашудааст. Намедонем, ки боз куҷоро кобем.

- Ҳеҷ ҷойро накобед,- момои Салима мушоҳидаи худро ба ёд овард.- Ў ба ҳеҷ куҷо нарафтааст. Ҳаммомро кобед…

- Аз чӣ сар мекунем?,- муфаттиш ба ҷавони ҳаждаҳсолаи қоматбаланди тануманд бо чунин савол муроҷиат кард.

- Аз он сар мекунем, ки...,- баъди хомўшии тўлонӣ ва нафаскашии бошиддат, бо овози гирифта, гумонбар ба додани баёнот оғоз намуд,- мани писарбачаи панҷсоларо зану шавҳар - Шараф ва Насиба Самиевҳо аз хонаи кўдакон ба фарзандӣ қабуд намуданд. Ман дар ин хонадони аҳлу тифоқ ба як писари эркаи бо нозу нуз парвардае ба воя мерасидам. То шонздаҳсолгиям дар ҳаёти ман ҳеҷ ҳодисаи хотирмоне рух надод. Як шаб замоне, ки падарандарам дар сафари хизматӣ буд, Насиба ба ҷойхобам даромада гуфт, ки шавҳараш безурёт асту тайи ин солҳо муштоқи меҳрубониву оғўши гарми марди ҳақиқӣ мебошад. Ва аз ҳамон рўз муносибати маҳрамонаи мо сар шуд. Тайи як соли охир Насиба талаб мекард, ки бо ҳар роҳу восита бояд Шарафро аз сари роҳ дур кунем. Некиҳои ин марди софдилу поквиҷдонро пеши назар оварда, бо ҳар баҳона нақшаи бадкирдоронаи ўро ба қафо мепартофтам. Кор ба ҷое расид, ки ба туҳмат гузашт. Таҳдид кард, ки барои таҷовуз карданам ба мақомот муроҷиат менамояд. Ҳатто маро ба беҷуръатӣ таъна зада, тарсую номард мегуфт. Тайи рўзҳои охир талабҳояш боисрор ва қатъӣ шуданд.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД