arzon replenishment
ИШҚИ БОЙБОБО (ҚИСМИ2)
03.02.2021
Р. Холов
6628

 

 

Давомаш. 

Кайфияти Бойбобо баланд шуда аз соҳибхона хоҳиш кард:

-Уқобаки ман ҳамон духтари зебои шуморо сахт тарсонд. Бечора, чӣ ҳол дошта бошад. Як лаҳза пеши ман даъват кунед, то узри гуноҳ бипурсам. Шавҳари Саодат бо эҳтиром дастонашро пеши бар гирифта барои ҷеғ задани арӯсаш баромад ва ба модараш фармуд, то ба Саодат расонад, ки зудтар худашро оро диҳаду либосҳои зеботаринашро пӯшида, назди меҳмони олиқадр дарояд.

Тӯҳфаи гаронбаҳо

Амри шавҳар барои Саодат қонун буд, аз ин рӯ дарҳол либосҳои ҳариру зебояшро пӯшид ва ба рӯяш упою ба лабонаш сурхӣ молида ҷониби меҳмонхона равон шуд. Ҳуснаш даҳчанд афзуда буду баробари аз дар даромаданаш Бойбобо «воҳ» гуфта монд. Телехҳои меҳмони олиқадр маънидорона ба ҳамдигар нигаристанд ва Саодат аз хиҷолат лола барин сурх шуда сарашро хам кард. Шарми духтарона ӯро мисли гули шабнамзада зеботару дилкаштар гардонда буд. Бойбобо чашмони хумориашро ба Саодат дӯхта гуфт:

-Келинҷон, маро мебахшед, ки бо уқоб ба хонаатон омадаму ин ҷонвари безабон шуморо тарсонд. Сахт хиҷолат кашидам. Илтимос, сад илтимос, мани беандешаро бубахшед!

Келинчак ду даст пеши бар барои эҳтироми меҳмони олиқадр андаке қоматашро хам кард. Чашми Бойбобо ба пешобағали бардамидаи Саодат, ки аз чоки гиребонаш андаке намоён гашта буд, афтиду ақлу ҳушашро пистонҳои сап-сафеди келинчак чунон рабуд, ки қариб оби даҳонаш шорида буд. Вай даст ба киссааш бурда хоҳиш кард:

-Келинҷон, канӣ наздиктар биёед, то ман гуноҳамро бо як тӯҳфаи ночиз андаке ҳам бошад, ҷуброн созам.

Саодат бо ишорати хусуру шавҳараш, ки ҳар дам абрӯ мепарронданд, ночор ба меҳмон наздик шуд. Бойбобо аз қуттича занҷирбанди калони тиллогиеро, ки дар мобайнаш нигини бриллиантӣ дошт, бароварда худаш ба гардани Саодат овехт ва аз пешонаю аз бари рухсораш бӯсид. Фаш-фашкунон нафаскашии Бойбобо ва бӯи бади даҳонаш ба машоми Саодат расида дилашро беҷо мекард ва мехост ҳарчи зудтар аз хона барояд, вале меҳмони олиқадр ба ҷону ҳолаш намонда ӯро дар паҳлӯяш шинонд ва фармуд, ки шароби фаронсавӣ биёранд. Хусуру шавҳараш дар як дам ду шиша коняк ва қадаҳҳои тоза оварданд. Бойбобо худаш ба ду қадаҳ шароб рехта, яктоашро ба Саодат дароз кард. Саодат, ки дар умраш шароб нанӯшида буд, рад кард, вале шавҳараш исрор намуд, ки сухани Бойбоборо нашиканад. Арӯсак ночор қадаҳро ба даст гирифт. Бойбобо дурудароз таомҳои пухтаи Саодатро таърифу тавсиф намуда, сипас пешниҳод кард, ки барои келини панҷ панҷаааш ҳунар бинӯшанд. Саодат қадаҳро танҳо ба лабаш бурда хост дубора ба замин гузорад, вале нигоҳи озурдахотиронаи меҳмон ва имою ишораткунии шавҳараш маҷбураш намуд, ки шаробро бинӯшад. Дилу ҷигарашро май чунон ба сӯзиш даровард, ки аз чашмони зебои Саодат ашк ҷорӣ шуд ва арӯсак даҳонашро дошта ба берун тохт. Бойбобо ва ҷондорҳояш ба ҳоли вай хандиданд, хусуру шавҳараш низ беғамона табассум намуданд.

-Комилҷон, аҷаб келини зебо кардаед! Таърифи ҳусну ҷамоли тоҷикдухтарҳоро шунида будам, вале намунаи олиашро имрӯз дар симои келини шумо дидам. Дар ҳақиқат духтарони ӯзбеки мо дар ҳусну ҷамол ба духтарҳои тоҷик баробар шуда наметавонанд,-таъриф кард Бойбобо. Ин ситоиши меҳмони олиқадр ба шавҳар ва хусури Саодат маъқул шуд, чунки онҳо нимкосаи зери коса ниҳонро ҳанӯз намедонистанд.

Ман масту ту девона….

Сари Саодат чарх мезаду дилаш беҳузур мешуд, вале дар чунин ҳол низ дилаш худ аз худ моломоли шодӣ гашта, мехост бирақсад. Арӯсаки аз таъсири май мастшуда худ ба худ механдид. Барои он, ки ягон рафтори ноҷо карда, дар назди меҳмони олиқадр ҳам худу ҳам оилаи шавҳарашро шарманда насозад, бо азоб пайкарашро кашолакунон худро ба хонаи хоб расонд ва мисли хӯса болои диван афтод.

Лутфи Бойбобо

Бойбобои «серкор» то як поси шаб дар ин хонадон меҳмон шуда, ҳар дам беқаророна ба дар менигарист, то ақаллан як бораки дигар ҷамоли нозанини Саодатро бубинад, бехабар аз он, ки арӯсаки фариштарӯй кайҳо масти хоб аст. Ниҳоят аз дидори нозанин умедашро канда меҳмони олиқадр даст ба омин бардошту ҳамроҳонаш бархостанд. Хусури Саодат ва ҳамсару фарзандонаш дастҳо пеши бар Бойбоборо бо иззату икром гусел намуданд. Вақти хайрухӯш Бойбобо ба соҳибхона гуфт, ки метавонад пагоҳ ба кабинеташ биёяд. Ин сухани меҳмони олиқадр фоли нек буд ва хусури Саодат аз хурсандӣ дар куртааш нағунҷида ваъда дод, ки ҳатман меравад. Бойбобо ҳар касро ба кабинеташ даъват намекард, модоме, ки дароед гуфт, пас, ягон вазифаи хубро пешкаш карданист.

Ғуломони пулу мол

Бойбоборо гусел карда хусури Саодат бо чашмони аз шодӣ барқпош ба хона даромад ва фитаи Юлдузро монда тугмачаи магнитафонро зер карду дар ҳавои суруди дилошӯб ба рақсидан даромад. Аҳли хонадон бори аввал падарро чунин хурсанд медиданд. Комилбой барори корашро аз пою қадами неки Саодат дониста, куҷо будани келинро пурсон шуд, то миннатдорӣ баён намояд. Занаш гуфт, ки келин ба хонаи хобаш даромад ва шояд аллакай хоби ҳафтумашро дида истода бошад. :

-Эҳ занакҷон, Бойбобо дастархони моро таъриф карданд. Зиёфатамон ба он кас маъқул шуд, акнун ба фикрам ҳамчун арзи сипос ба ман ягон кори сердаромадро пешниҳод карданиянд. Пагоҳ наздашон равам гуфтанд. Имрӯз ба келинамон гарданбанди бриллиантдор тӯҳфа карданд. Медонӣ нархи гарданбанд чанд аст? Эҳ, ту ҳатто тасаввур карда наметавонӣ,- оби даҳонашро ба чор тараф пош дода, таъриф мекард Комилбой. Хушдомани Саодат як умр дар зару зевар ғутта зада, зиндагӣ карда бошад ҳам, ҳеҷ чашмаш сер намешуд ва баробари шунидани хабари ба келинаш гарданбанди бриллиантӣ ҳадя кардани Бойбобо ҷониби хонаи хоби писараш давид, то тӯҳфаи олиҷанобро бо чашми худаш бубинад. Саодат дар болои диван фаххосзанон мехобид ва дар шӯои чароғак (светильник)-и рӯйи курсича гузошташуда гарданбанди бриллиантии гарданаш ялаққос мезад.

-Эҳ, ин келин чунон бепарвост, ки… наход одам бо ҳамин хел зевари гаронбаҳо хоб равад-а?! О мабодо шикаста монад ё худо накарда, нигина афтад, хонасалот мешавем,-худ ба худ ғур-ғур кард хушдоман ва хам шуда, оҳиста гарданбандро аз гардани Саодат кушод.

Кампири ҳарис назди оина рафта занҷираро ба гардани худаш овехт ва аз шодӣ чашмонаш барқ зада, нидо кард:

-Ин қадар хушрӯй-а! Ман чунинашро дар умрам бори аввал мебинам!

Ин дам шавҳари Саодат ба хона даромад ва гарданбанди бриллиантии ба ҳамсараш тӯҳфакардаи Бойбоборо дар гардани модараш дида, қошу қавоқ андохту норозиёна пичиррос зад:

-Оча, чизи тӯҳфашударо гирифтан хуб нест!

-Маҳ-маҳ бигир, ман барои зевари зани ту намурдаам. Аз мӯйи сарам бештар тилловорӣ дорам,-ғурунгид модар ва бо дили нохоҳам занҷираро кушода болои оина ниҳоду сархам аз хонаи писару келинаш баромад. Фурқат сурудеро зери лаб замзама намуда дар паҳлӯи ҳамсари нозанинаш дароз кашид. Дилаш моломоли шодӣ буд, зеро каси дигар не, худи Бойбобо ҳусну ҷамол ва ҳунармандии зани ӯро таъриф кард!

Мӯйсафеди занбоз

Бойбобо ба хонаи қасрмонандаш расид ва мамнуну шод худро рӯйи бистар партофт. Даҳ сол инҷониб вай аз занаш ҷудо мехобид. Ба номаш зану шавҳар буданду халос, вай ҳаёти худро дошт ва шабҳоро аксаран дар оғӯши духтарони сабукпо, ки телехҳояш бар ивази пули калон аз ҳар бардел барояш меоварданд, саҳар мекард, вале имрӯз Саодатро дида, ҳама зебосанамҳои пештара дар назараш аҷуза намуданд. Чеҳраи мисли фаришта зебои Саодатро ба ёд оварда, дили Бойбобо гум мезад ва майна об карда, роҳи ба чанг овардани ин паривашро меҷуст. Ишқи пирӣ ба ин тоҷикдухтари соҳибҷамол хобро аз чашмонаш рабуда буд ва тез-тез аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт. Занаш чароғи фурӯзони хонаи хоби ӯро дида, чанд бор бо умед аз дар даромад ва пурсид, ки чаро то ҳол бедор аст, вале Бойбобои аз накҳати оғӯши ғизолҳои ҷавон сер ба кампиракаш ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда, ишора намуд, ки дарро аз берун пӯшад. Қарибиҳои субҳ хобаш бурд ва хоб дид, ки Саодат дастафшон ҷонибаш меояд, вале ҳарчанд давид, ин сайди зеборо ба чанг оварда натавонист.    Бойбобо дар обу арақ ғутта зада, бедор шуд ва бо димоғи сӯхта либосҳояшро пӯшида ба мошин нишаст. Вай раиси райпо буд ва бояд барвақт ба анбор ҳозир шуда, молу маводи камёфтро тақсим мекард.

Ишқи пирӣ гар бихезад…

Котибаи таннозаш дарҳол барои Бойбобо чойи кабуд дам кард ва вай пайкари кӯҳмонандашро рӯйи роҳаткурсӣ партофта, ба дарёи андешаҳои бесарунӯг фурӯ рафт. Котибаи мавзунқомат аз он, ки имрӯз шефаш ба вай заррае ҳам аҳамият надод, озурда гашта, бо лабу лунҷи овезон аз дар баромад. Бойбобо ҳанӯз саргарми хаёли ширини тоҷикдухтар буд ва роҳи ба чанг овардани Саодатро меҷуст. Нақша пайи нақша мекашид, вале ягон планаш ба назараш комил наменамуд ва ин нокомӣ Бойбоборо бештар асабию ғазаболуд мекард. Ишқи пирӣ ин марди баркамолро ончунон саргарм сохта буд, ки дигар дасташ ба ягон кор пеш намерафт.

Найранги Салими қиморбоз

Қарибиҳои пешин котибааш бо ноз хабар дод, ки Салим омадааст. Номи Салим-қиморбозро шунида ба тани Бойбобо гӯё ҷони тоза дамид ва фармуд, ки тезтар меҳмонро даъват кунад. Салим яке аз қиморбозони машҳури шаҳр буд ва аз ҳисоби бозию дилхушии бойбачаҳо сарвати зиёде ба даст оварда, яке аз одамони соҳибэҳтиром ба шумор мерафт. Бойбобо омадани Салими -қиморбозро фоли нек дониста, қарор дод, ки қиссаи келини соҳибҷамоли Комилбойро нақл карда, маслиҳат мепурсад. Сӯҳбати ҳарду қаймоқ баст. Бойбобо ба Салим дар бораи имшаб дар хонаи Комил буданаш батафсил нақл карда, гӯё дар омади гап ҳусну ҷамоли зани Фурқатро таъриф кард. Салими қиморбоз дарҳол фаҳмид, ки келинчак ба Бойбобо маъқул шудааст ва ин халтаи пул тайёр аст, ки барои ба даст даровардани дили духтар тамоми дороияшро бубахшад. Маслиҳат дод, ки шавҳари Саодат, яъне писари Комилбой-Фурқатро ба ягон балои азим гирифтор кунад, он вақт ба даст овардани дили арӯси нозанин осон мешавад. «Зану духтарҳои тоҷик вафодоранд, барои шавҳарашон ҳама корро мекунанд» таъкид намуд қиморбоз. Бойбобо аз ин ишора чизеро нафаҳмида, хоҳиш кард, ки Салим ошкортар гап занад.

-Фурқатро ба қиморбозӣ ҷалб кардан лозим, он гоҳ арӯс бо пойи худаш ба оғӯшатон меояд,-фаҳмонд Салим ва маккорона чашмак зад.

-Ҳа, акнун мақсадатонро фаҳмидам! Ба як тир ду нишон мезанем гӯед,-лабханд намуд Бойбобо ва ба китфи Салим тап-тап зад.

-Қурбони аҳли фаҳм шавам,-қаноатмандона табассум кард Салими қиморбоз,-танҳо бо ҳамин роҳи аҷиб шумораи клиентҳои банда боз як тан бештару оғӯши ҷанобашон аз накҳати атри хушбӯйи тани ҳамон ғизоли саркаш, вале фариштарӯй пур мешавад!

Бойбобо дари сейфашро кушода аз он як даста доллар баровард ва пачкаи пулро пеши қиморбоз партофт. Салим пулро ба киссааш зад ва дасти Бойбоборо фишурда, мардона ваъда дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин шавҳари Саодат-Фурқатро ба балои азим гирифтор мекунад.

(Давом дорад)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бойбобо дигар маҷоли гапзанӣ надошт . Ҳапр змон хамёза мекашид. Вай дари сейфашро кушода, яу бандча пулро бароварда ба дасти Салим дод.

Салим пулро ба киса заду ба берун баромад. Вай ба тарабхона рафта шогирдонашроҷамъ кард ва ба онҳо нақшаи кашидаашро гап зад. Супориш дод, ки коре кунанду Раҳимро ба доираашон кашанд. Як шогирди ҷавонаш ин корро ба уҳда гирифт. Ин ҷавон Раҳимро хуб мешинохт. Вай ба назди Раҳим рафта хело сӯҳбат кард. Аз раҳим маслиҳат пурсид, ки бизнесашро чӣ тавр ривоҷ диҳад. Дар бораи даромади аз қимор ба даст овардааш гап зад. Чизи дигаре нагуфта рафт. Вай ҷои қиморбозиашонро ба Раҳим гуфт.

Раҳими дар ҳирси пул афтода баъди рафтани ҷавон дар фикр афтод. Қасриалоҳида ва ҳурони биҳиштиро дар атрофаш тасаввур карду оби даҳонаш рафт.

Раҳим чӣ тавр ба қимохона омаданашро нафаҳмид. Қиморбозон омадани ӯро интизор буданд. Баъди хӯрдани зиёфат ҳар як ҷавон як дипломат пулро оварда махсус дар назди Раҳим дар пешашон монданд. Онҳо байни худ бозӣ мекарданду Раҳим тамошо мекард. Соат ба соат дилаш кашоли бозӣ шуд.

Хоҳиш кард, ки ба ӯ қарта кашанд. Қартабозон «Зиддӣ» қартабозии ӯ баромаданд. Оқибаи бур два бохро фаҳмониданд. Яке аз қартабозон гуфт, ки бозии қарта кори мардон аст.Аз ин гапи ӯ орияти Раҳим омад. Вай исрор кард, ки ӯ низ мард аст.

Он шаб кисаҳои Раҳим пур аз пул шуд. Бо кисаҳои аз пул дамида ба хона омад. Пулҳоро дар дипломатии харидааш ҷой кард.

Саодат гумон кард, ки пули тиҷорат мебошад. Бароли ҳамин чизе нагуфт.

Раҳим ба доираи қимобозон шарик шуд. Дигар вайро лаҳза ба лаҳза ҳаваси қартабозӣ мегирифт. Дар муддати як моҳ барои худаш аз ҳисоби қарта мошини наве харид. Ба падараш низ мегуфт, ки ин маблағҳо аз ҳисоби даромадаш мебошад.

Падарашро баъди он шаби зиёфат мудири мағозаи калоне карда монда буданд, ки дигар дер ба хона меомад. Вайро Бойбобо махсусан ба коре машғул мекард, ки ба писараш аҳамият надиҳад.

Хусури Саодат низ даромади калон меёфт. Барои шустани вазифа Бойбобо ва боз чанд нафари дигарро ба хонааш таклиф кард. Бойбобои дар ҳаваси дидани Саодат ин сухан форид.

   Саодат мувофиқи супориши хусураш Бойбоборо худаш пешвоз гирифт. Бози дӯстдоштааш дар сари кифташ набуд. Ба Саодат гуфт, ки барои тарсониданаш ба Боз ҷазо додааст.

Саодат ҳар замон табақ ва пиёларо гирифта ба меҳмонхона омада Бойбоборо хайру мақдам мегуфт. Бойбобо ин навбат ба ӯ шароб нарехт. Худашро бепарво нишон медод. Бо супориши ӯ шавҳари Саодатро дар қиморхона нигоҳ дошта буданд.

Бои мои Бойбобо ду нафар шариконаш ба берун баромаданд. Хусури Саодат низ бо онҳо ба берун баромад. Саодат барои зиқ намондани Бойбобо бо ӯ монд. Бойбобо Саодатро хеле таъриф кард. Таърифи Бойбобо ба Саодат он қадар нафорарад ҳам барои эҳтиромаш хомӯш менишаст. Аз фурсат истифода бурда Бойбобо дасти Саодатро қапида ба лилакаш чалаи зебоеро ҷой кард.

   Бойбобо чӣ қадар гап зад дар ёди Саодат намондааст. Танҳо сар меҷунбонду хомӯш менишаст. Хомӯшии Саодатро Бойбобо ба таври худ мефаҳмид…..

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД