ИДОМААШ...
Ба гӯшаи хаёли Саодати аз шавқи дидори дар пеш истода бо шавҳараш сармаст намеомад, ки ин мӯйсафед нақшаи сиёҳе дорад. Ҳамин тавр хусуру келин аз ину он чақ-чақкунон чандин километр масофаро тай намуданд ва мошин дар назди як бӯстонсарои боҳашамат қарор гирифт. Бо садои сигнали мошини хусури Саодат дарвозаи бӯстонсаро кушода шуд ва қасри бошукӯҳе, ки ба кушкҳои подшоҳони афсонавӣ монанд буд, намудор гашт. Комилбой мошинро ба саҳни бӯстонсаро ронд ва баъди хомӯш кардани муҳаррик аз саманди бодпояш фаромаду дари ҷониби Саодатро кушода, таъзимкунон келинашро мурооти фаромадан намуд. Саодат аз ин рафтори хандаовари мӯйсафед чизе нафаҳмида саргаранг аз мошин фаромад. Саҳни ҳавлиро бо чароғакҳои рангобаранге, ки одатан дар консертҳои эстрадӣ саҳнаро бо онҳо ороиш медиҳанд, оро дода буданд ва ҷилои рангҳо манзараи зебои бӯстонсароро боз ҳам зеботар ҷилва медод. Дар рӯйи ҳавлӣ чанд товусу титав ва мурғи марҷон омирона гаштугузор доштанд. Дар гӯшаи дуртараш бошад, чанд қафас гузошта буданд ва дар дарунашон оҳувон сайр менамуданд. Фаввораҳои мусаффо дар ин шоми гарми тобистон ин бӯстонсароро ба як гӯшаяки биҳишт табдил дода буданд. Саодат худро дар ин кохи зебою муҳташам дар Ҳиндустони афсонавӣ тасаввур карда, чашм аз манзараҳои зебои бӯстонсаро намеканд. Пештар гумон дошт, ки хонаи хусураш Комилбой беҳтарин ҳавлист дар саросари Ӯзбекистон, вале дар қиёс бо ин кушк манзили волидони шавҳараш вайронаеро мемонд. Саргарми тамошои бӯстонсарои бошукӯҳ Саодат оламу одамро аз ёд бурда, ғайб задани хусурашро ҳатто пайхас накард. Як вақт овози гулдуросии Бойбобо ба гӯшаш расид:
-Ҳавлӣ ба шумо маъқул шуд?
Саодат аз ҷояш як қад парид. Бойбоборо бо либосҳои варзишӣ дар бараш дида, келинчак дасту по хӯрд ва аз шарм сару рӯяш арақ кард. Акнун фаҳмид, ки хусураш ӯро ба куҷо овардааст. Лаб газида бо нигоҳ тамоми ҳавлиро палмосид, вале Комилбой дар ягон гӯша наменамуд. Мӯйсафеди беномус бо дасти худаш келини ҷавону зебояшро ба лонаи ин шағол оварда, ғайб зада буд.
Дар қасри Бойбобо
Саодат эҳсос намуд, ки агар ҳозир доду фиғон намуда, кӯшиши гурехтан намояд, оташи шавқи Бойбобои мисли таккаи маст ташнаи ишқварзӣ бештар аланга мезанад ва аз эҳтимол дур нест, ки бо зӯрӣ ба номусаш дастдарозӣ намояд, бинобар ин, ҳиллаи дигарро пеш гирифт, то аз доми ин ҳаромхиштак ҷонашро раҳонад. Вай худро хурсанду масрур вонамуд карда, табассуми ширине кард. Бойбобо чашмони барқпошу лабханди базеби ҷавонзанро аломати ризо шумурда, назди Саодат ба зону нишаст ва мисли ашрофзодагоне, ки дар кино намоиш медиҳанд, дасташро бо як виқори хоси ҷавонмардона ҷониби нозанин дароз кард. Саодат дасти нозукашро рӯйи панҷаи Бойбобо ниҳод ва лабханд зад. Бойбобо аз ин лабханди саршори ишваю нози париваш илҳом гирифта, Саодатро ба кушки афсонавиаш роҳбаладӣ намуд. Ҳуҷраҳои бӯстонсаро яке аз дигар қашангтару аҷибтар ва чунон беҳамто буданд, ки Саодат ба чашмони худаш бовар накарда, мепиндошт ҳанӯз дар хоби ноз аст ва ин ҳама зебоиҳоро хоб мебинад.
Найрангҳои ошиқонаи «Бегимоти дупо»
Онҳо ба толори пазироӣ расиданд. Ороиш, рангу бор, ҷиҳоз ва ҳатто ҳавои ин ҳуҷра аз дигар ҳуҷраҳо ба куллӣ фарқ мекард, ҳавои хона чунон тозаю форам буд, ки тану ҷони кас роҳат мекард. Дар мобайн мизи калоне меистод, ки рӯяшро бо дастурхони барф барин сап-сафед пӯшонда буданд. Бойбобо Саодатро ба сари миз муроот намуда, чӣ хостанашро пурсид ва дастурхонро кушод. Болои миз аз анвои хӯрданиҳои лазиз пур буд. Саодат бениҳоят ташна монда буд ва хоҳиш кард, ки барояш об резанд. Бойбобо ба истаконе об рехта ба ҷавонзан дароз кард. Саодат об менӯшиду соҳибхона чашмашро аз гардани борику зебои вай намеканд, аз нигоҳи ташнаи чашмони хумораш аён шуда меистод, ки ин марди булҳавас чӣ мехоҳад. Мақсади соҳибхонаро пай бурда, ба бадани Саодат мурғак дамид. Бойбобо ба вай наздик шуда, дасти мисли кӯҳ вазнинашро ба китфаш гузошт ва рӯяшро ба гардани зебои ҷавонзан молида истода дар бехи гӯшаш пичиррос зад:
-Ҳамаи ин ҷоҳу ҷалол, хонаву дару зару зевару боигариамро қурбонатон месозам, агар барои ман як шоҳписар зоед Саодатхон! Илтимос, не нагӯед, охир аз ҳамон Фурқати лохи бангӣ ба шумо чӣ фоида мерасад?! Боақлӣ карда занӣ ман шавед, як умр шоҳдухтар барин зиндагӣ мекунед!
Саодат аз шунидани ин суханҳо гаранг шуда монд, яқин буд, ки ин халтаи пул ба осонӣ аз ӯ дил канданӣ нест. Ҷавонзан лаб газида, фикр мекард, ки чӣ тавр ҷонашро аз ин доми бало халос кунад. Хомӯшии паривашро аломати дудила шуданаш дониста соҳибхона шердилтар шуд ва дар наздаш дузона нишаста ба бӯсидани ронҳои булӯринаш сар кард. Пойҳои зебои ҷавонзанро бо лабону забонаш навозиш мекард Бойбобои дар духтарбозӣ бе устухон. Гирумони ошиқонаи «бегимоти дупоя»-ро дида, кашмакаши дишабаи Бойбобо бо хушдоманаш ба ёдаш расид ва Саодат худро дошта натавониста, қиқиросзанон хандид. Бойбобо хандаи нозанинро ба таври худ фаҳмида, якбора ҳарду пойи духтарро сахт ба оғӯш кашид. Дасти навозиши соҳибхона рӯйи соқи пойҳояш хазид. Бойбобо мисли гурбаи ногоҳ гӯшти лаҳм ёфта, лабонашро бо ҳавас лесида, пойҳои ҷавонзанро маҳин-маҳин сила мекард ва кайфияташ торафт баландтар шуда, чашмонаш аз шиддати эҳсосот хуморӣ мегаштанд. Дасти мард рӯйи зонувонаш сайркунон торафт болотар мерафту бадани ҷавонзан виҷирос мезад. Саодат дар дилаш ҳазор бор ба хусуру хушдомани беномусаш лаънат мехонд, ки барои пулу моли дунёӣ ва аз паси панҷара озод кардани писари бангиашон келинашонро бо дасти худашон ба чунин гирдоби бадномӣ афканданд….
Бойбобо ба вай наздик шуда, дасти мисли кӯҳ вазнинашро ба китфаш гузошт ва рӯяшро ба гардани зебои ҷавонзан молида истода дар бехи гӯшаш пичиррос зад:
-Ҳамаи ин ҷоҳу ҷалол, хонаву дару зару зевару боигариамро қурбонатон месозам, агар бароям шоҳписари мисли худатон зебое ба дунё биёред. Саодатхон, илтимос, не нагӯед! Аз ҳамон Фурқати лохи бангӣ ба шумо чӣ фоида мерасад?! Ҷонам, агар боақлӣ карда, зани ман шавед, намемонам, ки ба пойҳои нозукатон хоре халад. Як умр шоҳдухтар барин зиндагӣ мекунед!
Саодат аз шунидани ин суханҳо гаранг шуда чӣ гуфтанашро намедонист. Яқин буд, ки ин халтаи пул ба осонӣ аз ӯ дил канданӣ нест. Ҷавонзан лаб газида, фикр мекард, ки чӣ тавр ҷонашро аз ин доми бало халос кунад. Хомӯшии паривашро аломати дудила шуданаш дониста, соҳибхона шердилтар шуд ва дар назди Саодат сари ду зону нишасту ба бӯсидани ронҳои булӯрини ҷавонзан сар кард. Пойҳои зебои Саодатро бо лабону забонаш моҳирона навозиш мекард ин марди дар духтарбозӣ бе устухон. Гирумони ошиқонаи «Бегимоти дупо»-ро дида, кашмакаши дишабаи Бойбобо бо хушдоманаш ба ёдаш расид ва Саодати табиатан шӯхтабъ худро дошта натавониста, чунон баланд қиқиросзанон хандид, ки Бойбобо як қад парид. Хандаи нозанинро ба таври худ фаҳмида, мардак бештар ба ваҷд омад ва якбора ҳарду пойи духтарро сахт ба оғӯш кашид. Гурбаи ногоҳ гӯшти лаҳм ёфтагӣ барин, лабонашро бо ҳавас лесида, пойҳои ҷавонзанро маҳин-маҳин сила мекард Бойбобо ва кайфияташ торафт баландтар шуда, чашмонаш аз шиддати эҳсос хуморӣ мегаштанд. Дасти мард рӯйи зонувонаш сайркунон торафт болотар мерафту бадани ҷавонзан виҷирос мезад. Саодат дар дилаш ҳазор бор ба хусуру хушдомани беномусаш лаънат мехонд, ки барои пулу моли дунёӣ ва аз паси панҷара озод кардани писари бангиашон келинашонро бо дасти худашон ба чунин гирдоби бадномӣ афканданд. Ҷавонзани баномус дар андеша афтид, ки чӣ гуна аз оғӯши ин бегимоти маст раҳоӣ ёфта, домони исматашро аз ин қасри пуршукӯҳ пок бубарад.
(ДАВОМ ДОРАД)