ИДОМААШ...
Суханони ширини келинчак Бойбоборо чунон афсун намуданд, ки ба ҷони фарзандонаш қасам хӯрда ваъда дод дар муддати се рӯз Фурқатро озод менамояду сипас аз Саодат коми дил меситонад. Саодат ташна шуданашонро баҳона карда ба ду қадаҳ шарбат рехт ва чолокона ба якеаш доруи хоб андохта ба Бойбобо дароз кард. Меҳмон шоду мамнун қадаҳро аз дасти паричеҳра гирифт ва то қатраи охирин нӯшид.
Ҳиллаи келини айёр
Бойбоборо пас аз чанд лаҳза хоб бурд. Садои хурроккашии хушдоманаш низ ба гӯш расид ва ҳиллае ба ёди Саодат расид. Дар канори Бойбобо кӯрпачаеро партофт, сипас назди хушдоманаш рафта, кампири мастро бедор карду хоҳиш намуд, ки рафта дар ҷогаҳаш хобад. Хушдомани масти лояқилаш аз оламу одам бехабар дар паҳлӯи Бойбобо дароз кашид ва «ҷонам булди» гуфта, дасташро ба гардани меҳмони олиқадр андохта, ба хурроккашӣ даромад. Дар кунҷаки дигари хона хусураш маст хоб буд. Саодат хандон аз хона баромада зарфҳоро шуста ҷо ба ҷо намуду сипас дубора ба меҳмонхона баргашта, чароғро хомӯш кард. Келинчаки айёр берун баромада дар дивани рӯйи ҳавлӣ дароз кашиду давоми мазҳакаро интизор шуд.
Кампири тутоқ
Пас аз чанд лаҳза ба гӯшаш садои нолишмонанде расиду Саодат оҳиста пардаи тирезаро бардошт. Дар равшании шабчароғ меҳмонхона баръало менамуд ва найранги хушдоманашро дида ҳуш аз сари Саодат парид. Хушдомани гӯрсӯхтааш ба Бойбобо часпида буд ва нолишҳои шаҳватомез бароварда, гардани меҳмони олиқадрро бӯсаборон мекард. Саодати аз дидани ин манзара моту мабҳутгашта бо чашми худаш дид, ки чи тавр хушдоманаш аз шавҳари дар кунҷи дигари хона хобидааш ибо накарда, тасмаи Бойбоборо мекушояд. Лаҳзае пас садои ҳаш-ҳаши меҳмон баланд гашт ва ду худозадаи кӯрнамаки фосиқ ба ҳам печиданд. «Аҷиб, ин занак аз бало ҳам наметарсидааст, охир дар бараш шавҳараш хоб аст, андеша намекунад, ки мабодо бедор шавад, чӣ мешавад» аз дил гузаронд Саодат ва лабашро газида, давоми кинои бепулро тамошо кардан гирифт. Пас аз он, ки Бойбобо ва хушдоманаш либосҳояшонро кашиданд, Саодат аз ҷояш бархост ва гӯё нафаҳмида ба хона даромаду барқро равшан кард. Баробари фурӯзон шудани барқ ду ошиқи пиракӣ якбора ҳушёр шуданд. Кампиру мӯйсафеди беҳаё намедонистанд чӣ тавр бадани урёнашонро пинҳон созанд. Бойбобо чунон саросема шуд, ки чӣ тавр куртаи занонаро ба танаш кашид, нафаҳмид, хушдоманаш бошад, луб-лучи модарзод ба берун давид. Комилбой масти хоб буд ё ба хотири наҷоти писараш ба чунин шармандагӣ тоқат карда, худро ба кӯрию карӣ мезад. Саодат гӯё акнун ин манзараро дида бошад, дод гуфт:
-Вой, муред аз ин рӯзатон, шармандаҳо!
Вай осемасар худашро ба берун зад ва дилашро дошта завқкунон хандид.
Даюс
Комилбой аз ҷояш бархостани меҳмони олиқадрро дида, дарҳол сарашро аз болин бардошт. Бойбобои шармандашуда гумон дошт, ки соҳибхона адабашро дода, чунон мурдакӯбаш мекунад, ки дар баданаш ҷойи обод намемонад, вале Комилбой баръакс аз дасти меҳмон гирифта, бо иззату икром ӯро ба хонаи хоб бурд ва даст пеши бар гирифта гуфт:
-Дар ин ҷо касе шуморо нороҳат намекунад, баҳузур хоб кунед!
Бойбобо аз ин меҳрубонии соҳибхона хурсанд шуда, хоҳиш кард, ки барояш об биёранд. Комил ҳамчунон дастҳо пеши бар ба берун баромад. Келинаш дар рӯйи ҳавлӣ наметофт, ночор назди занаш рафта фармуд, ки барои Бойбобо об барад. Зани маккораш «барои ҳамин дупула гап маро бедор кардед-мӣ?! Меҳмонатон ба ҷонам зад, магар дар ҳамин нимашаб ҳам моро осуда хобидан намемонад» гӯён, чунон вонамуд кард, ки аз хоби ноз нороҳаташ намудаанд. Шавҳари гӯлаш ӯро навозиш карда гуфт:
-Очаш, барои наҷоти фарзандонамон мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем! Бо кадом роҳе, ки набошад, имшаб дили Бойбоборо ёб, лозим шавад, келинро ба наздаш бар!
Занак аз ин гапи шавҳараш пару бол бароварда назди Бойбобо шитофт. Дигар аз чизе ҳарос надошт ин кампири худобехабари ташнаи мард. Бойбобо аллакай шимашро кашида бо либоси тагпӯш дар болои диван чун бегемот дароз кашида буд. Занак бо нозу ишва пиёлаи оби хунукро ба «меҳмони олиқадр» дароз кард. Бойбобо ҳарисона обро нӯшида, ду чашми шаҳватборашро аз чоки гиребони занак намеканд. Тутоқкампир мисли духтаракони ҷавон ишвакунон пиёларо аз дасти меҳмон бозпас гирифта, майли аз дар баромадан кард, вале Бойбобо ишорат кард, ки дар бараш бишинад. Занак бо лабханд дар паҳлӯи меҳмон нишаста дасташро ба кафи чун панҷаи дев калони Бойбобо гузошт. Ин марди дар занбозӣ устухон надошта ба ҳамоғӯшӣ моил будани кампирро эҳсос намуда, бардурӯғ ҳусну ҷамоли ӯро аз духтарҳои 20- сола ҳам зеботару дилкаштар номида, ончунон ситоиш кард, ки занаки пояш ба лаби гӯр расида мисли яхмоси обшуда дар оғӯшаш афтида, силаю меҳрубонию навозишкунро оғоз намуд. Бойбобо чашмонашро пӯшида ба ҷойи хушдоманаш Саодатро дар оғӯшаш тасаввур мекард ва аз навозишҳои устокоронаи ин занаки таҷрибадор лаззат бурда, бо шавқу завқ нолиш мекард. «Офарин кафтаракам, қандата зад, мармаладакам» гуфтани ошиқаш кампирро лаҳза ба лаҳза бештару бештар ба ваҷд меовард ва дастони «Мармалод» навозишкунон аз зонувони мард торафт болотар мехазиданд, Бойбобо оҳу нолишкунон сари «Мармалод»-ро сила кард. Ин ду фосиқ дигар оламу одамро аз ёд бурда, мисли ду мори ошиқи печон ба ҳамдигар печида буданд ва парвои онро надоштанд, ки дар хонаи дигар шавҳари занак нишаста, нолишҳои шаҳватангезашонро бо ду гӯши худаш мешунавад. Комилбой ба ҷои он ки даромада занашро зери мушту лагад бигирад, даюсона худашро тасаллӣ дода мегуфт: «Бойбобо имшаб агар аз хонаи мо хурсанд равад, пагоҳ писарамро озод мекунад. Барои наҷоти Фурқатҷон ман ҷонамро ҳам дареғ намедорам…»
Келинчаки пуралам
Саодат дар хонаи дигар нишаста ҳазорон бор ба апааш лаънат мехонд, ки барои пулу мол шуда, тақдири ӯро бо чунин одамони бе ору бе нангу номус пайваст. Вай дигар на парвои шавҳараш дошт, на парвои тифли бадташ, даюсона занашро назди Бойбобо фиристодани хусураш охирин қатрае буд, ки ба косаи сабраш рехту онро лабрез намуд. Келинчаки баномус акнун ба хусуру хушдоманаш чунон нафрат дошт, ки дигар як лаҳза ҳам дар ин хонаи ҳаром мондан намехост. Дар андешаи он буд, ки чӣ гуна аз ин касофатхона гурезад. Тилловориҳои рӯзи арӯсӣ аз хонаи падараш овардаашро гирифт ва як миқдор пулро низ ба сумкачааш зада, интизори пайти муносиб шуд, то ноаён аз ҳавлӣ баромада гурезад. Хусури даюсаш шояд аз рашк мисли моргазидае, ки хобу қарорро аз даст медиҳад, беқарор гашта, дам ба дам ба ҳавлӣ мебаромад ва барои амалӣ гаштани нақшаи Саодат монеъ мегашт. Ҳамин тавр шаб то саҳар бедор нишаста бошад ҳам, келинчак барои фирор кардан аз хонаи хусураш пайти муносиб наёфт.
(давом дорад)