arzon replenishment
ИШҚИ БОЙ (ҚИСМИ 6)
07.02.2021
Р. Холов
7374

 

ИДОМААШ...

Бойбобо маънидорона ба келинчак нигарист, вале Саодат хомӯш буд. Хомӯшии паривашро аломати ризо шумурда меҳмони олиқадр конякро кушода ба ҷомҳо шароби арғувонӣ рехт. Бойбобо чор қадаҳро лабрези шароб намуда, пешниҳод кард, ки барои озод шудани Фурқат бинӯшанд. Ҳама қадаҳҳоро ба даст гирифтанд ва Саодат ҳам ночор ҷоми шаробро бардошт, вале конякро то охир нанӯшида, зиракона баъди як ҷуръа ба лаб бурдан ноаён шаробро болои қолини паташ як ваҷаб баланд рехт. Хушдоманаш дар конякнӯшӣ устухон надоштааст, мисли ҷавонзанҳои ҳарҷоӣ қадаҳ болои қадаҳ мебардошт кампири пояш ба лаби гӯр расида. Пас аз нӯшидан панҷ-шаш қадаҳӣ табъи ҳар се чунон болида гашт, ки дунёро об барад ҳам, парво надоштанд. Масти лояқил шудани меҳмони олиқадр ва хусуру хушдоманашро дида, Саодат дар андеша афтид, ки чи тавр тани аз барги гул нозуктарашро аз ҳамоғӯшӣ бо ин марди бадафти хомфарбеҳ-Бойбобо наҷот диҳад.

Ҳиллаи келини зиррак

Падари Фурқат маст шуда, мурдавор дар як кунҷи хона ғелид ва дарҳол фиххосзанон ба хӯрроккашӣ даромад. Хушдомани Саодат ҳоли зори шавҳари аз дунё бехабарашро дида, магнитафонро монду дар ҳавои «Танаввор» ба рақс даромад. Вай мисли духтаракони 16- сола нозу нуз намуда, назди Бойбобо ва дар атрофаш печутоб хӯрда, дастони меҳмони олиқадрро бӯса мекард. Бойбобо ба нозу карашмаҳои кампир эътибор намедод, чашмони бозингараш ҳарисона ҷониби Саодат менигаристанд. Занаки зирак нигоҳи ҳавасбори меҳмони олиқадрро ба келинаш пай бурда, ба ҷону ҳолаш намонда, Саодати бечораро ба рақс кашид. Келинчак шармида ба рақс баромад ва хушдоманаш бо баҳонае аз дар баромад, то Саодат дили Бойбоборо ёбад. Найранги хушдоманашро пай бурда, Саодат дар дил аҳд кард, ки ин кампири беномусро боб мекунад. Бойбобо дар назараш мисли Қорӣ–Ишкамба намояд ҳам, ноилоҷ бо ин марди баднамуд ба рақс даромад. Шиками мисли шиками занҳои шабу саҳар мезоидагӣ калони Бойбобо ҳангоми рақсидан питир-питир парида, чунон хандаовар менамуд, ки Саодат қариб рӯдакан мешуд. Барои он, ки меҳмон ба ҳоли вай хандиданашро пай бурда, наранҷад, келинчаки зирак печутобхӯрон мерақсид ва рӯяшро ҷониби девору пушташро ба Бойбобо гардонда, мисли раққосаҳои ҳинду бо назокат аъзои баданашро маҳин-маҳин меҷумбонд. Бойбобо худро қаҳрамони филми «Сангам» эҳсос намуда, дасти Саодатро дошт ва бо дасти дигараш миёни борики ҷавонзанро оғӯш карда, ҳаллосзанон ба рақсидан даромад. Саодатро бӯйи арақи бадани ин марди газгӯшт нороҳат карда бошад ҳам, ҳамроҳи Бойбобо ба хиромидан даромад. Бойбобо фурсатро ғанимат шумурда пас аз як- ду бор чарх задан дасташро оҳиста ба рони пойи нозанин бурд. Саодатро аланга гирифтани оташи нафси меҳмонро эҳсос намуд ва фикре ба сараш зад, ки ин аблаҳро нағзакак ахмақ созад, то умре аз ёд набард. Рӯяшро ба рӯйи Бойбобо молида дар бехи гӯшаш пичиррос зад:

-Қурбонатон шавам, ман кайҳо боз интизори ҳамин рӯзи хуши бо шумо пайвастан будам, чунки дилам ташнаи навозиши марди асил гаштааст. Фурқати бангӣ кайҳо импотент шудагӣ, мо ба ном зану шавҳарему дар як бистар мехобем, вале дар асл вай ҳам зану ман ҳам зан. Ҳозир худамро ба оғӯшатон мепартофтаму сабил монад, якбора касали занона шудам. Се рӯзаки дигар тоқат кунед, худам ба оғӯшатон медароям. Ягона чизе, ки сади роҳи мо шуда метавонад, маҳбус будани шавҳари бангиам аст. Ягон илоҷ карда Фурқатро аз зиндон бароред, падару модараш як умр ғуломатон гашта, минбаъд сади роҳи мулоқоти мову шумо намешаванд. Он гоҳ ҳар вақте ки дилатон хост, як ишорат кунед, бо ҷону дил ба оғӯшатон медавам.

Суханони ширини келинчак Бойбоборо чунон афсун намуданд, ки ба ҷони фарзандонаш қасам хӯрда, ваъда дод дар муддати се рӯз Фурқатро озод менамояду сипас аз Саодат коми дил меситонад. Саодат ташна шуданашонро баҳона карда ба ду қадаҳ шарбат рехт ва чолокона ба якеаш доруи хоб андохта ба Бойбобо дароз кард. Меҳмон шоду мамнун қадаҳро аз дасти паричеҳра гирифт ва то қатраи охирин нӯшид.

Хиёнат дар бистари шавҳар

Бойбоборо пас аз чанд лаҳза хоб бурд. Садои хурроккашии хушдоманаш низ ба гӯш расид ва ҳиллае ба ёди Саодат расид. Дар канори Бойбобо кӯрпачаеро партофт, сипас назди хушдоманаш рафта, кампири мастро бедор карду хоҳиш намуд, ки рафта дар ҷогаҳаш хобад. Хушдомани масти лояқилаш аз оламу одам бехабар дар паҳлӯи Бойбобо дароз кашид ва «ҷонам булди» гуфта, дасташро ба гардани меҳмони олиқадр андохта, ба хурроккашӣ даромад. Дар кунҷаки дигари хона хусураш масти хоб буд. Саодат хандон аз хона баромада зарфҳоро шуста ҷо ба ҷо намуду сипас дубора ба меҳмонхона баргашта, чароғро хомӯш кард. Келинчаки масхарабоз берун баромада, дар болои дивани рӯи ҳавлӣ дароз кашид ва давоми мазҳакаро интизор шуд.

Пас аз чанд лаҳза ба гӯшаш садои нолишмонанде расид ва Саодат оҳиста пардаи тирезаро бардошту ҳуш аз сараш парид. Хушдоманаш ба Бойбобо сахт часпида, гардани меҳмони олиқадрро бӯсаборон мекард. Дар равшании чароғаки болои миз даруни хона баръало менамуд ва Саодат бо чашми худаш дид, ки чӣ тавр аз шавҳари дар кунҷи дигари хона хобидааш ибо накарда, хушдоманаш тасмаи Бойбоборо мекушояд.  

Шиками мисли шиками занҳои шабу саҳар мезоидагӣ калони Бойбобо ҳангоми рақсидан питир-питир парида ба назар чунон безебу хандаовар менамуд, ки Cаодат қариб аз ханда рӯдакан мешуд. Барои он, ки меҳмон ба ҳоли вай хандиданашро пай бурда наранҷад, келинчаки зиррак печутобхӯрон мерақсид ва рӯяшро ҷониби девору пушташро ба Бойбобо гардонда, мисли раққосаҳои ҳинду бо назокат аъзои баданашро маҳин-маҳин меҷумбонд. Бойбобо худашро дар ин лаҳзаҳо хаёлан қаҳрамони филми «Сангам» эҳсос намуда, дасти Саодатро дошт ва бо дасти дигараш миёни борики ҷавонзанро оғӯш карда, базӯр пайкари ҷуволмонандашро ҷумбонда, ҳаллосзанон ба рақсидан даромад. Саодатро бӯйи арақи бадани ин марди газгӯшт нороҳат карда бошад ҳам, ҳамроҳи Бойбобо ба хиромидан даромад. Бойбобо фурсатро ғанимат шумурда пас аз як-ду бор чарх задан дасташро оҳиста ба рони пойи нозанин бурд. Саодат аланга гирифтани оташи нафси меҳмонро эҳсос намуд ва фикре ба сараш зад, ки ин аблаҳро бояд нағзакак ахмақ созад, то умре ин шабро аз ёд набарорад. Вай рӯяшро ба рӯйи Бойбобо молида оҳиста дар бехи гӯшаш пичиррос зад:

-Қурбонатон шавам, ман кайҳо боз интизори чунин рӯзи хуши бо шумо пайвастан будам, чунки дилам ташнаи навозиши марди асил гаштааст. Фурқати бангӣ кайҳо импотент шудагӣ, мо ба ном зану шавҳарему дар як бистар мехобем, вале дар асл вай ҳам зану ман ҳам зан. Худамро ба оғӯшатон мепартофтаму сабил монад, якбора касали занона шудаам. Илтимос, ақаллан се рӯзаки дигар тоқат кунед, баъд худам ба оғӯшатон медароям. Ягона чизе, ки сади роҳи мо шуда метавонад, маҳбус будани шавҳари бангиам аст. Ягон илоҷ карда Фурқатро аз зиндон бароред, падару модараш як умр ғуломатон гашта, минбаъд сади роҳи мулоқоти мову шумо намешаванд. Он гоҳ ҳар вақте ки дилатон хост, як ишорат кунед, бо ҷону дил ба оғӯшатон медавам...

(давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД