ДАВОМАШ...
Як бор ҷасти малахак…
Фурқатро дар фурудгоҳи шаҳри Тошкент бо героин дастгир намуданд ва ин хабари шум дар як лаҳза ба падараш Комилбой низ расид. Комилбою занаш рӯю мӯйканон ба ҷустуҷӯйи писарашон афтиданд. Фурқатро бо ранги заҳир дар паси панҷара дида, ҷигари падару модар пора-пора шуд ва фиғонашон ба фалак печид. Фурқат бо чашмони лабрези ашк ба падараш гуфт, ки ӯро «подставит» карданд ва зорӣ намуд, ки ҷонашро аз ин доми бало халос кунад. Чеҳраи зард ва чашмони аз гиря варамидаи писарашро дида, дили Комилбой обу адо шуд ва қавл дод, ки агар лозим шавад, хизматгори худи шайтон мешаваду Фурқатро наҷот медиҳад! Падари ҷигарсӯхта ба тамоми ошноҳояш занг зад, вале касе халос кардани Фурқатро ба гардан намегирифт. Ба ёдаш Бойбобои дастфароз расид ва Комилбой гирёну нолон шабошаб ба хонаи дӯсти қадрдонаш рафта худро пеши пойи Бойбобо партофту зорӣ намуд:
-Бойбобоҷон, ман, занам, келинам, ҳамаамон ғуломи даратон мешавем, илтимос, писарамро аз зиндон халос кунед!
Бойбобо аз китфони Комилбой дошта ӯро аз замин бардошт ва ба хона таклиф намуда, рӯйи чор қабат кӯрпача шинонду хоҳиш кард, ки чи воқеа рӯй доданашро муфассал нақл кунад. Падари Фурқат бо оби дидаю дили хунчакон ҳодисаи ба сари писараш омадаро қисса кард. Бойбобо аз беақлии ҷавонҳо афсӯс хӯрда, Комилбойро сарзаниш кард, ки аз пайи кор овора шуда, фарзандашро бе назорат гузоштааст ва сипас ваъда кард, ки ба ҷӯраҳои мансабдораш занг мезанад ва бегоҳ ба хонааш рафта, ҷавобашро мегӯяд. Комилбой пойҳои Бойбоборо бӯсида, миннатдорӣ кард ва роҳи хонаашро пеш гирифт.
Шавҳаратро наҷот деҳ, келинҷон!
Комилбой ба хонааш омада ба зан ва келинаш гуфт, ки илоҷи кори писараш Фурқат танҳо дар дасти Бойбобо аст, бинобар ин, бегоҳ, ки омад, ҳардуяшон пеши пояш афтида, дасту пояшро бӯсида ёрӣ пурсанд. Саодати зиррак дарҳол дарк намуд, ки зери коса нимкосае ҳаст ва шояд шавҳарашро худи ҳамон Бойбобо ба балои азим гирифтор карда бошад, вале дар ин хусус ба хусуру хушдоманаш лаб накушояд, зеро хуб медонист, ки волидони Фурқат ғуломи пул ҳастанду натанҳо ба худаш, балки ба сояи ин марди доро ҳам таъзим менамоянд. Хусураш сархам ва ғарқи андешаҳо нишастани Саодатро дида, оҳ кашида гуфт:
-Келинҷон, шавҳарат ҳоли зор дорад ва ба азоби ҳабсхона дурудароз тоқат карда наметавонад. Акнун тақдири писарам дар дасти туст, агар дили Бойбобо бо гапи хушу зиёфати бомаза ёфта тавонӣ, шавҳаратро озод мекунад, вале натавонӣ…
-Парво накунед амак, барои Фурқат ҷонамро ҳам дареғ намедорам,-гапи хусурашро бурид Саодат, зеро суханони духӯраи ин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида, ки нигоҳи ташнаи шаҳвати Бойбоборо ба келинаш кайҳо пай бурда бошад ҳам, ба хотири наҷоти писараш ин лаҳза тайёр буд келини ҷавонашро ба оғӯши ин халтаи пул андозад, нафраташро даҳчанд менамуданд.
Вай ба тамоми мардуми пулдор, ки пул гуфта нангу номусашонро мефурӯшанд, дар дилаш лаънат хонда, бо дили нохоҳам аз пайи пухтупаз шуд, то бегоҳ баҳри Бойбобо дастурхони пурнозу неъмат ва зебо орояд.
Элак баҳона, дидор ғанимат
Бойбобо бо кару фар аз мошин фаромада ба ҳавлии Комилбой даромад. Баробари пояшро аз мошин ба замин ниҳоданаш Комилбой ва занаш гирёну нолон худро пеши пойи Бойбобо партофта, зорӣ намуданд, ки ҷони писарашонро харад. Бойбобо ба ин зану шавҳари аламзада заррае аҳамият надода, бо виқор ҷониби келини нозанинашон Саодат нигарист. Интизор буд, ки тоҷикдухтари якрав ба хотири шаҳараш ба пеши пои ӯ меафтад ё не. Саодат мисли сайди мағрур аз дур ба Бойбобо менигарист ва нияти гардан хам кардан надошт. Саркашии ҷавонзан табъи меҳмони олиқадрро, ки бо умеди ба оғӯш гирифтани ин ғизоли зебо ба ин хонадон қадам ниҳода буд, хира намуд. Комилбой нигоҳи пурҳаваси Бойбобо ва аз мағрурии Саодат дилозурда шуданашро эҳсос намуда, ишорат кард, ки арӯсак худашро пеши пойи ин барзангӣ партояд. Саодат пас аз ишораҳои пай дар пайи хусураш ночор пеши пойи Бойбобо афтид ва зорӣ намуд, ки шавҳараш Фурқатро наҷот диҳад. Табъи Бойбобо болида гашт, зеро боварӣ дошт, ки сар фаровардани арӯсак далели ба хотири наҷоти шавҳараш ба ҳама кор қодир будани ӯст ва имшаб дар боғи васли ин париваш ҷавлон хоҳад зад. Вай чашмашро аз пешобағали бардамидаи Саодат наканда аз китфонаш дошта келинчакро аз замин бардошту гуфт: -Келин, шумо набояд дар пеши пои ман сар хам кунед, мо бояд дар пеши шумо сархам бошем! Ба фикрам шавҳаратро бисёр сахт дӯст медорӣ-дия! Барои халосии Фурқат ба ҳама кор розӣ мешавӣ?
Хусури Саодат ба маънии суханони меҳмони олиқадри булҳавас сарфаҳм нарафт ё сарфаҳм рафту барои наҷоти писарашон нангу номусро кайҳо аз ёд бурда буд, ки ба ҷойи Саодат ҷавоб дод:
-Бойбобоҷон, ҳамаамон, ман, занам, келинам тайёрем, ки як умр пойҳои шуморо бибӯсем ва хизматгори даратон бошем, агар Фурқатҷонамонро наҷот диҳед!
-Ман имрӯз бо ду-се одами калоншаванда суҳбат кардам, ваъда доданд, ки кӯмак мерасонанд. Ҳалли ин масъала бисёр вазнин, вале илоҷ дорад. Он тарафаш дар дасти худи шумост,-Бойбобо ин суханҳоро чашм аз рӯи Саодат наканда мегуфт, то ваҷоҳати келинчак аз назараш дур намонад. Саодат хомӯш буд.
Мӯйсафеди беҳаё
Бойбоборо ба хона таклиф карданд. Вай бовиқор сари дастурхони аз ҳарвақта дида зеботар нишаст. Комилбою занаш дасту остин барзада хӯрданиҳои лазиз меоварданду Саодат бо амри хусураш назди меҳмон нишаста аз чойнаки калони пахтагул ба Бойбобо чой кашида медод. Баробари холӣ шудани хона меҳмони олиқадр изҳори матлаб намуд:
-Келинҷон, тақдири шавҳарат ва озодиаш дар дасти худи туст.
-Ман бояд чӣ кор кунам? -пурсид Саодат.
-Чандон кори мушкил нест, пагоҳ ҳамроҳи ман Тошкент меравӣ! Бо чанд одами калон дар пойтахт во хӯрда, масъалаи шавҳаратро ҳал мекунам ва шаб дар меҳмонхона дам гирифта, рӯзи дигар бармегардем.
Хушдомани Саодат, ки ин дам коса дар даст аз дар медаромад, ин пешниҳоди Бойбоборо шунида гул-гул шукуфт ва пешхезӣ намуда гуфт:
-Бойбобо, пагоҳ келин ҳатман ҳамроҳи шумо ба Тошкент рафта, худаш шавҳарашро гирифта меорад. Лозим бошад, ман ҳам бо шумо меравам! «Ҳамин кампир ба ман намерасид» писханд зад дар дилаш Бойбобо, вале нафраташро ба зани Комилбой ошкоро нишон надода, нарм ҷавоб дод:
-Рафтани шумо зарур нест! Саодат ба назди милисаҳо рафта, камтарак гиряву зорӣ кунад, кифоя аст!
(давом дорад)