arzon replenishment
ИШҚИ БОЙ
02.02.2021
Р. Холов
8201

 

 Духтар ё парӣ?      

Саодат бо қади мисли сарв зебою чеҳраи хандон, рӯйи барфон сап-сафеду қошу абрӯи сип-сиёҳ ва лабони нозуки гелосрангаш ҷавононро «девона мекард» ва харидоронаш аз мӯйи сараш ҳам бисёр буданд, вале дили ин духтари мағрур ба касе моил намешуд. Зиндагиашон шоҳона набошад ҳам, аз чизе камбудӣ надоштанд, вале ба ҳаёти осудаи натанҳо волидони Саодат, балки тамоми тоҷикон магар чашми бад расид, ки оташи ҷанг дар кишвар аланга зад.

Касофати ҷанг

Маҳаллае, ки Саодат бо аҳли оилаашон мезист, ба яке аз марказҳои асосии даргириҳо табдил ёфта, зиндагӣ барои сокинонаш торафт душвортар мегашт. Муҷоҳидон дар сарҳояшон латтаҳои сафед ва дар даст яроқ дар ба дар гашта зӯран мардуми деҳаро ба ҷиҳод бароварданӣ мешуданд. Аксари мардони дар авҷи камолот буда ва ҷавонони навхат аз бало ҳазар гӯён тарки деҳа намуданд, духтардорҳо аз тарси яроқдорон арӯсакони қадрасашонро ба ҳар ҷавони пешомада бо як коса об никоҳ карда медоданд, то ягон бадномие ба сарашон наояд. Дар мағозаҳо чизе намонда буд, мардум соатҳо барои гирифтани як-ду дона хлеб навбат меистоданд. Қашшоқӣ ва фирор намудани мардон аксари занҳоро ба савдогарӣ водор намуда буд. Апаи Саодат низ аз ночорӣ ба занҳое, ки аз Ӯзбекистон равған меоварданд, ҳамроҳ шуд, то аҳли оила аз гуруснагӣ намиранд. Он вақтҳо сарҳад кушода ва низоми визавӣ набуд ва мардум озодона равуо менамуданд. Апаи Саодат қатори дигар занҳои савдогар ҳар ҳафта ба Сари Осиё рафта равған меоварду аз ҳисоби ҳамин «бизнес» хонаводаро мехӯронд.

Нақшаи дилсӯзонаи апа

Апаи Саодат-Саломат дар Ӯзбекистон Юлдузхон ном зани сарватманди шиносе дошт ва рӯзҳои ба поезд дер монданаш дар хонаи ӯ шабро саҳар мекард. Шавҳари Юлдузхон тоҷири номдор буд ва хурду калон ҳурмату эҳтиромаш менамуданд. Хонаи қасрмонанд ва зиндагии шоҳонаи Юлдузхонро дида, Саломат ҳамеша орзу мекард, ки хоҳараки нозанинаш ба ҳамин хел оилаи серу пур келин шуда, роҳати зиндагиро бубинад. Муроди дилашро магар худованд шунид, ки боре ҳангоми дар хонаи Юлдузхон меҳмон шуданаш сухан дар бораи зангирии писари кенҷагии оила Фурқат рафт. Келинкобии Юлдузхонро шунида Саломат қарор дод, ки арӯси ба чунин хонадон арзандаро ба бойҳо пешниҳод мекунад.

Моли бозоргир

Саломат дафъаи дигар махсус Саодатро бо худ ба Ӯзбекистон бурд, то ба Юлдузхону шавҳараш чӣ гуна нозанин будани тоҷикдухтаронро дар симои хоҳараш намоиш диҳад. Тираш хато нахӯрд, дар ҳақиқат зану шавҳари сарватманд бо дидани қаду басти дилҷӯй, мӯйи шабгуни ба замин расанда ва чеҳраи амсоли фаришта зебои Саодат ангушти ҳайрат газиданд. Фурқат бошад, волаю шайдои меҳмони нозанин гашта, як лаҳза аз Саодат дур намешуд. Дар атрофи хоҳараш «тор танидани» бойбачаро дида, Саломат зери лаб табассум мекард.

Хандаи бахт

Дили Саодати мағрур аз дидани давлату савлати ӯзбекҳои бой «шувви» накарда бошад ҳам, таърифу тавсифҳои апааш Саломат дар бораи давлату сарват ва зиндагии шоҳонаи Юлдузхону шавҳару фарзандонаш кори худро карданд ва падару модараш дарҳол хостгории талабгорони раҳдурро пазируфта, ҷавононро рӯймолдаррон, яъне фотиҳа карданд. Қудоҳои сарватманд ба хонаи падари Саодат чунон чизу чораи бисёр оварданд, ки даҳони ҳаққу ҳамсояҳо воз монд. Акнун дар забони тамоми аҳли маҳалла танҳо гапи бахти баланди Саодат буд. Хурду калон ба вай ҳасад мебурданд, ки дар чунин айёми душвор ҳам, ҳусни бозоргираш талабгори арзанда ёфт. Модари Саодат аз дурии роҳ андаке мушавваш бошад ҳам, худоро шукр мегуфт, ки духтари кенҷаашро чунин бахти баланд додааст ва дар хонадони сарватманд келин шуда, як умр шоҳона зиндагӣ хоҳад кард.

Хуллас, фотиҳа ва дигар маросимҳоро гузаронда, санаи тӯйро муайян намуданд. Модари домод барои Саодати нозанин 30 либос матои зебои қимматбаҳо, се палто, чаҳор боронӣ, 12 туфлӣ, 8 мӯза ва як сандуқча зару зевар оварда, даҳони ҳасудонро аз ҳайрат то бехи гӯшашон кушода карду тӯйи осмонкаф ороста, келини аз парӣ зеботарашро зери навои «ёр-ёр» ба Ӯзбекистон бурд.

Келини эрка

Саодати нозанин аз рӯзи авали ба хонаи Юлдузхон келин шуданаш азизи дили аҳли оила гашт. Тоҷикдухтари нозанини панҷ панҷааш ҳунар бо мӯъҷизаи дастони «бомазза» ва ақлу одоби бемислу монандаш натанҳо аҳли оилаи Фурқат, балки хешу табори домодро низ мафтун намуда буд ва дар ҳама тӯю маърикаҳо танҳо таърифи Юлдузхон мерафт, ки чунин арӯси беҳамто ёфтааст. Ба ин духтараки ширинзабон муяссар гашт, ки дар андак муддат тарзи зиндагии мардуми ӯзбекро омӯхта ба зиндагӣ дар кишвари бегона мутобиқ шавад. Хусуру хушдоман ва додару хоҳарони шавҳараш аз вай розӣ буданд, Фурқат бошад, мудом дар атрофи арӯси фариштарӯяш парвона буд. Дар ҳақиқат зиндагии шоҳона доштанд пайвандони шавҳараш ва Саодат худро шукр мегуфт, ки чунин бахти баланд насибаш гаштааст, вале…

Меҳмони олиқадр

Ба хонаашон тез-тез меҳмонҳо меомаданд ва Саодати ҳунарманд бо маҳорати кадбонугиаш онҳоро дар ҳайрат гузошта, сазовори таҳсину офарини хусуру хушдоманаш мегашт. Рӯзе хусураш таъкид намуд, ки бегоҳ ба хона як меҳмони махсус меояду тайёрии хоса бубинанд. Саодат дасту остин барзада, дарҳол аз пайи пухтани ширинию торту салатҳои хушмазза шуд ва бо наздик шудани шом чунон дастурхони пурнозу неъмат орост, ки сазовори шоҳон буд.

Ниҳоят садои «Хуш келибсиз, Бойбобо» баланд шуд ва Саодат қатори дигар аъзоёни оила бо чеҳраи хандон аз хона ба рӯйи ҳавлӣ баромад, то меҳмони олиқадрро бубинад. Мошини бадвоҳимаи хориҷӣ, ки тамоми шишаҳояш сип-сиёҳ буданд, аллакай дар рӯйи ҳавлӣ истода, чанд ҷавони рустамбозу, ки аз афташ «телех»-ҳои «Бойбобо» буданд, таппончаҳо дар миён бо виқор дар атрофи мошин истода буданд ва тез-тез гургона ба чор тараф дида медӯхтанд. Ниҳоят меҳмони олиқадр аз мошин фаромад. Шиками дамидаи қариб болои зонуҳояш овезон, каллаи аз дег ҳам калон ва гардани аз фарбеҳӣ чандқабатаи Бойбобо хандаи Саодатро оварда бошад ҳам, келинчак базӯр худро ба даст гирифт, то ҳам меҳмону ҳам хусурашро дар хиҷолат намононад. Хушдоманаш нигоҳи тамасхуромези Саодатро эҳсос намуда, оҳиста дар бехи гӯшаш пичиросзанон гуфт: «Тамоми мардум орзу доранд, ки ин одам ақалан як боракак меҳмонашон гардад! Раиси райпо ва бисёр марди дасткушоду сахӣ аст!» Саодат ба маънои «фаҳмидам» сар ҷумбонда, барои овардани пойандоз ба таҳхона давид.

Бози давлат

Вақте ки қолин дар даст баргашт хусуру хушдоман ва шавҳараш дар атрофи меҳмони олиқадр парвона буданд. Қолини зебои нақшину серпатро ҳамчун пойандоз дар пеши пои меҳмон партофта, дарҳол гӯсфанди калонеро сар заданд. Бойбобо, ки марди тақрибан 55-56-сола буд, шиками дамидаашро ҷумбонда-ҷумбонда сӯйи меҳмонхона равон шуд. Ҳамин дам уқобчаи дар сари китфаш нишаста, ки рамзи давлату савлати гӯшношуниди бойбобо буд, якбора фиррӣ карда ба ҳаво бархост ва ҳама чашм ҷониби паррандаи зебо дӯхтанд. Уқоби тезпарвоз то дастонашро шустани соҳибаш дар осмон чарх зада, ӯро гӯё посбонӣ кард ва сипас якбора сарозер шуд, вале аз чӣ бошад, ки ба сари китфи бойбобо нею ба бозуи Саодат нишаст. Келинчак тарсида фиғон кашид. Фарёди ҷонкоҳи арӯсак ҳамаро безобита намуд ва бойбобо, ки ба дами дари меҳмонхона расида буд, баргашта ба пас нигарист. Нигаристу даҳонаш воз монд. Ҳусну ҷамоли арӯсаки зеботар аз парӣ меҳмони олиқадрро чунон мафтун намуда буд, ки як пои туфлиаш кашидаю дигараш нокашида дар дами дар мисли шайкал шах шуда, ҳатто мижжа намезад. Бойбобо чанд лаҳза ҳайрон-ҳайрон ба Саодат нигарист, сипас ба худ омада аз соҳибхонаҳо шарм дошт магар, ки оҳи сарде кашиду маънидорона сар ҷумбонда ба хона даромад.

Базми шоҳона

Ба меҳмонхонаи ороста даромада бойбобо болои чор қабат курпача нишаст ва болиштҳоро ба таги кашаш монд. Аз сабаби калон будани шикамаш вай баҳузур нишаста наметавонист. Почаҳояшро дароз кард. Телехҳояш ҷӯробҳояшро кашиданд ва ба маҳс кардани пойҳояш сар карданд. Соҳибхонаҳо дар атрофи меҳмони олиқадр парвона буданд, вале ҳушу ёди Бойбобо ҳамоно ба келинчаки паричеҳра банд буд ва пайти муносиб меҷуст, то як бораки дигар чашмашро аз дидани ҳамон ҷамоли бокамол нӯр бубахшад. Меҳмони олиқадр, ки одатан дар хонаи касе даст ба таом намебурд, самбӯсаю торт ва кулчақанду ошу нони ин хонадонро паҳ-паҳкунон мехӯрд ва фалач-фалачи даҳонаш соҳибони хонаро чунон хурсанд карда буд, ки гӯё кӯзаи зар ёфта бошанд. Шишаҳои зебои шаробҳои гаронбаҳои хориҷӣ пайи ҳам холӣ мешуданд. Кайфияти Бойбобо баланд шуда аз соҳибхона хоҳиш кард:

-Уқобаки ман ҳамон духтари зебои шуморо сахт тарсонд. Бечора, чӣ ҳол дошта бошад. Як лаҳза пеши ман даъват кунед, то узри гуноҳ бипурсам. Шавҳари Саодат бо эҳтиром дастонашро пеши бар гирифта барои ҷеғ задани арӯсаш баромад ва ба модараш фармуд, то ба Саодат расонад, ки зудтар худашро оро диҳаду либосҳои зеботаринашро пӯшида, назди меҳмони олиқадр дарояд.

Тӯҳфаи гаронбаҳо

Амри шавҳар барои Саодат қонун буд, аз ин рӯ дарҳол либосҳои ҳариру зебояшро пӯшид ва ба рӯяш упою ба лабонаш сурхӣ молида ҷониби меҳмонхона равон шуд. Ҳуснаш даҳчанд афзуда буду баробари аз дар даромаданаш Бойбобо «воҳ» гуфта монд. Телехҳои меҳмони олиқадр маънидорона ба ҳамдигар нигаристанд ва Саодат аз хиҷолат лола барин сурх шуда сарашро хам кард. Шарми духтарона ӯро мисли гули шабнамзада зеботару дилкаштар гардонда буд. Бойбобо чашмони хумориашро ба Саодат духта гуфт:

-Келинҷон, маро мебахшед, ки бо уқоб ба хонаатон омадаму ин ҷонвари безабон шуморо тарсонд. Сахт хиҷолат кашидам. Илтимос, сад илтимос, мани беандешаро бубахшед!

Келинчак ду даст пеши бар барои эҳтироми меҳмони олиқадр андаке қоматашро хам кард. Чашми Бойбобо ба пешобағали бардамидаи Саодат, ки аз чоки гиребонаш андаке намоён гашта буд, афтиду ақлу ҳушашро пистонҳои сап-сафеди келинчак чунон рабуд, ки қариб оби даҳонаш шорида буд. Вай даст ба киссааш бурда хоҳиш кард:

-Келинҷон, канӣ наздиктар биёед, то ман гуноҳамро бо як тӯҳфаи ночиз андаке ҳам бошад, ҷуброн созам.

Саодат бо ишорати хусуру шавҳараш, ки ҳар дам абрӯ мепарронданд, ночор ба меҳмон наздик шуд. Бойбобо аз қуттича занҷирбанди калони тиллогиеро, ки дар мобайнаш нигини бриллиантӣ дошт, бароварда худаш ба гардани Саодат овехт ва аз пешонаю аз бари рухсораш бӯсид. Фаш-фашкунон нафаскашии Бойбобо ва бӯи бади даҳонаш ба машоми Саодат расида дилашро беҷо мекард ва мехост ҳарчи зудтар аз хона барояд, вале меҳмони олиқадр ба ҷону ҳолаш намонда ӯро дар паҳлӯяш шинонд ва фармуд, ки шароби фаронсавӣ биёранд. Хусуру шавҳараш дар як дам ду шиша коняк ва қадаҳҳои тоза оварданд. Бойбобо худаш ба ду қадаҳ шароб рехта, яктоашро ба Саодат дароз кард. Саодат, ки дар умраш шароб нанӯшида буд, рад кард, вале шавҳараш исрор намуд, ки сухани Бойбоборо нашиканад. Арӯсак ночор қадаҳро ба даст гирифт…

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД