Холаи Анора солҳост, ки дар мулки ғурбат умр ба сар мебарад. Шиносоии ману ин зани меҳнатӣ тамоман тасодуфӣ буд. Аз бозорчаи назди хонаамон маҳсулот харидаму хостам бо ароба борамро то манзилам расонам. Ҳамин вақт чашмам ба зани тоҷике афтид, ки дар дасташ ароба дошт.
Ҳайрон шуда ба наздаш рафтам ва боодобона салом додам. Маълум шуд, ки ин зан Анора ном дошта аз ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон ба Барнаул омадааст ва дар ин шаҳр аробакашӣ мекунад. Ҳамшаҳрӣ гуфта ӯро ба хонаам даъват кардам. Дар сари дастурхон Анора сарнавишташро ба ман нақл карда гуфт:
«Бобошо ном ҷавони зеборо дӯст медоштам, вале падару модарам «духтари бисёр надорем, ки дар роҳи дур ба шавҳар диҳем» гӯён, хостгории ошиқамро рад карданд. Бобошо дар Ховалинг зиндагӣ мекард ва роҳи дигар наёфта пешниҳоди фирор карданро намуд. Азбаски ӯро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, розӣ шудам.
Ошиқам маро аз деҳа дуздида ба шаҳр овард, аз он ҷо ба Русия парвоз кардем. Ин соли 2000-ум буд. Бобошо дар Барнаул шиносҳои хуб доштааст, онҳо бароямон хонаи иҷора ёфта доданд ва мулло оварда ҳардуи моро никоҳи мусулмонӣ карданд, то поку ҳалол зиндагӣ кунем. Ҳамин тавр ҳашт сол дар мулки бегона ҳаёт ба сар бурдем. Дар ин давра касе аз пайвандони ман ё шавҳарам ба суроғамон наомад, барои волидон ва хешу таборамон мо гӯё мурда будем, ки ёдамон намекарданд. Шавҳарам Бобошо дар корхонаи бо чӯб сару кор дошта кор мекард. Як бегоҳ фалокат рӯй дода ресмон канда мешаваду як мошин чӯб дар болои шавҳарам мерезад, то ҳамкоронаш хабар мешаванд, ки Бобошо дар зери ғуллачӯбҳо ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин месупорад. Мурдаи шавҳари қошпайвандиамро ба Ватан фиристодем. Мехостам бо дасти худам ҳамсари ҷавонмаргамро гӯру чӯб кунам, вале хешу табораш таъкид кардаанд, ки занаш набиёяд, мо ба хуни вай ташнаем, агар биёяд, ӯро зинда ба зинда дар як қабр бо писарамон гӯр мекунем.
Тарсидам, ки агар равам, ҷанҷоли калон мешавад, барои ҳамин ҷасади шавҳарамро ба самолёт бор кардаму гирёну нолон ба иҷорахонаам баргаштам. Се моҳ пас писарчаи бетақдирам ба дунё омад. Азбаски дигар дастгиру мададгоре надоштам, аробакаш шудам.
Ҳамин тавр мо бо ин зани сиёҳбахт қарин шуда мондем. Ҳамсарам рӯзҳои истироҳат ӯро ба хонаамон ба меҳмонӣ даъват мекунад, то каме ҳам бошад, дарди дилаш сабук шавад. Тоҷик дар ин мулки ғурбат дасти тоҷикро нагирад, кӣ мегирад?!
Ҳусайн, аз шаҳри Барнаули Русия