Ишқ оташ аст, вале...
Файласуфи машҳури машриқзамин Муҳаммад Ҳиҷозӣ фармудааст: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик аст, вале ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро якҷо месӯзонад!” Дар ҳақиқат ишқ оташи гуворо ва роҳатбахшест, ки дили инсонро ба зиндагӣ гарм карда, ба кас пару бол мебахшад, вале офаридгор ин эҳсоси поку наҷибро на ба ҳар кас насиб мегардонад. Баъзан чунин мешавад, ки шумо якеро бештар аз ҷонатон дӯст медоред, вале он ёри сангдил парвои эҳсосоти шуморо надорад. Калимаҳои сеҳрноке, ки гуфтанашон душвор аст Дар 90 дар сади ҳолатҳо ҳама барои худ ҷуфт дорад, вале байнашон эҳсоси ишқу муҳаббат нест. Мутаассифона, на ҳамаи мардҳо қудрати байён кардани эҳсосоти худро доранд ва “ман туро дӯст медорам” гуфта метавонанд. Аксари мардон аз беҷуръати наметавонанд ба зане, ки дӯсташ медоранд, изҳори муҳаббат намоянд ва ишқи худро аз даст медиҳанд.
“Дӯст медорам”гуфтан шарт нест, агар....
Аслан шарт нест, ки шумо ҷумлаи “Ман туро дӯст медорам” –ро ба забон биёред. Дунё ҳазорҳо роҳу усулҳои дигар вуҷуд доранд, ки кас метавонад муҳаббати худро баён намояд. Дар аввал метавонед чизеро, ки ба духтари писандидаи шумо маъқул аст, барояш туҳфа намуда, бо ҳамин восита муҳаббати худро нишон диҳед, масалан гул, ҷавоҳирот ва ғайра. Дар миёни ҳамаи ин амалҳо гул туҳфа кардан ва бо воситаи он аз эҳсоси худ духтарро хабардор намудан воситаи беҳтарин аст. Зан бо гӯшаш дӯст медорад Новобаста аз синну сол зан ҳама вақт ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Меҳрубонии шавҳар барои ҳар як зан туҳфаи арзишмандтарини зиндагӣ ба шумор меравад. Агар зенеро дӯст медоред, ҳар қадаре, ки метавонед, меҳрубонӣ кунед, зеро занҳо бо гӯши худ дӯст медоранд.
Ҷанҷол накунед!
Зоҳирн чунин ба назар мерасад, ки ишқ як афсона аст ва вақте зану мард ҳамдигарро дӯст медоранд, як умр танҳо ба ҳамдигар суханони ширин гуфта,ҷонашонро барои якдигар нисор месозанд, вале зиндагӣ қонунҳои худро дорад. Зану мард ба зиндагӣ назари гуногун доранд, аз ҳаимн сабаб хоҳ-нохоҳ байни ду дилдода низ нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Аз баҳсу мунозира ҷойи гурез нест, вале кӯшиш кунед, ки вақти моҷаро карданатон суханони нешдор ва мисли заҳр талхро ба забон оварда, дили ёратонро нашиканед.
Ишқи мардро чи гуна фаҳмидан мумкин аст?
Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки барои фаҳмидани эҳсосоти ҳақиқии ҷуфтатон бештар бо ӯ суҳбат намоед. Дар рафти суҳбат дунёи ботинии инсон оҳиста-оҳиста кушода мешавад. Ҳар қадаре, ки мард ба ҳаёти зан бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд, ҳамон андоза ин зан барояш аҷиб ва дӯстдоштанӣ аст. Ҳамсаратон бо шумо суҳбат карданро хуш надошта бошад, пурсуков накунад, ки дар куҷо будеду чи кор кардед, донед, ки ҳаёти шумо барои ӯ тамоман ҷолиб нест ва барояш фарқ надорад, ки шумо ба чӣ кор машғулед, аслан ҳастед ё не. Бидонед, ки ҳарчанд дар баратон бошад ҳам, руҳан ин мард аз шумо хеле дур аст ва дӯстатон намедорад.
Тафовути ишқи мард аз ишқи зан
Зан ҳама вақт мехоҳад, ки ӯро дӯст доранд ва навозиш кунанд. Барои тамоми намояндагони ҷинси латиф муҳим аст, ки шавҳарашон фақат азони худашон бошад, аммо мардон бо вуҷуди дӯстдорияшон ҳамеша дар зери назорати зан будан намехоҳанд. Мардон табиатан озодипараст ҳастанд ва мехоҳанд озод бошад, ҳамроҳи дӯстонашон ба куҷое, ки мехоҳанд раванд. Аксари мардон намехоҳанд, ки ҳамсарашон низ ба ҳалқаи дӯстонашон ворид шавад, зеро мард занро танҳо моли худ медонад ва намехоҳад ҳатто табассум ва ҳазлу шӯхиҳои ӯро бо касе тақсим кунад. Яке такягоҳ меҷӯяд, дигарӣ меҳрубонӣ мехоҳад Новобаста ба синну сол ва касбу корашон ҳамаи занон як чиз мехоҳанд-марди мисли кӯҳ устуворе бошад, то тавонанд дар зиндагӣ ба ӯ такя кунанд. Марде бошад, ки дар рӯзи сахтию тангӣ занро ҳимоя кунад. Хулоса, зан дар симои мард қудратеро, ки худаш надорад, ҷӯё мешавад. Мардон низ чизеро дар зан меҷӯянд, ки худашон онро надоранд, масалан ғамхорию меҳрубонӣ, назокату зебоӣ, хӯроки гарму бистари нарм...
Мардро аз нав насозед!
Ишқ-ин эҳсосоти зебову нозукро мард ба таври худ мефаҳмаду зан ба таври худ, бинобар ин, кӯшиш накунед, ки ҷуфтатонро аз нав тарбия карда ба чорчӯбаи худ дароред. Бовар кунед, агар зӯран ин корро карда, мардро ба лухтаке табдил диҳед, ки ба тамоми гуфтаҳоятон “лаббай” мегӯяд, зиндагӣ кардан бо чунин мард хеле душвор ва дилгиркунанда хоҳад гашт. Баръакс, кӯшиш кунед, ки мардро ҳамон тавре, ки ҳаст, қабул кунед ва дӯст доред. Он гоҳ мард ҳам шуморо чуноне,ки ҳастед, қабул мекунад ва дӯст медорад.