Равоншиносон муайян сохтанд, ки муҳаббати яктарафа боиси асабхаробиву рӯҳафтодагӣ мешавад. Агар шумо ба нафаре изҳори муҳаббат намуда аз ӯ ҷавоби рад шунавед, беҳтараш ба равоншиноси касбӣ муроҷиат намоед.
Дар ин давраи душвори ҳаёт шахси ноумедгашта ба эҳсосот дода шуда, андешаҳояш парешон мегарданд. Ҳар дафъае, ки ошиқ дӯстдоштаашро бубинад, аламҳои дилаш рӯ гирифта, бештар рӯҳафтодаву маъюс мегардад. Муҳим он аст, ки дар чунин лаҳзаҳои маъюсӣ шахси дилпуре маслиҳатгаратон бошад ва танҳо психолог метавонад мувофиқи этикети касбӣ сирри шуморо маҳфуз нигоҳ дорад. Психолог нафаре аст, ки шумо ба ӯ дар бораи ишқи нобарор нақл карда, маслиҳати лозимаро мегиред.Шахсе, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешавад, осудагиро гум мекунад.
Пас, чӣ бояд кард? Ишқи беҷавобро фаромӯш кардан мумкин аст? Хомӯш сохтани оташи чунин ишқи ноком кори осон нест, шояд мард зудтар ба худ ояд, вале занҳо нозук ҳастанд ва ин давраи ҳаётро бо душворӣ таҳаммул менамоянд. Тавсияи равоншиносон дар ин сурат чӣ гуна аст? Муҳимаш ба ғам фурӯ рафта худро бадбахти ҷаҳон нашуморед.
Бояд чорае ҷуста зиндагии рангин ба сар бурд. Аз ин хотир, тамоми вақти холигии худро пурра банд созед, то ки фикрҳои мағшушро андешаҳои муфид ғолиб бароянд. Лаҳзае ҳам бекор нашинед, то ки вақти фикркунӣ наёбед. Агар донишҷӯ бошед, пурра худро андармони илмомӯзӣ намоед. Агар коргар бошед, бештар бо кор машғул шавед. Ин тавсияҳо на танҳо ба фоидаи ояндаи шумост, балки захмҳои муҳаббати пурдардро дар қалбатон даво мебахшад. Рафту вақти холигиятон ҳанӯз боқӣ мемонда бошад, ҳунар аз худ намоед. Забони хориҷӣ омӯзед, машғулияти табъи дилатонро ёбед, то ки андешаҳои бадро аз сар дур намоед.
Шабона, қабл аз хоб таҳлил намоед, ки имрӯз барои зиндагии минбаъда чи кори муфидеро ба анҷом расонидаед?
Агар тавсияҳои моро риоя намоед, баъди чанд муддат шумо худро намешиносед.
Дар ин давра на танҳо ба манфиати худ кор мекунед, балки шахси ба худ устувор гашта, роҳи дурусти зиндагиро меёбед.
Вақт гузарон аст ва рӯзе ҳатман шоҳзодаи орзуҳои худро пайдо месозед, ки ба муҳаббататон бо муҳаббат ҷавоб мегӯяд. Ин мард бо як ҷаҳон умеду орзу ба чашмонатон дида медӯзад, чунин аст нишонаи муҳаббати беандозаи ошиқи асил.
Фаромӯш насозед, ки дӯстдории кӯр-кӯрона, худро беҳуда обу адо сохтан –хоси занҳои боақл нест. Ба нигоҳи пурмеҳри шумо дида дӯхтани ошиқатон гармиву муҳаббати ӯро эҳсос намудан, барояш чун обу ҳаво зарур будан ва донистани он ки бе ту зиста наметавонанд эҳсоси роҳатбахш аст.