Arzon march 2024
ИШҚИ АВВАЛ Қисми 1
04.03.2024
ДИЛАФЗО
1646

Ман ҳанӯз 14 –сола будам, ки ишқи духтараки зебое маро побанди худ кард. Номи ман Насим ва номи ӯ, ки ман бо як дидан тамоми ҳастиамро барояш бахшидам, Мадина буд. Албатта шумо бесаброна давоми қиссаро шуниданӣ ҳастед? Ҳоло ман қиссаи худро, ки чӣ тавр бори аввал ошиқ шудам, бароятон нақл мекунам.

Ману аҳли оилаам дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон зиндагӣ мекардем. Бо сабаби ба кори дигар гузаштани модарам, ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе кӯчида омадем. Модарам маро барои идома додани таҳсил ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе овард, ки яке аз мактабҳои беҳтарини пойтахт ба шумор меравад. Вақте ману модарам ба мактаб наздик мешудем, ба сарам ҳар гуна фикрҳо омадан гирифт. Ба худ меандешидам, ки ин ҷо ман метавониста бошам ба худ рафиқони нав пайдо кунам?

Он қадар ба фикр фурӯ рафта будам, ки ҳангоми ворид шудан ба даромадгоҳи мактаб бо духтаре китф ба китф задам ва духтар аз ин зарба ба замин афтид. Ман аз ин зарбаи ногаҳонӣ ба худ омада, дар як вазъияти ногуворе мондам. Духтарак аз замин бархеста, додзанон ба ман гуфт:

-Магар кӯр ҳастӣ, ки пешатро намебинӣ?!

Аз чунин ранг гирифтани ҳол сахт тарсидаму садоям ларзида, ба духтарак гуфтам:

-Маро бубахшед, ногаҳон шуд, худам ҳам нафаҳмида мондам.

Духтар бошад, бо қаҳр гуфт, ки маро намебахшад. Модарам низ тарсида ба ӯ гуфт:

-Духтарҷон бахшиш, писарам нохост ин корро кард, ту чӣ ном дорӣ? Духтар оромона гуфт:

-Мадина ном дорам.

Модарам аз духтарак узр пурсида, гуфт, ки ӯро ба беморхона мебарем. Дар беморхона духтурон ӯро муоина карда гуфтанд, ки пояш каме лат хӯрдаасту зарари ҷиддӣ надидааст.

Баъди ин воқеа ҳар рӯз дар мактаб бо Мадина рӯ ба рӯ мешудем, вале ман аз ӯ шарм мекардам. Ҳамин тавр, аз байн ду моҳ сипарӣ шуд. Як рӯз ба танаффус баромада, дидам, ки писаре аз синфи 11 пеши роҳи Мадинаро гирифтаасту ӯро маҷбур карда истодааст, ки ҳамроҳаш гап занад. Ҷавон аз дасти Мадина дошта мегуфт:

-Чаро ту маро фаҳмидан намехоҳӣ? Охир, ба ту сад маротиба гуфтам, ки дӯстат медорам,- Мадина бошад, дасташро аз дасти ӯ раҳо карда, гуфт:

-Ман туро дӯст намедорам ва намехоҳам бо ту робита дошта бошам. Ҷавон асабӣ шуда, хост Мадинаро занад, вале ман аллакай ба онҳо наздик шуда будам. Ман гӯё, ки шахси наздики Мадина бошам, боҷуръатона ба ӯ гуфтам:

-Мадина, ин бача кист ва аз ту чӣ мехоҳад? -Мадина ҳам сирро бой надода гуфт:

-Ҳамту, аз ман қалам пурсид.

Ман аз дасти Мадина дошта гуфтам:

-Биё рафтем, азизам,- намедонам он ҷавон аз ман тарсид ва ё ягон фикри дигаре кард, ки дигар чизе нагуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД