Ҳарду аз хонаи кампирхобида баромадем.
- Аз пасам биёед, - гуфт Ойгул.
Вақте ба ошёнаи дуюм баромадем, оҳиста ба Ойгул гуфтам:
- Ин кампир ақлашро бохтааст, ман барои як шишаи шикаста як умр дар хизмати ӯ намешавам.
- Шумо гуфтед, ки дар ҷустуҷӯйи кор ҳастед.
- Бале. Аммо барои тармим миллиардҳо лозим мешавад, оё инро кампир медонад?
- Кампир ягон ҳарфашро насанчида намегӯяд, фарзандонаш дар хориҷа, шояд онҳо кӯмак кунанд?
Тарҳи се ошёнаи боло мисли ошёнаи якум, дар умум бисту ҳашт ҳуҷра, чор долон, ду балкон ва майдони зинаҳо. Дару тирезаҳо фарсуда, боми ошёнаи чорум мечакад.
- Аввал бомро пурра таъмир кардан лозим, - гуфтам ба Ойгул.
- Бо кампир маслиҳат кунед.
Ҳарду боз назди кампир даромадем.
- Аҳволи боматон ниҳоят хароб, қариб аксари чӯбҳояш пӯсидаанд. Табиист, ки фарши ошёнаи чорумро ҳам ба пуррагӣ иваз кардан лозим меояд. Сақфу фарши бино ҳама аз чӯб аст, - хостам каме воҳима кунам, то кампир аз баҳри тармими хона барояд. Аммо кампир оромона суханамро то охир гӯш андохт ва Ойгулро хоҳиш кард, ки алоқаро бо духтараш пайвандад. Ойгул телефонро аз миз гирифта ба дасти кампир дод ва маро хоҳиш кард, ки дар берун мунтазир истам.
Аз ин амали Ойгул рости гап, ранҷидам. Аммо овози кампирро баръало дар долон шуниданам мумкин буд. Кампир бо забони немисӣ ҳарф мезад ва ман аз он чизеро намефаҳмидам.
Берун баромадам. Аз ҳодисаи ба сарам омада андешидам. Агар дар киса пул медоштам, бо ин ҷавонзан дар ҷояш ҳисобӣ мекардам, ё умуман кӯмакаш намекардам. Ана акнун ғуломи ҳалқабардӯш барин, ба кадом самт кашола кунанд, меравам... Не, метавонам рад кунам. Гӯям, ки ягон кори сабуктар фармоянд, миёнам дард мекунад, нав аз беморхона баромадам, занам ҳомила, дар наздаш бояд бошам, кӯдаконро ҳар бегоҳ аз боғча овардан лозим, хушдоманам зани бад, хусурам боксёр, метарсам...
Дақиқае пас Ойгул аз хона баромад:
- Шуморо соҳибхона даъват мекунад.
- Хонааш аз сараш монад, охир як пояш дар лаби гӯр, чӣ зарурат дорад?
- Ӯ мехоҳад хотираи падари бандиашро абадӣ гардонад. Ин қисса дароз, баъдтар нақл мекунам.
Бо ҳамроҳии Ойгул боз назди кампир даромадем. Хостам фаҳмонам, ки нақшаҳояш иҷронашавандаанд, маблағи ниҳоят калон ва фурсати зиёдро талаб мекунад, то он замон ту нахоҳӣ расид. Аммо азми кампир қатъӣ, фармуд, ки аз худи пагоҳ дар ҷустуҷӯйи масолеҳи лозима бошам.
- Ман аввал бояд ҳисоб кунам, бомро ба пуррагӣ мекушоем, шояд тамоми чӯбҳояшро барканем. Бо як-ду мошин чӯбу тахта мурод ҳосил намешавад, аз ҷои шикастаи сақф дидам, чӯбҳо ниҳоят ғафсанд.
- Техникаро ҳам даъват кун, бе техника намешавад.
- Қувваи бисёри корӣ низ лозим аст, ман аввал коргар ҷӯям, ягон даҳ нафар. Вагарна то фаро расидани фасли сармо кор ба анҷом намерасад.
- Ҷӯё шав, маоши хуб ваъда кун.
Ман то имрӯз аз ягон намуди кор наҳаросида будам. Рӯзҳое буданд, ки халтаҳои вазнинро ба ошёнаҳои чоруму панҷум то нисфи шаб мекашонидам, ба сардиҳои яхдон аҳамият надода, шабу рӯз андарунаш будам. Чӣ корҳоеро ба сомон нарасонидаам. Аммо имрӯз, кор-кори масъулиятнок, ҳаҷмаш калон, сониян, канӣ кафолат, ки кампир мувофиқи ваъда амал кунад? Кормандонро ҷамъ карда, субҳ мехезӣ, ки кампир мурдааст...
- Мо бояд шартнома бандем, - гуфтам.
- Албатта, - гуфт кампир, - бе шартнома намешавад. Барои ҳар як кори анҷомдодаат музд мегирӣ. Арзишашро ман муайян мекунам.
Ойгул гуфта буд, ки кампир маоши хуб медиҳад. Аммо сохтмон мағозаравию майхарӣ нест, хӯрокпазиву рӯбучин нест. Шояд пуле, ки Ойгул мегирад, барояш басанда бошад, аммо ман Ойгул нестам, нақшаҳои зиёд дорам.
- Ман ҳаҷми умумии хонаро чен мекунам, чӣ миқдор масолеҳ лозим, аниқ бояд кард.
- Ман тарҳи хонаро дорам, - гуфт кампир, сипас Ойгулро фармуд, ки сандуқчаро биёрад.
Ойгул боз маро хоҳиш кард, ки берун бароям.
Инҳо ба ман бовар надоранд, мисли як авбоши кӯчагӣ муносибат мекунанд. Шояд намехоҳанд аз асрори хона огоҳ бошам. Чӣ асрор дорад ин манзил?
Дар долон хеле мунтазир нишастам, мисле, ки дар қабули ягон шахси мансабдор бошам, ин сӯ-он сӯ қадам зада, андеша доштам. Нав назарам ба фарши долон афтод. Фарш оддӣ набуд, мисли шиша ҷило медод. Пас фарши ошёнаи якум аз тахта нест, ин бино таҳхона ҳам дорад. Аммо канӣ роҳи вуруд? Дар берун ба назар нахӯрд, ё ман аҳамият надодаам.
Берун баромада хонаро як давр гаштам, нест роҳи даромад ба таҳхона, ҳарчанд сатҳи пойдевор бо қадам баробар ва бо дувоздаҳ зина ба хона медаромадем.
- Куҷо гум шудед? - гуфта Ойгул омад.
- Хона таҳхона дорад? - пурсидам аз ӯ.
- Хабар надорам, - гуфт ӯ, - нақшаро нав дарёфтем.
- Як лаҳза, Ойгул, - ҷавонзанро боздоштам, - ин тарзи муносибататон бо ман маъқул не, ман дузд ё авбош нестам, чиро аз ман ниҳон медоред? Ё ба ман бовар надоред, ки ҳар гоҳ берун бароям, баргашта дароям?
- Ин талаботи кампир.
- Кампир чизе нагуфт-ку.
- Дар ин хона шумо шахси аввал нестед, ки кампир маслиҳати таъмирро карда бошад.
- Пас касе розӣ нашудааст, ки хонаро тармим кунад?
- Ман аз натиҷаи гуфтугӯи онҳо хабар надорам, маро ҳам мисли шумо пештар ба берун меронд. Ӯ як адвокати шахсӣ дошт, ба фикрам мӯҳлати шартномаашон ба охир расидааст, ки як соли охир ӯро надидаам.
- Ҳоло шумо адвокат? - гуфта маро ханда гирифт.
- Ман маълумоти олии ҳуқуқӣ дорам, - гуфт Ойгул ҷиддӣ, - рафтем, кампир мунтазир.
- Чӣ ном дорад кампиратон, намедонам чи тавр ба ӯ муроҷиат кунам.
- Зоя Павловна.
Кампир дар дастам як даста коғази бо мурури замон зардгаштаро дод. Онро гирифта рӯи миз паҳн кардам. Бояд иқрор шавам, ки ин гуна нақшаро дар умри ҷавонам бори аввал мебинам. Ҳар гуна хатҳо, ишораҳо, ким-чӣ формулаҳо, мисли хонандаи мактаб, ки борҳо хат задаву ислоҳ карда бошад.
- Чизеро фаҳмидӣ? - пурсид кампир.
- Омӯхтан лозим, - гуфтам симоямро ҷиддӣ гирифта, - ин фурсат металабад. Ман ҳоло на дар фикри бом, балки дар андешаи таҳхона ҳастам. Зоя Павловна, шумо медонед ба таҳхона чӣ тавр ворид шудан мумкин?
- Таҳхона? Мо таҳхона надорем.
- Аниқ?
- Боз намедонам, - ҳайрон шуд кампир, - ҳаст дар лоиҳа? Бори аввал мешунавам.
Хеле ҷустам, дар "лоиҳаи" ғайристандартӣ чизеро фаҳмидан гарон буд.
- Метавонам лоиҳаро бо худ гирам?
- Не, - қатъӣ гуфт кампир, - лоиҳа аз ин ҳуҷра набояд берун равад.
Дар нақша андозаҳо низ ғайримуқаррарӣ, ба воҳиди ченаки имрӯза рост намеояд. Нақшаро рӯи миз гузошта берун баромадам, қадду бари биноро қадам зада, тахмин чен кардам ва боз ба ҳуҷраи кампир баргаштам.
- Ворид шудан ба ин ҳуҷра танҳо баъди иҷозати ман, - гуфт кампир, - Минбаъд ба инобат гир.
- Хуб, - гуфтам ба сари миз рафта.
Андозаи тахмин кардаи ман бо нақша ҳеҷ рост намеомад. Шояд на бо сантиметр, балки бо дюйм чен карда бошанд?
- Ин аниқ лоиҳаи ҳамин хона? - пурсидам аз Зоя Павловна.
Аммо Зоя ба ҷои ҷавоб хандид ва ба Ойгул муроҷиат кард.
- Лоиҳаи ҳақиқиро деҳ.
- Шумо маро масхара мекунед! - гуфтам ман.
- Танҳо омӯхтам, - гуфт кампир.
Норозиёна ба Ойгул нигаристам. Ӯ низ табассум мекард.
- Ман барои имтиҳонсупорӣ инҷо наомадаам, - гуфтам ман.
- Исто, - гуфт Зоя, - ту аз таърихи бино огоҳӣ дорӣ?
- Таърихи биноро шумо медонед.
- Ту гуфтӣ имтиҳонсупорӣ... Худи ман намедонам, ин қадар бинои боҳашамат барои зист набояд сохта мешуд. Аммо аниқ медонам, ки бино бо супориши бобоям то инқилоб сохта шудааст.
- Як бор ба гирду атроф нигаред, - гуфтам файласуфона, - дар ин қарибиҳо ягон бинои истиқоматиро мебинед? Ин қадар хишту масолеҳи сохтмон миёни бешазор то инқилоб чӣ тавр дастрас гардидааст? Бо аспу ароба? Ман бояд роҳи ворид шудан ба таҳхонаро ёбам. Таҳхона дар ҳалли масъала кӯмак мерасонад.
- Дар бораи вуҷуд доштани таҳхона маълумот надорам, - гуфт Зоя Павловна.
Маро на таърихи бино, балки дарёфти ягон чизи арзишманд, ки ҳаёти минбаъдаамро бе мушкилӣ таъмин карда тавонад, муҳим буд. Одатан, дар ин гуна биноҳои кӯҳан чиҳози арзишманд бояд ҷо медошт.
- Оля, - ба Ойгул муроҷиат кард кампир, - тановул мекунем.
- Ба берун бароям? - пурсидам аз кампир.
- Не, ҳамроҳамон бош, сӯҳбат мекунем, шояд ягон фикри тоза ба сар ояд.
"Дар навад соли умрат як фикри тоза надоштӣ, ки ягон ҷои фаршро рахна карда, аз асрори таҳхонаат огоҳ шавӣ. Имрӯз дар як лаҳза чизеро наметавонӣ андешида. Шояд зери поят хазинаи Алибобо бошад?"
- Об дар куҷо? - пурсидам аз Ойгул, - дастонамро шӯям.
- Дар берун, - гуфта маро берун даъват кард.
- Шумо дар бораи таърихи бино чизеро медонед? - пурсид Ойгул ба дастонам аз чойники мисӣ об рехта.
- Оҳо, миси холис-ку, - гуфтам, - медонед як килограмм мис чанд пул арзиш дорад?
- Шумо чойники кампирро фурӯхтанӣ?
- Дар берун пӯсида наравад мегӯям.
- Ин қадар сол напӯсид, минбаъд ҳам намепӯсад.
- Воқеъан, шумо обро аз куҷо дастрас мекунед?
- Супориш медиҳем, оварда дар бочка мерезанд.
- Бочка аз мис?
- Аз хоки сиёҳ! Ин қадар мис гуфтед?
- Мис чизи хуб, ҳама вақт ба пул иваз кардан мумкин.
- Шумо роҳи осони дастрас кардани пулро доред?
- Дастак ва занҷираи дар ҳам аз мис, бо мурури солҳо сабз шудааст. Ман мутахассиси соҳаи металлҳои қиматбаҳо ҳастам. Меканам, мефурӯшам ва бо шумо ҳисобӣ мекунам.
- Шумо агар шишаи шикастаро дар назар дошта бошед, фаромӯш кунед. Ман шуморо танҳо ба хотири дарёфти кор ин ҷо овардам.
Ҳарду пасопеш вориди ҳуҷраи кампир шудем, Зоя Павловна такя ба болишт зада менишаст. Ойгул рӯи мизчаи махсус чанд намуд хӯрокаро бо чойи кабуд оварда сари зонуи кампир ниҳод ва мунтазири супориши навбатӣ буд.
- Чиро нигаҳ дорӣ? Шину бо шавҳарат шикаматро сер кун, кору нақшаҳои зиёд дорем.
Лоиҳаи паҳнкардаро як сӯ гузошта, барои ду нафар дар болои миз Ойгул дастурхон густурд. Шикам гурусна, ба тамъи хӯрок аҳамият надода, покиза табақро холӣ кардам. Зоя ҳам бо иштиҳо таомашро хӯрда, мизчаашро поёнтар тела дод.
- Таҳхонаро ба ҳоли худаш гузору аввал дар фикри таъмири бом шав, - гуфт Зоя Павловна, - хотирамон ҷамъ мешавад. Метарсам, ки бом ба сарамон фурӯ наравад.
- Дар ин қарибиҳо мағозаи молҳои сохтмон нест, ман бояд ба шаҳр равам.
- Рав.
- Аммо имрӯз не, имрӯз дер шуд. То қади кӯча мерасам, автобусро мунтазир мешавам... Ба фикрам, автобус ба самти шумо соате як маротиба меояд. Беҳтараш то фаромадани торикӣ шумораи тахтаҳои лозимиро бо тунука меҳисобам. Ошёнаи чорум чароғ надорад, инро низ ҳал бояд кард. Мебинам, ки барқ танҳо дар ҳуҷраҳои ошёнаи якум ва ҳавлӣ мавҷуд аст.
- Мошин ронда метавонӣ? - пурсид кампир.
- Метавонам.
- Дорӣ мошин?
- Не. Аниқтараш доштам, корношоям шуд, пӯсид. Ба оҳанпора супоридам.
Ойгул хандид:
- Шуғли дӯстдошта? Мошин аз мис набуд?
- Гуфтам, корношоям шуд. Ҳар рӯз таъмир ба дилам зад.
- Пагоҳ ба шаҳр рафта, аввал ягон мошини хубро интихоб кун, ба номи ман дар қайд мегузорем. Арзони пуриллат набошад. Пас аз анҷоми корҳо мошинро баргашта мефурӯшем.
"Оҳ хасисе, мумсике... Ба навад даромаду то ҳол тин мешуморад. Тӯҳфа гӯ, ҷонат халос. Пагоҳ аз паси мошин боз ҳисобот мегирад. Нахарошидӣ? Чӣ қадар сӯзишворӣ сарф кардӣ?"
Аз рӯи ҳисоби аз пойдевори хона гирифтаам, майдони бом дусаду ҳаштод метри мураббаъ, майдони умумии хона дар чор ошёна бештар аз ҳазору сад мураббаъ. Ин масоҳати хурд нест, танҳо барои кушодан ва поён фаровардани боми харобгашта техника, кормандон ва майдони бузург лозим аст. Ба яке аз ҳамкорони собиқа занг задам:
- Кор ёфтӣ?
- Муваққатан, дар бозор.
- Биё ҳамкорӣ кунем. Маоши хуб, танҳо аз шаҳр берунтар. Боз ҳашт нафари дигарро бояд ҷуст.
- Кори мувақкатӣ бошад лозим нест.
- Аниқ то зимистон бекор намемонӣ. Боми як хонаро аз нав месозем.
- Шартнома бастӣ? Пагоҳ фанд накунанд.
- Мебандам. Ту аз паи кормандон шав, ҷавону пурқувват бошанд. Ман субҳи якшанбе наздат меравам. Танҳо кӯшиш кун, барвақттар, вақт меравад.