Sebiston new 2024 october
Ишқи ҷавони тоҷик ва духтари қирғиз Қисми 2
08.03.2024
ОИЛА
1360

Шумо кадом самт рафтанӣ? - пурсидам аз зан...

- Аз шаҳр берун, автобуси мо ҳамин ҳоло бояд биёяд. Шумо дар кадом вазифа будед? - саволашро такрор кард зан.

- Ман ҳама гуна корро метавонам ба анҷом расонам.

- Дар кадом вазифа будед, аз шумо бори севум мепурсам.

- Дар яхдон кор мекардам, яхдони бузург. Қаноатманд шудед? Гӯшт нигоҳ медоштем, бо об илова карда ях мекунонидем, обро ҳам бо арзиши гӯшт мефурухтем.

- Охир ин гуноҳ-ку.

- Ман супоришро иҷро мекардам...

- Ман дар ҳавлии як пиразан кор мекунам. Пиразан қариб навад сол дорад, аммо ба пулу мол дода шудааст. Ҳар тинашро мешуморад. Маоши хуб медиҳад. Агар кор кардан хоҳед, дар корҳои хоҷагиаш кӯмак кунед.

Ман дигар роҳи интихоб надоштам. Бояд маблағи шишаи шикастаро баргардонд.

- Ман розӣ, - гуфтам, - аммо кампир маро қабул мекарда бошад?

- Барои кампир фарқ надорад, вай берун намебарояд ва шуморо умуман намебинад. Танҳо ман бояд ӯро огоҳ кунам.

- Рӯз аз нисф гузашт, бегоҳ метавонам баргашта?

- Метавонед албатта, лекин беҳтар мебуд дар ҳавлӣ шаборӯз бошед. Ҳавлӣ хонаи бисёр дорад.

Автобуси мо низ омад, халтаи шишадорро зан бардошт, халтаҳои дуввуму сеюмро ман. Зан роҳкирои ҳардуямонро доду дар паҳлӯям нишаст.

- Ин автобус то манзил намебарад, боз ба дигар автобус мешинем.

- Дар қарибиҳои ҳавлии кампир магар мағоза нест, ки ин қадар роҳро тай мекунед?

- Ман ҳам шумо барин, супоришро иҷро мекунам. Кампир танҳо аз маҳсулоти ҳамин мағоза истеъмол мекунад. Чеки мағозаро мехонад, бақияро мешуморад.

- Пули шишаи шикаста чӣ?

- Ман аз ҳисоби худам пардохтам. Дар хона барои ӯ махсус хӯрок мепазам. Хӯроки ман ҷудо. Аз хӯроки ӯ истеъмол кардан бароям мамнӯъ, - зан хандид, - танҳо ҳуқуқи намакашро санҷиданро дорам. Як шиша майро дар як ҳафта менӯшад.

- Кампир? Кампири навадсола?

- Боз кӣ мешуд? Воқеан, чӣ ном доред шумо?

- Бобо.

- Ман Ойгул. Аммо кампир маро Оля ном мебарад.

- Гулмоҳ - ба забони тоҷикӣ.

- Бале, кампир одами бад не, зиёда аз ду сол мешавад, ки дар хизматаш ҳастам.

- Маош чанд пул, агар сирри махфӣ набошад?

- Басандагӣ мекунад.

- Ойгул, шумо гумон накунед, ки ман ноӯҳдабаро ҳастам, шиша тасодуфан шикаст, ман намедонистам, ки...

- Фаромӯш кунед. Медонам, ки вазъияти молиявиатон хуб нест...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД