Sebiston new 2024 october
Ишқамро қурбони дуои падар кунам ё...?
07.11.2022
ОИЛА
1614


Салом ба кулли мухлисони сомонаи Оила тҷ. Ман як ҷавон аз шаҳри Панҷакент ҳастам. Ба воситаи интернет бо духтаре аз шаҳри Душанбе шинос шудам.

Мо тӯли се моҳ бо ҳам танҳо ба воситаи сомонаҳои интернетӣ гап мезадем, лекин бо ҳам чунон одат карда будем,ки агар як соат ба якдигар нанависем ё гап назанем, қариб девона мешудем. Ҳар шаб то соатҳои 3-4-и шаб бо ҳам сӯҳбат мекардем ва дар ёдамон намерисид,ки хоб кунем. Баъди се моҳ ман ба шаҳри Душанбе омадам ва мо акнун қариб ҳамарӯза бо ҳам вомехӯрдем ва шабҳо боз ба воситаи сомонаи интернети сӯҳбат мекардем. Бисёр бо ҳамдигар хушбахт будем. Ҳангоме ҳамроҳи ӯ якҷо мегаштем ҳамаи ғамҳои дунёро фаромуш мекардам. Чунон хушбахт будам, ки нгуфтанӣ...
Вале ин хушбахтӣ дер давом накард. Як рӯз падарам занг зада гуфтанд, ки писарам, мо барои ту як духтари шиносамро номзад кардем. Айни ҳол дар синфи 11 таҳсил мекунад. Баъди мактабро хатм карданташ дар як моҳ тӯй карда, келинро меорем.
Ман ба падарам чизе гуфта натавонистам.
Вақте ки ин гапҳоро ба дӯстдухтарам гуфтам, маро номард, ноодам, худонотарс номид ва “маро истифода кардӣ, акнун мепартоӣ?!” гуфта гиря кард.

Ҳангоме ки ин гапҳоро ба чашмонам нигоҳ карда гуфт, қалбам пора- пора гашт. Ҳарчанд ба ӯ фаҳмондам, ки падарам аз ман напурсида ин корро кардааст, бовар накард. То ҳол ӯро дӯст медорам. Илтимос, маслиҳат диҳед чӣ кор кунам? Аз гапи падарам баромада бо дӯстдухтарам бошам ё тарки ӯ карда гапи падарамро гирам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД