Сияҳрўз
Амаки Муҳиддин баъди шаш моҳи марги ду шоҳписараш бар асари сактаи дил оламро падруд гуфт. Падарам баъди ду соли ин ҳодисаи хунин бар асари бемории бедавое аз дунё рафт. Холаи Асила бошад, миёнашро ба қавли модарам аз ҳафт ҷояш баста, саробони арўсакҳои сияҳбахти писаронаш гашт. Зани Аҳмад писар ба дунё оварду сари бибии дар ғаму кулфат тарро ба осмонҳо расонид. Зани Самад бошад, бар асари ғуссаҳои ба сараш омада, тифли мурда таваллуд кард. Ду келин хушдомани меҳрубонро аз ҷонашон зиёдтар дўст медоштанду фикри ўро танҳо монда, ба хонаи модарашон рафтанро ба гўшаи хотир ҳам намеоварданд. Гулҷон - зани Аҳмад муаллима буду Азиза - зани Самад хоҳари шафқат. Келинҳо ниҳоят зебову дилоро буданд ва дар аёми баъди ҷанг, ки камондорҳо худро ҳокими мутлақи ин марзу бум меҳисобиданд, танҳо мондани онҳо хавф дошт… Аз ин рў Асилаи баҳодур нақшаи ниҳоне дошт…
Тўйи келинҳо
Як шом, баъди хўрдани ғизо, холаи Асила Гулҷону Азизаро наздаш хонда, гуфт:
- Духтарони азизам, ман аз шумо як не, ҳазор бор розӣ ҳастам. Аз шумо бўйи писарони шаҳидам меояд, ҷудоӣ душвор бошад ҳам, аз ман як маслиҳат, шумо бояд шавҳар кунед. Мардеро хушбахт ва хонаеро обод созед, дигар илоҷ нест…
Модар инро гуфту гирист, келинҳо ҳам худро ба гардани хушдомани ҷигарсӯхта овехта, зор-зор мегиристанд…
Холаи Асила дид, ки келинҳо худашон ёри муносиб намеёбанд, дар ҷустуҷўйи домод шуд. Азизаро ба як хеши дури худаш, ки занаш сари фарзанд рафта буд, фотеҳа карду барои Гулҷон бошад, хостгор аз кўчаи ҳамсоя баромад. Марди ҷавоне ҳамсарашро сари хиёнат дошта, ҷавобашро дода буд. Мардуми ноҳия ин ҳодисаро ба обу ранги тоза ба якдигар нақл мекарданд, яке Асиларо дилсанг мегуфту дигаре ба имондорияш офарин мехонд…
Модари ҷигарсӯхта маъракае ороста, келинҳояшро ба хонаи бахташон равон кард. Зулфиқор, ягона наберааш бо хола монд…
Ҳамсарони келинҳо холаи Асиларо мисли модар ҳурмат мекарданду ҳамеша аз аҳволаш хабар мегирифтанд. Маҳз бо ёрии онҳо хола тамоми дороияшро фурўхта, дар пойтахт ҳавличае хариду дар яке аз бозорҳои пойтахт дӯкончаи атторие кушода, зиндагияшро аз нав оғоз бахшид…
Мағзи шакарандудаяки дона…
Зулфиқор дар бонуфузтарин мактаби пойтахт таҳсил карда, донишгоҳро дар Маскав ба охир расонида, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар сохтори бонуфузе ифои вазифа мекунад.
Бибии меҳрубон духтари зебоеро барои ў келин интихоб намуду соҳиби хонаи ободаш кард. Рўзи тўй медидам, ки келинҳо бо шавҳаронашон меҳмононро хушомадед мегўянду дар хизмати холаи Асила ҳастанд. Хола онҳоро ба ман нишон дода, гуфт:
- Ана, дидӣ, мегӯям, ки акаҳоят зинда шудаанд… Аҳмаду Самад… Дӯсташон медорам…
Ба бузургии дили ин модар тан додаам, зеро ҳамсони ин воқеаро надидааму нашунидаам…
Ба Зулфиқор менигаристам, ў шодона бо ҳамсараш рақси «Валс» мерафт, ду кабӯтарак… Гумон мекардам, ки рўҳи ду шаҳиди гулгункафан, бародарони азизи ман Аҳмаду Самад аз дуриҳо ин хурсандиро назора доранд… Онҳо низ, барои дили бузургаш ба МОДАР аҳсан мехонанд…
Нисо ХОЛИД
P.S. Ҳодиса воқеӣ буда, дар он танҳо номи қаҳрамонон иваз шудааст.