Занги модар
Модарам аз деҳа занг зада гуфт:
- Бачам, холаи Асиламоҳат бачаи Аҳмади раҳматиро зан медиҳад, мо рафта наметавонем, ту рафта табрик намо…
Модарамро гиря гулўгир намуду бо овози ларзон илова кард:
- Барои арўс ягон туҳфаи созтар бигирӣ, очат садқа…
Сухани модар барои ман қонун аст ва ҳама корро як тараф гузошта, ба табрики ду навҷавон рафтам, ба табрики Зулфиқорҷон, ки дар тифлиаш гаҳвораашро ҷунбонда будам… Ба табрики холаи Асиламоҳ, зане, ки дилу гурдаи мардона дорад. Ба тарабхона ворид шудаму гумон кардам, ки касе маро намешиносад, зеро бист сол боз онҳоро надидам, Зулфиқор он замон чор ё панҷ сол дошт. Вале Зулфиқор бо дидани ман аз тахти шоҳона поён шуду ба оғўшам гирифт, худамро дошта натавонистаму гирён шудам... Бехи гўшаш гуфтам, ту маро чӣ хел шинохтӣ? Зулфиқор дар ҳолате, ки оби чашмонаш мерехт, шӯхӣ мекард, аз бўякатон, акнун апаҷон гиря накунед, ки сурмаҳоятон мерезад. Ман пеши худ акаи Аҳмадро дидам, бо ҳамон қомати боло, бозувони тавоно, меҳрубон ва шўх… Ҳар гоҳе асабияш мекардам, фарёд мезад: ҳой аҷинаи таги мазор!!! Чун мегиристаму ба модарам шикоят мекардам, ў бо навозиш мегуфт, хай ана аҷинаи таги кӯпрук… Ман ором мешудам, гумон доштам аҷинаи таги кӯпрук унвони баландтар аст… Хоҳарамро бошад, пишаки осиёб мегуфт, аммо ў парвои лақабмониҳои ўро надошт.
Холаи Асила, ки аз синну солаш ҷавон метофт, садҳо бор садқаю балогардони ман шуда, маро сари миз шинонд. Тўй хеле зебо гузашт, дидори азизонро дидам, сухани табрикӣ гуфтам, рақсидам ва зиёд аз ҳама гиристам... Ва пеши худ мақсад гузоштам, ки қиссаи талхи сарнавишти як модари тоҷикро рўйи коғаз меорам, то ба дигарон сабақи зиндагӣ шавад.
Дўстони қадрдон
Падарам бо шавҳари холаи Асила, амаки Муҳиддин рафиқони ҷонӣ буданд. Амаки Муҳиддин дар соҳаи савдо кор мекарданду молҳои он замон камёбро ёфта меоварданд. Холаи Асила бошад, дар мағозаи тиллофурўшӣ кор мекард. Мо дар деҳа зиндагӣ мекардему онҳо дар маркази ноҳия. Рўзи шанбею якшанбе дар хонаи мо ба қавли модаркалонам «тўй» буд, зеро писарони холаи Асила - Аҳмаду Самад ба меҳмонӣ меомаданду ҳавлиямон дар ҳақиқат ҳам ба тўйхона монанд мешуд. Додаронам хеле хурд буданду онҳо бо ману хоҳарам бозӣ карданро ор дониста, тамоми бачаҳои ҳамсояро ба ҳавлии мо даъват намуда, ҳар гуна бозиҳо мекарданд. Ману хоҳарам ҳамеша ифтихор мекардем, ки бародарони шаҳрӣ дорем. Ростӣ, хеле калон шуда, баъд фаҳмидам, ки оилаи амаки Муҳиддин барои мо дўсти беҳтарин аст, на хеши наздик… Оҳиста-оҳиста бародарони мо ба воя расида, донишҷў шуданд, донишгоҳро хатм карданду онҳоро дар як рўз хонадор карда, тўйи бошукўҳе оростанд…
Ёд дорам, соли 1991 буд, акаи Аҳмад маро бо духтарчаи яксолаам рафта, худаш ба тўяш овард. Ду шаҳмарди зебо ва ду арўси мисли маликаҳо нозанин, ҳама хурсанд буданд, аммо модаркалонам норозиёна мегуфт: “Чашми бад нарасад, Худоё!”. Он вақтҳо ҷавон будаму ба ҳарфҳои модаркалонам аҳамият намедодам, намегуфтам, ки ҳиҷ сухани пирон беаҳамият нест.
Аждаҳои ҷанг
Шояд чашми бади гуфтаи модаркалонам ба ҳаёти хушу хуррами мардуми мо расид, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт… Яке аз аввалин қурбониёни ин ҷанг дар ноҳияи мо бародарони азизи ман, ки бароям аз бародари ҳамхун ҳам азизтар буданд, гаштанд…
Аҳмаду Самад дар даврони бозсозӣ замини бобоияшонро дар кўҳистони Вахё обод карда, он ҷо ҳавлии зебое сохтанд, бо сар шудани ҷанг як қисми молу мулк ва ҳамсарони ҷавонашонро ба он ҷо гурезониданд, дар хонаи ноҳиявияшон танҳо падару модарашон иқомат мекарданд. Азбаски амаки Муҳиддин як нафари дастбахайри дастархондор буд, гумон доштанд касе ба онҳо кордор намешавад, вале….
Аҳмаду Самад, ки ба ягон гурўҳ шомил набуданду аз кўҳистон ба хабаргирии волидайнашон ба ноҳия бармегаштанд, мошини онҳо ба кадом қумандоне маъқул шудааст. Бародарони паҳлавон ба фармони қумандони худкома розӣ намешаванду ба қавли шоҳидон Аҳмад муште ба даҳони бефаровези он худкома мефарорад…
Ҷасади ба хоку хун оғўштаи ду додари ҷавонмаргро пас аз як ҳафта ёфта, ба ноҳия оварданд. Ман дар тасвири он рўзи сиёҳ оҷизам, бори аввал дар умрам медидам, ки падарам мегиряд. Ў кушиш мекард оби чашмонашро нигоҳ дорад, вале наметавонист… Амаки Муҳиддин бо ранги кандаю чашмони берўҳ ба падарам менигаристу як зайл такрор мекард: “Хонам сӯхт, ҷӯра…, хонам сӯхт!!! Ду бачама куштанде, ду бачама!!!”. Падарам хомўшу бесадо ба дуриҳо менигарист, ашк рухсораҳояшро мешуст, рафиқашро тасалло ҳам намедод…
Ёд дорам, ҳар гоҳе додаронам мегиристанд, падарам онҳоро коҳиш мекард: “Дар ёд доред, мард бояд дар сахттарин лаҳза ҳам худашро нигоҳ дорад, мардака падараш мирад ҳам, бояд ашк нарезад! Акнун падари паҳлавонам, худаш ашк мерехт… ҷанги шаҳравандӣ барои ман аз ашкҳои падараму марги Аҳмаду Самад оғоз ёфт… Чӣ оғози хунин, сиёҳбахтию оворагию дарбадарӣ, хонабардушӣ! Худованд он рўзҳоро ба сари душмани кас наорад, моро аз офатҳо нигаҳ дорад!
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД
P.S. Ҳодиса воқеӣ буда, дар он танҳо номи қаҳрамонон иваз шудааст.