Sebiston new 2024 october
ҶИҲОД НАРАВ ХИЗМАТИ ВОЛИДОНРО БА ҶО БИЁР!
1592

 Таълимоти дини мубини Ислом саршор аз қоидаи ахлоқи хуҷаста, муҳаббату накӯкорӣ, эҳтирому ғамхорӣ нисбати инсон ба муъминон мебошад. Мартабан эҳтирому инсондӯстиро ба муқаддасоти динӣ пайвастааст. Чунонки Пайғамбар (с) дар “Ҳаҷҷат-ул-видоъ” ба ҷамъи мардум хитоб карда фармуданд: «Эй мардум Худои шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз хок офарида шудаед…». Дар ин ҳадиси гуҳарбор Пайғамбар ба асли инсоният ишора кардааст, ки ҳамаи инсоният вуҷудаш аз хок офарида шудааст. Чунонки бузурге фармудааст:

                   Нукта ба мардум норавост,

                   Кофару мӯъмин ҳама халқи Худост.

   Эҳтиром дар дини мубини Ислом қабл аз ҳама аз эҳтироми волидайн, уҳдадории онҳо дар тарбияи фарзанд оғоз мешавад ва бо эҳтироми мусофиру бенавоён, мардуми ғайри мусулмон тавсия меёбад.

     Эҳтироми падару модар ба дараҷаи аъло расидааст. Ҳадиси муқаддас аст, ки биҳишт зери қудуми модарон аст. Ҳатто ривоят аст, ки ҷавоне мехост ба ҷиҳод равад ва ба Ҳазрати Пайғамбар (с) муроҷиат мекунад. Ҳазрати Пайғамбар (с) пурсон мешавад, ки аз падару модар иҷозат пурсидаӣ? Ҷавоб медиҳад, ки не. Пас, Ҳазрати Пайғамбар дастур медиҳад, ки рав, хизмати падару модарро адо кун, ки он аз ҷиҳод авлотар аст. Падару модар низ масъулияте дар назди фарзанд доранд, ки ба ҷуз ба воя расондан, муҳимтаринаш илм омӯхтан ба фарзанд аст.

     Ғояҳои баланди ахлоқӣ дар илму адаби ҷаҳони Ислом мавҷуданд. Онҳо пойдевори мустаҳкамии ахлоқ, фарҳангу адаби исломиро ташкил додаанд. Гуманизми баланд, ахлоқи поку накӯсиришт, манбаи илҳоми адибон ва уламои ҷаҳони Ислом мебошанд. Қуръони карим ахлоқи Пайғамбар (с)-ро васф мекунад: «Ту бар хулқи азим офарида шудаӣ». Аҳли адаб чӣ зебо фармудаанд:

Мустафоро ҳазор мӯъҷиза буд,

Ки ба мардум хеле намуд муҳим.

Беҳтарини ҳазор муъҷизааш,

Адами нек буду хулқи азим.

Дини мубини Ислом мардумро ба ҳамкорӣ, муҳаббат ба якдигар ва бародарӣ даъват мекунад. Мӯъмин бародари мӯъмин аст. Бародари динӣ беҳтарин бародар аст, ин даъвати бузурги ахлоқист, ки Қуръони азимушшаън пешниҳод мекунад. Дини мубини Ислом талаб мекунад, ки ҳар мусулмон аз рӯи инсофу адолат амал намояд. Шахси боинсоф муродифи шахси обид аст. Бинои олам бар пояи адл мебошад.

Адл яке аз сифатҳои Худост. Дар Қуръони карим борҳо таъкид шудааст, ки боадлу боихлосу боинсоф бошед. Худо ба адолат амр мекунад.

     Амали бе ихлос ранҷи беҳосил аст, зеро Худованд халоиқро ба ибодати боихлос амр кардааст. Дар каломи шариф ба ин амал борҳо таъкид кардааст. Инчунин дар аҳодиси набавӣ таъкид шудааст. Муфассирини изом ихлосро чунин таъриф кардаанд: Ихлос он аст, ки бипӯши ҳасаноти худро, ҳамчунон ки мепӯшӣ сайиоти худро. Баъзе донишмандон гуфтанд: Ихлос он аст, ки шайтон иттилоъ наёбад бар он, то ботил накунад ӯро ва фаришта иттилоъ ёбад, то бинависад.

Шаробу зинову хунрезӣ гуноҳи азим аст

Адл муҳимтарин хислати ҷомеаи исломист. Дурӯғгӯию фиребгарӣ аз қабеҳтарин хислати инсонӣ шумурда, шахсони дурӯғгӯю қаллобро маҳкум ба дӯзах намудааст. Иғвогарӣ, муфтхӯрӣ, ғайбат, худписандӣ низ аз ҳамин гуна хислатҳои бад буда, Ислом онҳоро маҳкум месозад. Дини мубини Ислом шаробро ҳаром ҳукм карда, мардуми мусулмонро аз истеъмоли он манъ кардааст. Шаробнӯшӣ гуноҳ аст ва кас бояд ба ин кор даст назанад. Зино низ аз гуноҳҳои сахте аст, ки каси ин гуноҳро содир карда маҳкум ба муҷозот аст. Дини мубини Ислом хунрезиро манъ карда, касеро, ки ноҳақ хуни касеро резондааст, таҳдид ба азоби ҷаҳаннам мекунад. Аҳкоме, ки Ислом муқаррар сохтааст, барои пешгирӣ аз хунрезӣ аст. Илова бар он сулҳро ҳамеша тарғиб намуда, таъкид мекунад, ки мардум аз тариқи сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳам наздик шаванд. Оятҳои карима таъкид мекунад, сулҳ беҳтар ва накӯтар аз ҳама чиз аст.

       Меъёрҳо ва аҳкоми ахлоқии дини мубини Ислом беҳтарин муносибатҳои байни одамонро фаро гирифта, ҷомеаро ба шоҳроҳи ахлоқӣ ҳидоят мекунанд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ,

устоди ДИТ

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД