Arzon march 2024
Интиқоми муҳоҷири тоҷик
800


Суди Заелтсовои шаҳри Новосибирски Россия муҳоҷири 35-солаи тоҷик Қосимҷон Ҳоҷибоевро рӯзи 10-уми январ ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 158 ва 167-и Кодекси ҷиноятии Русия дар қасдан несту нобуд кардани молу мулки шахси дигар гунаҳкор дониста шудааст. Тибқи иттилоъи мақомот, муҳоҷири тоҷик 10 мошини гаронбаҳои корфармояшро оташ задааст.

Қосимҷон Ҳоҷибоев ҳам дар рафти тафтишот ва ҳам дар толори суд айби нисбаташ эълон шударо рад намуда, гуфтааст, ки он шаб дар ҷои дигар буд ва наметавонист гаражи корфармояш Дмитрий Матвеевро оташ занад. Аммо расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ин муҳоҷири тоҷик бо мақсади қасос гирифтан аз корфармои хасис, ки музди меҳнати ӯро пардохт намекардааст, гаражро оташ зада, 10 мошини қиматбаҳоро несту нобуд намудааст. Ҳаҷми умумии зарари расонидашуда 120 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД