Асад писари ягонаи волидонаш буд, қиссаи ба дунё омадани ӯ ва ишқи падару модараш ба афсона монанд аст.
Раҳмати шикорчӣ ҳангоми шикор дар кӯҳистон бо оилаи чӯпони лақае вохӯрд ва бо онҳо ошноӣ пайдо намуд. Аслан оилаи Сафармад дар яке аз ноҳияҳои ҷануби кишвар истиқомат мекарданд ва баҳорону тобистону тирамох дар дасту пушта чупни карда, охирхои тирамоҳ бо рамаи колхоз бармегаштанд. Раҳмат муаллими биология, ба табиату шикор завқи беандоза дошт ва тамоми рӯзҳои фориғ аз корашро ба шуғли дӯстдоштааш мебахшид. Дар як рӯзи боронии баҳорон шикорчӣ аз шохборон гурехта, зери як шах паноҳ бурд ва он ҷо гӯсфандеро бо баррачаи навзодаш дид. Баррача чанд лаҳза пеш ба дунё омада буд, ки мадори аз ҷой хестану макидани модарашро надошт, модаргӯсфанд шояд сахт азоб кашида буд, ки ба фарзандаш беҳавсала нигоҳ мекард. Шикорчӣ, ки чорводори хуб низ буд, аз алафҳои сабзу тари лаби ғор як даста барканда, ба назди гӯсфанд партофту баррачаро ба пистони модараш наздик бурд. Навзод бо лабакони нозукаш синаи пуршири модарро дошт ва фақ-фақ ба макидан даромад. Борон чунон меборид, ки гӯё аз гӯшаҳои сатил мерехта бошад. Раҳмат дид, ки «ҳамроҳонаш» серу осуда пинак мераванд, аз локии миёнаш каме нон ва равғани яхнӣ бароварда, наздаш монду ба шилдир-шилдири борон назар андохта, чошт хӯрд. Баъди чанде борон аз боридан монду кӯҳситонро хуршеди олам бо нурҳои зарҳалинаш гарм кард. Раҳмат мехост роҳашро давом диҳад, аммо гӯсфанду барачаашро ин ҷо гузоштан хатарнок буд, зеро метавонистанд, луқмаи хоми хирс ё гурги гуруснае шаванд. Аз кадом рамае қафо мондаанд, аз дил гузаронид шикорчӣ ва баррачаро зери бағалаш гирифт, гӯсфанд аз қафои ӯ равон шуд.
Хеле роҳ рафтанд, ки аз дур хаймаи чӯпонҳо намудор шуд, Раҳмат нафаси осуда кашида, ҳамон тараф рафт. Чӯпонон меҳмонро хуб қабул карданд, маълум шуд, ки онҳо ин гӯсфанди бордорро як ҳафта пеш гум кардаанду аз зинда буданаш кайҳо умед канда буданд. Сарчӯпон Сафармад, бо хурсандӣ аз ин амали неки Раҳмат истиқбол намуда, ба ӯ ташаккур баён кард ва ҳамин хел онҳо ёрони ҷонӣ шуданд. Акнун Раҳмат ҳар гоҳе ба шикор ояд, албатта ба рамаи ошнои лақайяш медаромад, барои зану писарони ӯ одами худӣ шуда буд. Баъзе шабҳо гирди гулхани чупонӣ Сафармаду Раҳмат рози дил мекарданд, боре шикорчӣ ба ҷӯрааш гуфт, ки даҳ сол боз бо ҳамсараш зиндагӣ мекунаду фарзанддор нашудаанд. Ман дар оила писари ягонаам, падарам ҷавон аз дунё рафтанду модарам ба ман ҳам падар буданду ҳам модар. Духтари холаамро ба занӣ гирифтаам, акнун аз тарси канда нашудани риштаи хешу таборӣ наметавонам ӯро талоқ диҳам. Бовар кунед, на табиб монду на мулло на духтуру на бахшӣ, ҳеҷ не фарзанддор шавем. Ҳамин вақт Сафармад ба ӯ таклифи аҷибе кард..
Медонӣ Раҳматҷон, ман як ҷиян дорам, духтари апаам, апаам сиёҳпича шуду шавҳараш дар ғами ҳамсари ҷавонмаргаш аввал майхораву баъд бемори ҷигар шуда, оламро падруд гуфт. Хешу таборонаш Олмахонро сархӯр гӯён, оварда ба хонаи мо партофтанд. Падару модари ман ҳам ба тифлаки бегуноҳ нигоҳ накарданд, ба сағирахона бурда партофтанӣ буданд, аммо зани ман ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:
- Ман панҷ писар дорам, ба хотири духтар боз таваллуд карданӣ будам, ҳарчанд саломатиям ба ин имкон намедиҳад. Худованд ба ман духтари аз обу гил баромадаи дусола фиристод, ман мегирам кӯдакро. Хулоса, мо Олмахонро калон карда, ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил кардем, онро хатм карду ба як ҷавони ҳамдеҳаамон ба шавҳар баромад. Аммо рӯзи тӯяш, хушдоманкалони садсолааш, ки солҳо бемор буд, фавтиду ба пешонаи духтаракам тамғаи бепою қадамро заданд. Сафармад нақл мекарду чашмонаш ғарқи об мешуданд, ӯ нақлашро давом дод, ана ҳамин хел баъди шаш моҳи зиндагӣ духтаракам хонавайрон шуд. Бори дуввум ба як занмурда ба шавҳар баромад, ин мард чор фарзанд дошт аз никоҳи пешин ва намехост, ки Олмахон фарзанддор шавад. Боре дар ин мавзӯъ гап кушодаасту мардаки ҷоҳил чунон зери мушту лагадаш гирифт, ки як моҳи расо дар беморхона хобид. Инак, се сол боз бе шавҳар аст. Ман ду сол боз туро мешиносам, агар розӣ шавӣ, Олмахонро зани дуюм карда гир. Ба вай ҳеҷ чиз даркор не, мо барояш дар маркази ноҳия хонаву дар сохтем, кор мекунад, нони даҳонашро меёбад.
Раҳмат аз ин таклифи ошнояш ҳайрон шуд ва гуфт, ки духтарро бинаму сӯҳбат кунам. Тобистон буду Олмахон дар рухсатии меҳнатӣ ҳамроҳи волидону бародаронаш ба айлоқ омада будааст, онҳо ба ҳам шинос шуданд. Раҳмат бо дидани чеҳраи нозанини духтари лақай дар ҳайрат афтод, ӯ ин гуна зебоиро ҳатто дар филмҳо надида буд. Олмахон қомати баланд, чашмони туркии мисли олу сиёҳ, мӯйҳои қатронии то зону хамзада дошту пӯсташ шир барин сафед буд. Хонум бо як назокати хос ва хеле ширин сухан мекард ва сабаби бори сеюм хонадор шуданашро танҳо фарзанд мегуфт. Ӯ сарашро хам карда гуфт:
-Аслан ман шавҳар карданӣ нестам, вале падару модарам мегӯянд, ки ақаллан барои худат як фарзанд бояд таваллуд намоӣ, то сари пириҳо танҳо намонӣ,- Раҳмат бо ҷону дил ошиқи Олмахон шуд ва Сафармад аз рӯйи ваъда бо як коса об онҳоро никоҳ карда, ба ҳамдигар дод.
Аз зани дуюм гирифтани Раҳмат касе хабар надошт, акнун шикорчии қоматбаланди абрӯсиёҳ миёни қуши Сафармади чӯпону деҳа чун тортанак мерафту меомад. Олмахонро рухсатии меҳнатияш ба охир расиду ба ноҳия баргашт. Раҳмат аз рӯйи маслиҳати пешакӣ аввал барои занаш дар беморхонаи ноҳияашон ҷойи кор ёфту баъд дар маркази ноҳия ҳавличаеро иҷора гирифта, Олмахонро ба он ҷо овард. Барои он ки рафтуомади бисёраш ба маркази ноҳия дар дили аҳли хонаводаашон шубҳа бедор накунад, ӯ дар як мактаби маркази ноҳия низ баъди нисфирӯзӣ чанд соат дарси биология гирифт. Кампири модараш зуқ-зуқ мекард, ки бо як сари қоқат чаро худатро азоб медиҳӣ, занаш низ аз ин амалаш норизо буд, аммо баъдҳо чизе нагуфтанд.
Давом дорад