Идро бидуни туҳфаҳо тасаввур кардан душвор аст, бинобар ин, меоем сари мавзуи туҳфаҳо.
Дар иди 8-уми март беҳтараш ба бонувону модарони худ гул туҳфа кунед. Гул ягона ва беҳтарин туҳфа барои ҳам гуна иду хушрӯзиҳост. Дар ин ҷашн ба ҳамсар гулдаста туҳфа кардан таъби ӯро ниҳоят болида сохта, василаи беҳтар гаштани муносибат дар оиладорӣ мегардад.
Ҳамзамон ба ҳамсар, арӯсшаванда ё зани дӯстдоштаатон шумо метавонед қулфинай дар шоколад (клубника в шоколаде) ороишоти тиллоӣ, нуқрагин, маводи ороишӣ, куртаи писандида ё атриёти хушбӯй тақдим намоед.
Барои модар беҳтарин туҳфа курта ва рӯймол, пойафзол ва ё портрет бо акси худи модар аст. Имрӯз аксҳоро дар зарфҳои гуногун низ наққошӣ мекунанд ва шумо метавонед акси модаратонро дар табақи зебо, болишт ё дигар ашёи зебо ва зарурӣ фармоиш дода, дар рӯзи ид барояш ҳадя намоед. Модарон аз дидани чунин туҳфа хеле хурсанд мешаванд, зеро он рамзи муҳаббат ва қадршиносии шумост.
Ба духтар ё набераатон шумо метавонед китоби писандида ва шавқовар, шоколади писандида, атриёт ё либос туҳфа намоед.
Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо кумак мерасонанд ва иди бонувону Рӯзи Модарро бо занҳои дӯстдоштаи худ ба таври афсонавӣ, хотирмон ва фаромӯшнашаванда мегузаронед.