Барои навзодон ду намуди шона лозим аст: шоначаи мулоими маҳскунӣ ё шонаи дандонаҳояш синтетикӣ, ки барои тоза кардани пӯсти сари навзодон муқаррар шудааст.
Шонаи чӯткааш мулоим аслан барои маҳси сари кӯдак пешбинӣ шудааст, он пӯсти нозуки тифлаконро озор надода, маҳси сабук мекунаду гардиши хунро ба эътидол меорад ва боиси мӯй баровардани навзод мегардад. Аз ин рӯ, ҳатто сари тифлакони бе мӯйро низ бояд шона кард. Аксари шонаҳои кӯдакона дандонаҳои васеъ ва дар нӯгҳояшон лӯлачаҳои хурд доранд. Қабл аз шона кардани сари тифлакон ба пӯсти сар равған молидан лозим аст. Шонаи тифлакон бояд аз маводҳои табиӣ ё пластики босифат омода шуда бошад. Шонаи чӯбинро зуд-зуд иваз кардан лозим аст, аз ин рӯ, аксари волидон шонаҳои синтетикиро интихоб мекунанд.
Барои тифлакони яксола шонаи бехатарро интихоб кардан лозим аст, то ки тифлак ба худ зарар нарасонад ва барои он ки кӯдакон шона кардани сарро одат кунанд, шонаи рангаш зебову дурахшонро харидорӣ намоед.