Брусчаткаро дар хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, беморхонаю тарабхонаҳо, боғу гулгаштҳо, роҳҳои пиёдагард истифода мебаранд, зеро тозагиро нигоҳ дошта ба бино зебу зиннати дигар мебахшад. Сангҳои табиӣ дар маҳалҳо ва боғҳо махсусан зебо ба назар мерасанд, зеро бо манзараи табиӣ комилан мувофиқанд.
Намудҳои брусчатка
Навъҳои брусчатка аз рӯи сифат, технологияи истеҳсол, ранг ва шаклашон фарқ мекунанд.
Брусчаткаҳои бетонӣ
Навъи маъмултарини маҳсулоти сангфарш - ин брусчаткаҳои бетонӣ мебошанд. Бетонро ба қолабҳо рехта, пресс ва баъд дар танӯрҳои термикӣ хушк мекунанд.
Брусчаткаҳои гилӣ
Гилро да қолаб гирифта, шакл медиҳанд, сахт мекунанд ва ранг карда, брусчаткаи гилӣ истеҳсол менамоянд.
Брусчаткаҳои сангфарш
Брусчаткаҳои сангфарш метавонанд оддӣ ё ранга бошанд, зеро на ҳама брусчаткаро ранг кардан мумкин аст. сангфаршҳои ранга ба хонаю биноҳо тарҳи эстетикӣ, дизайни ҷаззоб ва зебогии махсус медиҳанд.
Навъҳои брусчатка аз рӯи шакл
Маводҳои сангфарш одатан дар шакли плитаҳои роҳсозӣ сохта мешаванд. Сангҳои брусчаткаҳои сангфарш ғафстаранд, аз ин рӯ, истеҳсол ва гузоштанашон душвортар мешавад. Дар бозор ҳамчунин сангҳои мунаввар пайдо шудаанд, ки аз масолеҳи сунъии шаффоф сохта шуда дар дохилашон чароғакҳо гузошта шудаанд. Он бо панели офтобӣ кор мекунад: рӯзона барқ мегирад ва шабона медурахшад. Сангҳои дурахшанда на пурра дар қад-қади пайроҳаҳо, балки дар баъзе ҷойҳои махсус гузошта мешаванд.
Хусусиятҳои техникӣ
Масолеҳи сангфарш метавонанд аз ҳамдигар хеле фарқ кунанд ва хосиятҳояшон низ гуногун аст. Хусусиятҳои умумӣ, ки ҳангоми харидорӣ бояд ба назар гирифта шаванд:
Технологияи истеҳсолӣ - аз маъданҳои таббиӣ, бетон, пигментҳои ранга ва ғайра;
Мувофиқ ба хунукӣ - нишон медиҳад, ки чӣ қадар дар хунукию яхкунӣ ва оби зиёд тоб оварда метавонад;
Андоза, вазн - ҳангоми ҳисоб кардани сарфи масолеҳ ба назар гирифтан зарур аст.