Arzon march 2024
Интернет чизи хуб аст, агар...
323

Имрӯз, мо - хурду калон зиндагии худро бе интернет тасаввур карда наметавонем. Яъне, ҳоло интернет як ҷузъи зиндагиамон шудааст. Аммо оё фарҳанги истифодаи онро медонем ва ё аз ин навгонии илмиро, ки тақрибан дар бист соли охир вориди ҳаётамон гардид, дуруст истифода мебарем? Даст рӯйи сина гузошта мегӯям, ки “не” ва барои ин асос ҳам дорам.

Мо – калонсолон, аксаран онро барои тамошои видеоҳои дилхушкунанда, ё дидани сомонаҳои пучу бемаърифат истифода мебарем.

Кӯдакону наврасон бошанд, интернет дар телефонро ҳамчун як манбаи бозиҳои электронӣ, ё манбаи филмҳои ваҳшатноку бешармона қабул мекунанд. Волидони бофаҳму бофарҳанг, ки аллакай аз натиҷаҳои манфии он дар мисоли дигарон дидаанд, барои манъи истифодаи аз ҳад зиёди телефоним мобилӣ ҳама корро мекунанд, вале аксаран бенатиҷа. Чаро?

Ба андешаи ман, ин чанд сабаб дорад ва аввалинаш ин аст, ки худамон бояд барои фаразандон намуна бошем ва то тавонем, истифодаи телефони мобилӣ ва интернетро каматар кунем.

Дигар ин, ки мисле дар қутти сигор менависанд «тамокукашӣ барои шумо зарар дорад”, зарари истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилиро ҳар рӯзу соат таъкид кунем. Пеш аз ҳама, онҳоро бо чизҳои воқеиву фоиданок банд созем.

Ҳамчунин, бояд завқи бачаҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ бедор кунем, то ба ҷойи телефон ба даст китоб гиранд.

Ин буд чанд маслиҳат ба волидони он бачаҳое, ки аз меъёр зиёд аз интернет ва телефони мобилӣ истифода мебаранд.

Шуҳрат АҲМАДОВ, муаллими МТМУ № 65, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД