Arzon march 2024
Қиморбоз бо се талоқ қасам хӯрад, занаш талоқ мешавад?
1179


Марде пас аз бохт дар бозии қимор қасам ёд мекунад, ки “агар як бори дигар бозӣ кунам, занам ба ман се талоқ”, лекин нияташ талоқи зан набуда, балки ба мақсади манъ кардани худ аз ин кори бад чунин қасам мехўрад. Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад ё не?

Дилшод Раҷабова, ш. Норак.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ 

Шахси қасамхўрда, агар боз қимор бозад, ҳамсараш се талоқ мешавад. Аз ин рў, бояд аз ин кори ҳаром шадидан дурӣ ҷўяд ва зиндагии ободашро барбод надиҳад. Имкон дошта бошад, ин шахс барои огоҳӣ аз тафсилоти масъала ба Раёсати фатво муроҷиат намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД