Arzon march 2024
ИМА ба муҳоҷирони ғайрирасмӣ барои худихроҷшавӣ 1000 доллар медиҳад
06.05.2025
Oila.tj
198

Вазорати амнияти дохилии ИМА аз оғози як барнома барои муҳоҷирони ғайрирасмӣ хабар дод, ки ҳадафаш осон кардани раванди бозгашт ба ватан будааст.

Бино ба иттилои kommersant.ru, ба ҳар як муҳоҷири ихтиёран аз ИМА хориҷшаванда 1000 доллар пардохт карда мешавад. Дар ин бора дар иттилоияе низ, ки дар портали расмии Департаменти ИМА нашр шудааст, гуфта мешавад.

"Агар шумо дар ин ҷо ғайриқонунӣ қарор дошта бошед, худихроҷшавӣ беҳтарин, амнтарин ва камхарҷтарин роҳи тарки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва пешгирӣ аз ҳабс аст",- гуфтааст вазири амнияти дохилии ИМА Кристи Ноем.

Гуфта мешавад, ки акнун Вазорати корҳои дохилии ИМА ба муҳоҷирони ғайрирасмӣ барои сафар ва ҳангоми бозгашт ба ватанашон тавассути барномаи CBP Home кумаки молиявӣ пешниҳод мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД