Sebiston new 2024 october
Ҳилола бе шавҳар кӯдаки ҳаромӣ зоид?
4824

Хуршед дар оилаи одамони бомаърифат тарбия ёфта, чӣ будани макру фиребро намедонист. Падару модараш омӯзгори мактабҳои олӣ буданд ва Хуршеду бародаронашро дар руҳияи покдиливу поквиҷдонӣ тарбият намуда, намегузоштанд қадам аз роҳи рост берун ниҳанд. Самари ҳамин тарбият буд, ки ҷавон бисёр хушбовар ба воя расид.

Гумон мекард, ки ҳама мисли худаш якрӯй ва якдил ҳастанд ва қавлу амалашон аз ҳамдигар ягон фарқ надорад. Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро аъло хатм карда бошад ҳам, дар Ватан кор наёфта, Хуршед азми мардикорӣ намуд. Хушбахтона дар Русия кораш барор гирифт. Ҷавони босаводро дар як корхонаи номдор бо ҷону дил ба кор гирифтанд. Азбаски саводи хуб дошт, ба зудӣ забони кору коргаронро ёфта дар байни коллектив соҳиби обрӯю эҳтиром гашт. Кораш дар мулки бегона пешрав буду маблағи хуб ба даст меовард, вале…

 

Ишқи медсестра

Муаллими Зокирбой бемор шуду ин хабарро фарзандонаш ба зудӣ ба бародари кенҷагиашон расонданд. Хуршед дар вазнинхона будани падарашро шунида худи ҳамон рӯз билети самолёт хариду оҷилан ба Ватан парвоз кард. Бачаи баномус то аз беморхона баромадани падараш ягон лаҳза аз сари болини вай дур нашуда, бемордорӣ кард. Ана дар ҳамон шабу рӯзҳои мушкил тақдир ӯро бо ҳамшираи шафқат Ҳилола рӯ ба рӯ кард.

Ҳилола донишҷӯ буд ва пас аз дарсҳо дар беморхона навбатдорӣ мекард. Ин духтараки шӯху чаққон ҷавони қоматбаланду зеборо дар болои сари муаллим дида, тез-тез ба палатаи рақами 6 медаромадагӣ шуда монд. Хуршед тез-тез аз ҳоли падараш пурсон шудан ва ғамхории доимии Ҳилоларо нисбати бемор дида, шод мешуд, ки ҳанӯз ҳамшираю духтурҳои меҳрубон будаанд. Ҳамин тавр онҳо бо ҳамдигар чақ-чақ мекардагӣ шуданд. Ҳилола, ки духтараки ширинзабон буд, ба зудӣ дили Хуршеди аз макру ҳилаи ҷинси латиф бехабарро ба даст овард.

Оҳиста - оҳиста ҷавон ҳис кард, ки нисбати ин медсестра дар дилаш ким-чи хел як ҳиссиёти аҷибе ба вуҷуд омадааст ва як рӯз Ҳилоларо набинад, чизеро гум кардагӣ барин беқарор мешавад. Акнун вай навбати басти кории духтарро бесаброна интизорӣ мекашид ва баробари намоён шудани Ҳилола дар лабонаш табассум гул мекард. Ин муносибати гарми ҷавонон аз чашми падари Хуршед дур намонд. Муаллими рӯзгордида эҳсос намуд, ки писараш ҳамшираи шафқат Ҳилолабонуро сахт дӯст доштааст ва духтар ҳам нисбати Хуршед бепарво нест, аз ин хотир барои санҷиш шоме гӯё дар омади гап орзу кард:

- Ҳамин Ҳилолабону барин келин меёфтем, айни муддао мешуд-дия!

Ҳилола ин гапро шунида якбора суп - сурх шуд ва баҳонае пеш оварда, қариб тозон аз палата баромад, Хуршед бошад, рӯяшро ҷониби дигар гардонд, то дигаргун шудани авзояшро падараш пай набарад, вале барои падари зиндагидида ҳаминаш кофӣ буд, ки хулоса барорад.

 

Тӯйи осмонкаф

Ду моҳ пас аз шифоёбиаш муаллими Зокирбой ба хонаи падари Ҳилола хостгорӣ рафт. Тарафи духтар одамони баобрӯ будани хостгоронро фаҳмида, дарҳол розигӣ доданд ва ноншиканон карда, Хуршеду Ҳилоларо фотиҳа намуданду аз пайи тарадуди тӯй шуданд. Волидони домоди хушбахт харҷу ҳароҷоти калон карда, барои арӯси кенҷаписарашон чунон ҷиҳози зебое бурданд, ки даҳони аҳли маҳалла аз диданаш воз монд.

Ҳаққу ҳамсояҳо бо баҳонаҳои гуногун ба хонаи Муродбой сар мехалонданд, то бори дигар саропои шинам ва зару зевари барои Ҳилолахони нозанин овардаи модаршӯяшро бубинанд. Хурсандиву хушбахтии фарзанд барои падару модар беҳтарин мукофот аст, аз ин хотир муаллиму ҳамсараш сарашонро ба қавле ба санги осиёб зада, тӯйи боҳашамат оростанд ва арӯси писарашон Хуршедҷон Ҳилолабонуро бо корвони мошинҳои гаронбаҳо бо шукуҳу шаҳомат ба тарабхонаи бисёр зебо орододашуда бурданд. Дигарон як ҳофиз биёранд, муаллими Зокирбой дар тӯйи писари кенҷагиаш панҷ - шаш сарояндаро даъват карда буд ва маҳфил чунон хотирмон гузашт, ки таърифаш чанд моҳ дар забони мардум буд.

 

Домоди беқарор

Арӯси нозанини хушқаду қоматро бо сад орзуву ҳавас ба хона оварда, маъракаҳои рӯбинону ордбезонро гузарониданд ва ба янгаҳои аз паси Ҳилола омада туҳфаҳои бисёре дода бо обу иззат гуселашон намуданд. Хуршеди ошиқ бесаброна фаро расидани шабро интизор буд, то ба васли Ҳилолаи нозанинаш бирасад. Вай барои арӯси камарборикаш гарданбанду дастпонаи нигини бриллиант дошта харида буд ва мехост бо дасти худ онҳоро ба гардану дастони нозуки Ҳилола пӯшонда, аз тамошои ҳусну ҷамоли арӯси нозанинаш лаззат бубарад.

 

Макри арӯс

Ниҳоят шоми деринтизори висол фаро расид. Холаҳои арӯсу домод рахти хоби навхонадоронро аз ҳафт қабат кӯрпаи мулоим ороста ба рӯяш ҷойхоби оҳарии барф барин сап-сафедро кашиданду ба онҳо хоби хуш орзу карда, баромада рафтанд. Ҳилолаи нозанин тӯри арӯси дар сар дар як кунҷи хона рӯяшро ҷониби девор гардонида, рост истода буд ва баробари аз дар даромадан Хуршед гумон кард, ки имшаб моҳи тоқи осмон роҳгум зада ба манзили вай фуруд омадааст.

Домоду арӯс хеле аз ину он суҳбат карда, баъд ба бистар даромаданд. Хуршед аз лаҳзаи аввали ҳамболин шудан эҳсос кард, ки арӯсаш дар боби муносибатҳои маҳрамона чандон бетаҷриба нест, зеро Ҳилола хеле моҳирона ӯро навозиш мекард. Аввал ба дилаш шубҳа роҳ ёфт, вале баъд духтур будани Ҳилола ба ёдаш расиду “ин чизҳоро ба онҳо дар донишгоҳ меомӯхтагистанд-дия” гӯён, худашро тасаллӣ дод. Доғҳои тозаи хун дар болои рӯйҷо зоҳиран аз бокирагии арӯс дарак медоданд, вале Хуршед ҳис кард, ки покдомон будани ҳамсараш андаке шубҳаовар аст.

Ҷӯраҳояш, ки пештар аз вай зан гирифта буданд, дар боби шаби аввали арӯсӣ қиссаҳои зиёде мекарданд, аммо Хуршед аз ҳамбистарӣ бо арӯсаш Ҳилолабону ҳузуру ҳаловатеро эҳсос накард, ки тасвирашро шунида буд. Бокирагии ҳамсараш сандуқи шикастаеро мемонд, ки дубора таъмираш кардаанд.

Домоди бечора дар ин хусус даҳон кушоду ба балои азим гирифтор гашт, Ҳилола “шумо маро туҳмат мекунед ” гӯён, чунон гиряву ноларо бардошт, ки ҷавони бетаҷриба саргаранг шуда, намедонист чи тавр арӯсаки зебои “таҳқирдида ”-ро ором намояд. Оби чашми арӯси макор домоди содадилро бовар кунонд, ки ҳамсараш айбе надорад, вале тавре ки мегӯянд, ки сирре нест, ки як умр ниҳону нокушода монад...

Боз ба ғурбат

Се моҳ пас аз тӯй Хуршед боз ба Русия рафт. Ваъда дода буд, ки пас аз ду моҳ бармегардад, вале “гапи хона ба бозор рост намеояд” гуфтагӣ барин, кораш дар он ҷо барор гирифту як соли дароз дар Маскаву Дубаю Хитою Туркия гашт. Дар ин миён тез-тез ба хона занг зада аз ҳоли падару модар ва ҳамсараш хабардор шуда меистод. Кӯки чашми модар аз роҳпоӣ канду ҳеҷ не ки Хуршед ба хона баргардад.

 

Ваъдаи бозгашт

Як бегоҳ ҳангоми занг задани Хуршед модар норозиёна гуфт:

- Ҳар дафъа меоям гуфта, моро фиреб мекунию ҳеҷ нест, ки биёӣ.

- Очаҷон, пагоҳ ба хона бармегардам, вале илтимос, ин гапро ба ҳеҷ кас нагӯед. Ба келинатон “сюрприз” кардан мехоҳам,-Хуршед инро гуфта гӯширо монд.

Ҳилола аз паси модаршӯяш ба ошхона даромада баногоҳ ин гуфтугузори очаю бачаро шунида монд, вале худашро ношунида вонамуд карда, баромада рафт. Вай ба хонаи хобаш даромада, сурати калони арӯсию домодияшонро аз даруни ҷевон гирифт ва бо чашмони ашкбор дурудароз ба акси хандони шавҳараш нигариста, зери лаб пичиррос зад:

- Худоё, ин чӣ кори кардагиям буд? Пагоҳ Хуршед биёяд, ман ба вай чӣ ҷавоб медиҳам? Пас аз ин қадар макру фиреб чи хел ба рӯйи шавҳарам менигарам?

 

“Сюрприз”-и келини таърифӣ

Хуршед бо дили шоду пур аз фараҳ аз дарвоза даромада нидо кард:

- Очаҷон, ман омадам!

Аҳли оила тозон ба истиқболаш баромаданд. Аҳли оила, падару модар ва хоҳару додаронаш бо навбат ӯро ба оғӯш гирифта, бо меҳр мебӯсиданд. Дар байни аҳли хонадон ҳамсарашро надида Хуршед дар куҷо будани Ҳилоларо пурсон шуд.

- Саҳар ба кор рафта буд, шояд ягон бемори вазнинро оварда бошанд ё ягон кори дигараш баромадааст,-келинашро тарафгирӣ намуда гуфт модараш ва афзуд:

- Худат ба занат «сюрприз» кардан хостӣ, вагарна ман ба вай мегуфтам имрӯз ба кор намерафт.

Аҳли оила сари дастурхони пурнозу неъмат хеле нишастанд, вале ҳамоно аз Ҳилола дарак набуд. Хуршед хавотир шуда ба занаш занг зад, вале телефони Ҳилола ҷавоб надод. Ба модараш занг заданд, гуфт, ки чанд рӯз боз духтараш ба вай занг назадааст. Ба ёди Хуршед дугонаи наздики Ҳилола - Зебӣ расид ва осемасар аз дафтарчааш рақамҳои ӯро пайдо намуда, дар куҷо будани Ҳилоларо пурсон шуд.

-Акаи Хуршед, дигар занатонро накобед. Ҳилола дар таваллудхона, як соат пештар духтарча таваллуд кард,-Зебӣ инро гуфту осемасар телефонро хомӯш кард.

Аз шунидани ин гап рангу рӯи Хуршед пахта барин сап-сафед канда, оҳиста дар ҷояш нишаст ва зери лаб пичиррос зад:

- Ҳилола духтарча таваллуд кардааст?! Охир аз рафтани ман қариб якуним сол гузашт-ку!

Модари ҳайратзада ба гӯшҳояш бовар накарда, худ ба худ мегуфт:

- Ҳилола ҳомиладор будааст?! Чаро ман, як зани рӯзгордидаи соҳиби чанд фарзанд инро ҳатто пайхас накардам?!

- Ҳамааш айби худам, шаби аввали ҳамхоба шуданамон пай бурда будам, ки Ҳилола бокира нест, вале ба оби чашмаш бовар карда, ин сирро ба касе фош накардам. Ҳилоларо чунон сахт дӯст медоштам, ки ногуфтанӣ.

Гумон доштам, ки ҳамсарам ҳам маро бесаброна интизор аст, танҳо ба ҳамин хотир ба вай “сюрприз” карданӣ шудам, вале Ҳилола пешдастӣ намуд. Вай ба ман чунон “сюрприз” - и аҷибе кард, ки як умр қоматамро шикаст, - Хуршед бо ду даст сарашро дошта, бо чашмони пуроб афсӯс мехӯрд, вале тавре ки мегӯянд, мушти баъди ҷанг ба ёд расидаро бояд ба сари худ зад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД