Сомонаи хабаргузории Sputnik дар истинод ба котиботи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҳангоми гузарондани корҳои санҷишӣ нозирони минтақавии милитсия ва кормандони прокуратураи Хуҷанд фиреби соҳибкор Илҳом Ориповро дар хусуси ба фурӯш гузоштани гӯшти кӯҳнашуда ошкор намуданд.
Орипов гӯшти сармозадаи бесифатро дар намуди қимма коркард карда, барои ба фурӯш гузоштани он дар яхдони дуконҳои 40 ва 41 и бозори “Панҷшанбе” нигадорӣ намудааст.
“Дар фурӯшгоҳҳои рақами 40 ва 41 и бозори “Панҷшанбе”, ки ба соҳибкор Илҳом Орипов таалуқ дорад, 86 кило гушти гов дарёфт гардид, ки дар ҳолати кӯҳна ва сармозадагӣ барои минбаъд ба фурӯш баровардан дар яхдонҳо нигаҳдорӣ мешуд. Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд хулоса додааст, ки маҳсулоти гуштӣ ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад”, таъкид намуд Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд.
Тибқи гузориши манбаъ, арзиши умумии он гӯшти кӯҳнашуда 3870 сомонӣ буда, тибқи хулосаи Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд ин маҳсулоти гӯштӣ, аслан ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон ҷавобгуй набуда, балки аз ҷиҳати сифатнокӣ ба саломатии инсон хатарзо мебошад.
Аз рӯи фарзияҳои мақомот маҳсулоти муҳлатгузашта коркард шуда, онро соҳибкор дар намудани қимма ба яхдонҳо ҷо намуда ба фурӯш гузоштан мехостааст.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса, нисбати соҳибкор Орипов Илҳомҷон Иброҳимович, соли таваллудша 1987 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи талаботи 209 и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва тафтиши ин қазияро прокуратураи Хуҷанд пеш мебарад.
Котиби матбуотии РВКД дар Суғд даъват мекунад, ки шаҳрвандон дар вақти хариди маҳсулоти ғизоӣ ба муҳлати он эътибор диҳанд ва ҳамчун истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд.