Arzon march 2024
Ихтироъкунандаи кроссовкаҳои “NIKE” кист?
01.09.2023
ОИЛА
997

 

Билл Бауэрман, ки солҳои 50-уми асри гузашта мураббии варзиши сабук буд, ҳамвора кроссовкаҳоро такмил медод.

Дар ин кор таҷрибаи кофӣ ҳам дошт, зеро аввалин намунаҳои пойафзоли варзишии “Cortez”-ро маҳз ӯ офарида буд.

Орзуи ягонааш ин буд, ки кроссовкаҳо боз ҳам сабуктар бошанду дар ҳама ҷо пӯшида шаванд.
Соли 1970 ҳангоми хӯроки субҳ аз вафлӣ илҳом гирифт.

Ӯ фикр кард, ки агар шакли вафлиро дар тагчарми кроссовкаҳо истифода барад, он боз ҳам чандиртар хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, нахустин намунаи пойафзоли варзишии бо “усули вафлӣ сохташуда” соли 1972 дар мусобиқаҳои олимпии варзиши сабук дар Орегон (ИМА) истифода гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД