Дар асл номам Лола аст, вале маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Ҷигарелла мешиносанд.
Ман мисли дигар занону духтарон аз тақдир нлида намегардам, зеро ҳар як инсон бояд тақдирсози худ бошад. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонон шинос шуда, бахтамро бо ҳамин роҳ пайдо кардан мехоҳам. Аксари шиносҳои интернетиам суроғаи маро гирифта, бо тӯҳфаҳои қимматбаҳо ба суроғам меоянд ва ба ман изҳори муҳаббат намуда, пешниҳоди хонадоршавӣ менамоянд, аммо ман саросема нестам. Аз ҳамин хотир дар як шабонарӯз 24 соат дар интернет ҳастам ва онлайн суҳбат мекунам. Иқрор мешавам, ки барои интернет ягон тин сарф намекунам. Ба хотири бо ман чақ-чақ кардан ошиқони интернетиам худашон ба телефонам пул мепароянд. Се телефон дорам, ягонтаашро бо пули худам нахаридаам. Якеро Аброр ном муҳоҷирбача равон кард, ду телефони дигарро бо пули кавалерҳоям харидам. Кару фар ва сару либосамро дида бисёриҳо маро бойдухтар гумон мекунанд, вале дар асл чунин нест. Тамоми аҳли оилаамонро ман мехӯронаму мепӯшонам.
Эҳтимол шумо маро фоҳиша гумон кунед, лекин байни ману ошиқони интернетиам ягон хел муносибати маҳрамона вуҷуд надорад. Ман танҳо бо гап дили онҳоро ба даст оварда, аз ҳисобашон чарида мегардам. Мақсадам танҳо як чиз аст, мехоҳам тариқи интернет ягон ҷавонмарди асилро пайдо намуда, оиладор шавам ва ҳаёти хушбахтона ба сар барам...
Хабарнигори сомонаи Оила тч-харчанд хост суханони ин духтаракро тариқи видео ба навор гирад, аммо Лола ё Ҷигарелла розӣ нашуда, танҳо се аксашро доду халос!