Меҳрубон суханҳои Баҳромро гӯш медоду сар ҷунбонида, тасдиқ мекард. Вале ҳушу ёдаш ба бародараш банд буд.
- Меҳрубонҷон, ба ту як сирро мегӯям. Эҳтимол Самандар ба ту гуфта бошад. Аслан ин сир ҳам нест, ин танҳо барои рӯҳбаланд кардани ту буд.
- Чӣ гап аст ака? Боз кадом сир?
- Замони донишҷӯият ёдат ҳаст?
- Бале, ёдам ҳаст.
- Ту донишгоҳро на буҷавӣ, балки шартномавӣ таҳсил кардаӣ. Тӯли чор сол бародарат барои рӯҳафтода нашуданат туро "буҷетӣ гузаштаӣ" гуфту пули донишгоҳро худаш месупорид.
- Чӣ? Ман шартномавӣ таҳсил кардаам? Хобгоҳҳои ройгон чӣ?,- ҳайрон шуда пурсид Меҳрубон.
- Ҳамаашро бародарат пардохт мекард. Ту шартномавӣ таҳсил кардаӣ, аммо бародарат барои рӯҳбаланд шуда, нағз хонданат чунин карда буд. Мехост ту соҳиби илму дониш шавию касбу кор.
Меҳрубон ҳайрон буд. Наход чор сол бародараш чизе нагуфта, шартномаи додарашро пардохт карда бошад?
Меҳрубон чизе гуфта натавонист. Ӯ дар ҳолати шокӣ буд.
- Шумо рост мегӯед, акаи Баҳром?,- ҳайрон шуда пурсид Меҳрубон.
- Бале, ту чунин бародари бузург дорӣ. Ту бояд бо ӯ фахр кунӣ. Кош пайвандони ман ҳам мисли Самандар ба маънои томаш мард мебуданд.
Меҳрубон дарун-дарун месӯхт. Аз худ суол мекард, ки додар шуда барои бародараш чӣ кард? Бародараш то ҳамин дараҷа муҳтоҷ шудааст, ки барои писараш сихкабобро ба қарз мегирад? Ҳамин аст акаву додарӣ? Ин суолҳо ӯро азият медоданд.
Меҳрубон назди мағозае мошинро дошт.
- Акаҷон, як дақиқа нишаста истед, ман ҳозир меоям,- гуфту аз мағоза нағзакак харид кард. Орду биринҷу картошкаву сабзӣ ва шириниҳои гуногун харид.
Меҳрубон ба хонаи бародараш рафт. Бародарашро дида, давида рафту оғӯш кард. Ҳарду гиристанд.
- Ҷигарбандам, бародарҷонам, маро бубахш, додари бемуруввататро бубахш. Бубахш, ки тӯли ин солҳо аз ҳолат бехабар будам...
Аз ин саҳнаи маҳзун ҳама гиристанд. Меҳрубон сихкабоби "якметра"-ро гирифта ба ҷиянаш овард. Харидҳои кардаашро ба янгааш супурд.
- Акаҷон, барои табобати ҷиянам чанд пуле, ки лозим бошад, ман медиҳам. Ҳоло ба як рафиқам занг задам. Ӯ дар ин соҳа профессор аст. Биёед вақтро беҳуда нагузаронида, зуд ба духтур барем.
Самандару Меҳрубон якҷо ба духтур рафтанд. Ӯро аз муоинаи тиббӣ гузарониданд.
- Мебахшед, кӣ ба писаратон чунин ташхис гузоштааст? Писаратон саратон нест. Дар ӯ ягон аломати саратон дида намешавад.
- Чӣ?,- ҳайрон шуданд Самандару Меҳрубон.
- Бале, ӯ саратон нест.
- Охир, дар ин ташхисҳо ӯро саратон баровардаанд.
Духтур ҳайрон шуд. Коғазҳоро гирифта дид, ки воқеан дар он ташхис саратон баровардаанд.
- Ростӣ намедонам. Ин чиз хеле кам дар таҷриба вомехӯрад. Рафта-рафта бемор шифо меёбад. Ё баъди ҷарроҳӣ сиҳат мешавад. Лекин кам андар кам. Ин як муъҷиза аст, ки писаратон тӯли се соли беморияш яку якбора шифо ёфтааст.
Самандару Меҳрубон ҳамдигарро сахт ба оғӯш кашиданд. Аз ин лутфу муъҷизаи Худованд шукр мекарданд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ