Ҷигарбандам (ҚИСМИ 3)
389

- Ду моҳ аст, ки аз ин ҷавон сихкабоб мегирам, вале ба қарз. Худам ҳам шарм медорам. Маро дуруст фаҳмед. Ҳамин ки писарам шифо ёфту корҳоям каме хуб шуданд, ҳатман бармегардонам.

- Акаҷон, маро бубахшед. Ман шуморо нодуруст фаҳмидам. Ман роҳбари ҳамин ошхона ҳастам. Мана, ин шаш сих сихкабобро гиред. Қарзҳои дафтарро ҳам фаромӯш кунед. Ман ба ҳамааш яку ба ҳазор розӣ.

- Не, не. Ман бармегардонам.

- Не акаҷон. Имрӯз шумо муҳтоҷ, пагоҳ ман. Дар чунин вазъият ҳамдигарро дастгирӣ накунем, чӣ тавр ман одам гуфта даст пеши бар занем,- аз ин ҳолат мутаассир шуда, гуфт ошпаз.

Самандар хушҳол шуд. Хушҳол шуд, ки барои писараш сихкабоб мебарад. Бо ду дасти холӣ назди писар намеравад. Сихкабобпаз ҳанӯз аз ин ҳолати ҳузнангези мард ғамгин буд. Ба кор кардан дасташ намерафт. Ҳамин замон як муштарии дигар омад.

- Ассалому алайкум.

- Салом. Биёед акаҷон.

- Мо каме пеш сихкабоб супориш дода будем. Сихкабоби ба қавле "якметра".

- Сихкабоби шумо омода аст, акаҷон. Ҳозир ба пешхизмат мегӯям, меоранд...

- Ба шумо чӣ шуд? Чаро рангу рӯятон паридааст?,- суол кард ҷавон.

- Ҳо ана ҳамон мардро мебинед?

- Бале,- ҷавон нағзтар нигоҳ кард, ки марди рафтаистода бародараш аст.

- Чӣ шудааст ба ӯ?,- пурсид Меҳрубон.

- Ӯ ҳар рӯз сихкабоб мегирад. Бениҳоят муҳтоҷ аст. Писари бемор доштааст, ҳар рӯз дилаш сихкабоб мекашад мегӯяд. Бечора мард пул надоштааст. Ҳар рӯз як дона сихкабоб ба қарз мегирад. Уфффф, қиссаи талхи мард диламро пора-пора кард. Ҳайронам, ӯ додару бародар надошта бошад, ки кумак кунанд? Ҳа, додару бародарои замонавӣ-да. Э худаш меҳру муҳаббат ҳам байни инсонҳо бардошта шудааст.

Суханони ошпаз ба Меҳрубон сахт таъсир кард. Вале нагуфт, ки марди рафтаистода бародараш аст. Меҳрубон ҳайрон шуд, ки чаро бародараш муҳтоҷ будааст? Чаро?

Пешхизмат сихкабоби "якметра"-и Меҳрубонро овард. Дар як зарфи зебо онро гирифта буданд. Меҳрубон пули сихкабобро дода, пурсид:

- Он марди гуфтаатон чӣ қадар қарздор аст?

- Ӯ дигар қарздор нест. Ман ҳамаашро бахшидам. Боз гуфтам, ҳар вақте ки лозим шавад, биёяд.

- Тамоми вуҷуди Меҳрубонро ларза гирифт. Наход як одами бегона ҳамин қадар некӣ кунаду ӯ додар шуда истода аз ҳоли бародараш бехабар бошад. Меҳрубон сихкабобро ба мошин гузошту роҳ сӯйи хонаи бародараш пеш гирифт. Камтар рафта, дӯсти бародараш Баҳромро вохӯрд.

- Э, Меҳрубонҷон, дидӣ, ниятҳо холис. Ман назди бародарат рафтанӣ будам. Туро дида мондам, ту ҳам хонаи бародарат равонӣ ба фикрам?

- Бале ака. Ҳамон ҷо рафтаниям.

Баҳром ба мошин савор шуд. Онҳо аз ҳамдигар ҳолпурсӣ карданд.

- Э бародарат одам не, ҷони одам аст. Мисли вай марди боадабу вазнину батамкинро надидаам. Хайр, зиндагӣ пастию баландиҳо дорад мегӯянд. Пастию баландияш ҳамин-да, додарҷон. Замони серпулияш ба ҳама кумак мекард. Як дасташ фақат дасти хайр буд. Борҳо муҳтоҷ шуда омадам, боре ҳам не нагуфта, пул бароварда медод. Боз "ин қарз не ака, ин барои акаву додарӣ" гуфта, пулҳои додаашро қарз ҳисоб намекард. Афсӯс...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД