Ҷигарбандам (ҚИСМИ 1)
706

- Ҳамин аст додару бародарӣ? Ҳамин аст подоши меҳру муҳаббати шумо? Шабу рӯз додарам гуфта ҷон кандед. Хонад, донишманд шавад, соҳиби кор ва обрӯю эътибор шавад гуфтед. Вақти серпулиятон шараққос аз сараш пул пошидед. Оиладор кардед. Канӣ як бор аз ҳоли бечораи ману шумо хабар гирифт?

Хайр ману шумо акнун як тараф, ақаллан падару модари пирашро нигоҳубин кард? Бо вуҷуди камбағалиятон харҷу марҷи маросими дафни волидонатонро ҳам худатон пардохт кардед...

Ҳамин аст меҳри додару бародариятон, а? Ҳамин аст? Лоақал як бор ҳамин ҷияни беморашро, ки рӯзҳои башумори умраш мондааст, хабар нагирифт. Боз он кас "дасткушоду" "валинеъмат".

Камбизоат бошад ҳам, майлаш буд, гила намекардам. Ё мо пулдор бошему барои табобати писарамон пуламон расад, майлаш буд. Аммо, мо дар чӣ вазъияту ҳол қарор дорем?

Самандар, аз ман хафа шавед ҳам, майлаш. Лекин ба рӯйи чунин додар, ки аз ҳолу аҳволи бародар хабар намегирад, аз ҳоли ҷияни бемори кӯтоҳумраш хабар намегирад, ман туф кардам,- Гулбаҳор бо алам ба шавҳар аз додаршӯяш шикоят мекард. Шикоят мекард, ки боре ҳам додаршӯяш аз ҳолашон хабар намегирад.

Самандару Гулбаҳор тамоми дороияшонро барои табобати писарашон фурӯхта, бар замми ин қарздор ҳам шудаанд. Аммо, додаршӯяш бо сарвату давлати зиёд кайфу сафо карда мегардад.

Гулбаҳор аз ҳоли зори фарзандаш дарун-дарун месӯхт. Гиря гулӯгираш кард. Аз як тараф бепуливу аз тарафи дигар рӯз аз рӯз хазон шудани ғунчаи умедаш ӯро афсурда карда буд.

Самандар, ки марди ботамкин, баодобу хушмуомила буду зану фарзандонашро бениҳоят дӯст медошт, ба суханони завҷааш чизе нагуфта, курсии нишастаашро бо дастонаш мехарошид. Аммо "ман туф кардам" гуфтани Гулбаҳор ӯро сахт асабонӣ кард.

- Бас, даматро гир! Дигар номи додарамро ба забонат нагир. Дар ҳақаш ҳарфи бад нагӯ. Ман ба ҳар як некии кардаам розӣ ҳастам. Фаромӯш накун, ҳар чизе, ки кардаам, барои ҷигарам, барои додари ҷонам, барои амонати волидонам, барои азизтарин инсонам кардаам ва аз ин кардаҳои худ розӣ ҳастам. Ба қадраш расид, беҳтарин, ба қадраш нарасад ҳам, майлаш. Дар мавриди табобати писарам ҳар чизе, ки аз дастам омад, кардам ва мекунам. Агар зиндаву саломат бошам, писарам шифо ёбад, молу давлат меёбам.

Гулбаҳор, то ин дам ман худам афтодаву хестаам. Худам худамро дидаам. Аз касе кумак ҳам напурсидаам. Бале, қарз гирифтам, қарздор шудам, аммо қарз қарз аст. Ҳатман писарам ки шифо ёфт, он ҳамаро бармегардонам. Худамро барқарор мекунам,- гуфт Самандар маҳзунона.

- Самандарҷон, садқаатон шавам. Маро фаҳмед. Ман дар чӣ ҳолу аҳвол қарор дорам. Дар пеши чашмонам писарам хазон мезанад. Ҳар як оҳу нолаи кардааш қалбамро пора мекунад. Чӣ кор кунам, ки писарам шифо ёбад...,- ҳунгосзанон гириста мегуфт Гулбаҳор.

- Шукр намо! Шукр намо, ки ҳоламон аз ин ҳам бадтар нест. Шукр намо, ки сарпаноҳ дорем. Шукр намо, ки духтурони ботаҷриба ҳастанд. Шукр намо, ки ба мо доруи нестдарҷаҳон нагуфтанд. Шукр намо, ки ақаллан бо ҳамин доруҳо писарамон оромиш меёбад,- оҳи чуқур кашида суханашро идома дод.

Чӣ, ба ман осон аст? Ман ба ҳоли маъсуми писарам намесӯзам? Чӣ, оҳҳои кашидааш қалби маро пора намекунад? Мекунад! Ҳар як оҳаш мисоли ханҷаре аст, ки рост ба қалбам меравад. Ҳар як оби дидааш вуҷудамро месӯзонад. Чӣ, ман ӯро дида обу адо намешавам?...

Қалби ман аз санг аст? Не, ман барои шумо, ман барои писарам, ман барои ояндаи дурахшони фарзандонам шикаста бошам ҳам, намерезам,- ҳунгосзанон гирист Самандар.

Ҳамин замон писараш Суҳроб ҳоли маҳзуни падарро дида, аз дар оҳиста даромаду рафта падарашро маҳкам оғӯш кард.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД