Sebiston new 2024 october
Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта
1796


Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Ҳамасола аз ҷумҳурии мо низ ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири дарёфти кору манбаи даромад ва пайдокардани ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон ба дигар кишварҳо сафар мекунанд. Албатта муҳоҷирати меҳнатӣ як падидаи нек буда, ба беҳдошти сатҳи зиндагии оилаҳои муҳоҷирон мусоидат менамояд, вале муҳоҷират паёмадҳои дигарро низ ба думбол дошта, аз меҳру муҳаббати падар ё модар дур мондани фарзандон, бо сабаби набудани сардори оила ва мушкилоти иқтисодӣ сари вақт соҳиби зоднома ва шиноснома нагаштани кӯдакону наврасон ва дур мондани онҳо аз таълиму тарбия аз зумраи мушкилоте мебошанд, ки фарзандони оилаҳои муҳоҷиронро бештар домангир мешаванд.

photo_2022-06-17_10-39-57

Лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарор дошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ” ба хотири кӯмак ба чунин кӯдакон роҳандозӣ гашта, натиҷаҳои хубе ба бор овард.

Рӯзи 15-июн дар меҳмонхонаи “Серена” бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарор дошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ” баргузор гашта, аз лоиҳаи мазкур натиҷагирӣ карда шуд. Дар оғози ҷаласа Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, Марк Буҷманн, сардори раёсати ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Руслана Сирман, мудири бахши ҳифзи муҳити ЮНИСЕФ баромад карда, дар боби аҳамияти ин лоиҳа назари худро баён доштанд.

photo_2022-06-17_10-41-56

Таъкид карда шуд, ки лоиҳа ба маблағи 862 ҳазор евро аз моҳи декабри соли 2017 то декабри соли 2022 татбиқ шуда, маблағгузории он аз Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ мегардад.

Лоиҳаи мазкур дар 26 ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Деваштич, Мӯъминбод, Фархор, Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Леваканд, Дӯстӣ, Кӯлоб, Н. Хисрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Турсунзода Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе татбиқ карда шуда, то имрӯз тавассути он 10500 кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон соҳиби шаҳодатномаи таваллуд ва 536 нафар бо шиноснома таъмин карда шудаанд.

Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин ба 6357 нафар кӯдакони муҳоҷирон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шуда, дар давраи КОВИД-19 ба 3000 оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмаки якдафъаинаи пулӣ пардохт карда шуд.

Масъулини лоиҳа бо худи падару модарон ва парасторони кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарор дошта низ корбарӣ намуда, барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагиашон ба оилаҳои муҳоҷирон ҷиҳати касбомӯзӣ ва пайдо кардани манбаи даромад дар Ватан ёрии амалӣ расонидаанд.

photo_2022-06-17_10-41-13_1
Дар ҷамъомад таъкид карда шуд, ки кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд ва саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти чунин оилаҳо қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД