Дар иёлоти ҳиндии Тамил Наду ҳамасола дар назди масҷиди Махалакшми Амман беш аз 1000 нафар ибодаткунандагон ҷамъ омада, маросими бо калла шикастани кокосро ба анҷом мерасонанд. Бо ин амалашон сокинони ин кишвар ба худояшон барои илтифоташ изҳори миннатдорӣ баён мекунанд. Бояд гуфт, ки дар маросими бо калла шикастани кокос табибон иштирок намуда, ба нафароне, ки бар асари ба сарашон задани ин меваи сахт ҷароҳат мебардоранд, кӯмаки тиббӣ мерасонанд.