Мегўянд, ки ғайбати худиро намоӣ, эътиқоди бегона мепарад. Ман мазаммат ҳам намекунаму ғайбат ҳам, Худо нигаҳ дорад! Танҳо мехоҳам қиссаи зиндагии бибиямро рўи коғаз биёрам, то барои дигаре сабақи зиндагӣ ва дарси ибрат гардад. Ин қиссаро ба ман хоҳари бибиям нақл кард…
Камбағалдухтар
Бибиям дар оилаи хеле қашшоқ таваллуд ёфта, ба воя расидааст. Падари бибиям вақте фарзанди чорумаш ҳам духтар таваллуд мешавад, қаҳр карда аз хона меравад. Модарашон бо чор тифлаки хурдсол дар як хобгоҳи якхонагӣ танҳо мемонад. Ў маҷбур мешавад, ки духтаракони ноболиғашро танҳо монда, дар як мағоза фаррош шавад. Табиист, ки дар ин гуна оилаҳо духтарон бе назорат ба воя расида, беодоб мешаванд. Духтари калонии хонаводаро ҳамсояи русашон духтархонд карда мегираду ба Русия мебарад. Модаркалонам духтари дуюм будааст ва бо ҷавоне аз оилаи обрӯманд ишқварзӣ карда, ҳомиладор мешавад. Азбаски ҷавон, яъне бобои ман дар хурдӣ ятим монда будааст, дилаш ба модаркалонам сӯхта, ба нею нестони падари барӯманду модарандараш, ки духтари хоҳарашро келин карданӣ будааст, нигоҳ накарда, ўро ба занӣ мегирад. Аз ин пайванд модари ман ба дунё меояд...
Айшпараст
Бобою бибиям ҳарду якҷоя ба донишгоҳ дохил мешаванд. Бобоям баъд аз дарс кор мекунаду зиндагияшро пеш мебарад. Онҳо аввал дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, баъдтар бобоям ба вазифаи хеле баланд мегузараду ба онҳо хонаи панҷҳуҷрагии зебо дар маркази шаҳр медиҳанд. Бобоям ба хушдоману хоҳарони занаш хеле меҳрубон будаасту онҳоро нигоҳубин мекардааст, хоҳарони занашро хононида, барои хушдоманаш дар ноҳия ҳавличаи хушсохти зебоеро харидорӣ мекунад. Модаркалонам, камбағали ба давлат расида зуд дигар мешавад ва ба дугонабозиву айшу нӯш машғул мегардад. Модари маро асосан модаркалонаш калон мекардааст, вале таваллуди тағоям ҳам натавонистааст пеши роҳи ин зани аз чорчўбаи одоби инсонӣ баромадаро бигирад. Мегўянд, ў тарабхона ба тарабхона масту аласт, афтону хезон ҳамроҳи дугонаҳои айшдўсташ мегаштаасту шавҳарашро бадном мекардааст. Бобоям ба сараш даст бардошта, ўро сиёҳу кабуд кунад ҳам, асаре надоштааст. Бибиям кор намекардаасту аз ҳисоби бобоям катагӣ карда мегаштааст. Модари ман ҳам аз пушти модар рафта, бе никоҳ аз падарам ҳомиладор мешавад ва ман ба дунё меоям. Мегўянд, падарам маро ҳамчун фарзанд қабул накардааст ва модарам бори гуноҳашро бо худ мегирад. Чунин шармандагӣ бобоямро аз бибиям ҷудо мекунад.
Зиёдатӣ
Аз рўзе, ки худамро ёд дорам, дар ин хонавода мисли ангушти зиёдатӣ будам. Рўзҳои корӣ дар ятимхона будаму шанбеву якшанбе шоҳиди майнўшиву ҷангу ҷанҷоли тағову модару бибиям. Онҳо ҳама дар як хона зиндагӣ карда, сояи якдигарро аз девор метарошиданд…
Тағоям модари маро аз хона меронд, ки “ту гум шав, ман зан мегирам”. Модаркалонам мегуфт, ки “ман пир нестаму шавҳар мекунам”, модарам “ин хонаи падарам аст, ҳамаатон гум шавед!” мегуфт. Аз пеши пойи касе мебаромадам, муште ба сарам мезад. Ростӣ, дар ятимхона буданам беҳтар аз он буд, ки дар ин хонаи пурҷангу ғавғо бошам. Ман бобоямро ҳеҷ гоҳ надида будам, вале медидам, ки ронандае гоҳ-гоҳ бароямон хӯрдании зиёде меорад. Медонистам, ки бобоям мансабдори калон аст, вале модаркалонам ҳамеша ўро бад мегуфт.
Модарам гоҳе аз падараш пуштибонӣ карда, мегуфт:
- Падарам айбе надошт, ту гушнамастро бо марди русе қапид ва рафт!
Он вақтҳо ба маънои «қапид» он қадар сарфаҳм намерафтам, баъд фаҳмидам, ки ин чӣ маъно дорад. Модарам табиб буд, як рўз ба кор рафту дигар барнагашт ва ман ҳам дар ятимхона мондам…
Баъдҳо мегўянд, ки ҷасади сўхтаеро оварда, ба модаркалонам додаанд, ки “ин ҷасади духтарат аст” ва ў ҷасадро гӯр кардааст. Солҳои нооромӣ буд ва касе аз пайи ҷустуҷўи модарам нашуд. Тағоям ба чӣ коре печида, хонаро фурўхту онҳо иҷора ба иҷора мегаштанд. Ман мактабро дар интернат бо баҳои аъло хатм карда, ба донишгоҳ дохил шудаму дар хобгоҳ мезистам...
ФАРЁНА
Таснифи Нисо Холид