arzon replenishment
Гурӯснагӣ дар Афғонистон: Кӯдакон нон гуфта мемиранд?
2233

Аксари кӯдакони то 5-солаи афғонро норасоии ғизо азият медиҳад. Агар то охири сол ин раванд тул кашад, эҳтимол ин шумора ба 3, 2 миллион нафар бирасад.
Тибқи гузориши дафтари Созмони Миллали Муттаҳид, агар кӯмакҳои саривақтӣ ба онҳо расонида нашаванд, шумораи зиёди кӯдаконро марг интизор аст.


Айни ҳол дар Афғонистон ҳудуди 4 миллион нафар имкони дастрасӣ ба ғизо, оби ошомиданӣ ва хизматрасониҳои тиббиро надоранд. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар кишвар ҳолати мардум боз ҳам вазнинтар шудааст.
Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Эрве Людовик де Лис ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ Мэри Эллен МакГроарти пас аз сафари дурӯза ба шаҳри Ҳирот маълум карданд, ки ин кишвари ҷангзада дар вазнинтарин ҳолат қарор дошта, муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона мебошад.
Бар асоси таҳқиқоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 95 дар сади хонаводаҳо дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД