Arzon admin
Гурги гушна (ҚИСМИ 2)
1174

Ман дар дилам ба ҳамсарам «гурги гушна» лақаб дода будам ва баъзан ҳангоми ҷангу ҷанҷол инро рўирост ба ў мегуфтам. Медонед чаро?

Ман дар тӯли зиндагии бистсолаи пуразобу пурҳиҷрону пурҷудоиямон фаҳмидам, ки ба ҳамсарам занҳои ба қавли маъмул «бузбала» маъқуланд, аммо мани қадпаст лоғар шуда, бадтар майдача шуда будам. Мо ҳамроҳи шавҳарам ҳеҷ гоҳ ба ягон ҷо намерафтем, шояд ў аз ман шарм медошт, вале дар маъракаҳои хешу табор ноилоҷ мерафтем. Ў бо ҳавас ва чашмони гушнааш ҳамеша занҳои қоматбаланди ба тану тушро нигоҳ мекард, ман хафа мешудам, аммо чун инро ба ў мегуфтам, умуман ба калла намегирифт. Барои ў фарқ надошт, ки занак шавҳар дорад ё не? Баъзан медидам, ки ба зани додараш, ки хеши худашон буду сапсафеди пурбадан буд, бо ҳаваси зиёд нигоҳ мекунад. Ман медонистам, ки шавҳарам бо занҳои бегона робита дорад, аммо норозигиямро дида, хушдоманам маро зери ҳақорату таънаву эрод мегирифт, ки рўз намедиҳӣ писари бечораамро! Шавҳарам ҳамеша маро зери мушту лагат мегирифт.

Оқибат бемор шудам, сарам дард мекунад, дасту поям низ, ду писару ду духтар дорам, ки парвои ман надоранд. Ҳамаи ин бас набуд, ки…

Захми сухан

Инак, бист сол мешавад, ки зиндагии мо якзайл давом дорад, пештарҳо ҳамсарам нисбатам камтар меҳрубон буд, вале ҳоло аз он меҳрубонӣ осоре намондааст. Ў нўшидану кайфу сафоро зиёд дўст медорад, ҳамин ки пояш ба деҳа расид, ҳамроҳи ёру рафиқаш мешитобад ба кўҳу саҳро ё лаби дарё, баъд маст шуда, меояду мехобад.

Як моҳ пеш ў ба хона расам нарасам, рафиқаш, ки дар як ҷойи хушманзара тарабхона дорад, расида омаду ўро ҳамроҳаш бурд, танҳо рўзи дигар расида омаду таҳқиромез гуфт:

- Ҳа кучукча, давида гаштӣ?

Мани аз ҷон безор, ки сарам дард мекард, бо қаҳр гуфтам,- ҳо, сагҳо дайдугӣ мекунанд, кучукчаҳо медаванд…

Ў як лагад ба миёнам зад, гумон кардам тамоми баданам ларзид ва аз дарунам чӣ риштае канда шуд. Базӯр худро ба даруни хона кашидам то аҳволамро ҳамсоязан, ки ҳамроҳи хушдоманам дар рўйи кат кӯрпача медӯхтанд, набинад. Ў аз қафоям ба хона даромада гуфт:

- Э маймун, як афтатро дар оина бин! Ба Худо, аз хона мегурезам, то туро набинам, шарм медорам аз ту ва афти ҳаромат!

Ман ғайри гиря ҷавобе надоштам. Он шабро бо гиря рўз кардам ва субҳи барвақт чанд куртаамро бардошта, ба хонаи модарам рафтам. Медонам, айб аст, пеши дўсту душман ва хешу ақрабо, медонам… Мо каму ғам не, бист сол зиндагӣ кардем, албатта зиндагӣ пастиву баландиҳои худро дорад, аммо ҳар чиз охир дорад. Ман ҳам одамам, иззати нафс дорам. Оё ман гунаҳгорам, ки дўст доштааму ошиқ шудаам? Оё ман гунаҳгорам, ки дарди дурии шавҳару азобу уқубату хизмати миёншикани хушдоман маро бо ин ҳол расонд?

Падарам аз дунё гузаштаасту бародаронам ҳамагӣ соҳиби хонаву дари хеш ҳастанд, модарам бо акаи хурдиям зиндагӣ мекунад. Ман мехоҳам аз шавҳарам ҷудо шавам, агар писаронам ору номус дошта бошанд, фардо бузургтар шуданду зан гиранд, маро нигоҳубин мекунанд, агар не, Худо нигаҳбони ҳар мазлум аст. Ҳамроҳи ҷиянҳоям мемонам, мурдаам дар кўча намемондагист? Ман ҷавониямро нисори шавҳарам кардам, аммо ў инро қадар накард. Ин гурги гурусна дар ҳузури ман ин қадар ба занҳои бегона назар мекунаду ман набошам, чӣ корҳое, ки намекунад. Бало ба пасаш, умри боқимондаамро дар оромӣ гузаронидан мехоҳам. Бародаронам ҳам ҳамин гуна андеша доранд.

Албатта дилам барои меҳнатҳояму писаронам месўзад, аммо чӣ илоҷ? Гумон мекунам, ки шавҳарам зани дигар дорад, сарчашмаи бемеҳрияш ҳамин аст…

ШОҲБӢ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД