Соли 1421 дар Нидерландия обхезии мудҳиш ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 72 деҳа зери об монда, садҳо нафар ғарқ шуданд.
Баъди чанд рӯзи воқеа наҷотёфтагон гаҳвораеро рӯи об мебинанд, ки болои он гурбае аз як тараф ба тарафи дигари гаҳвора меҷаҳид. Мардум гумон карданд, ки гурба роҳи халосӣ меҷӯяд ва ба хотири наҷоташ ба гаҳвора наздик шуда, шоҳиди воқеаи аҷиб гаштанд. Онҳо даруни гаҳвора кӯдакеро дарёфтанд, ки ором хобида буд.
Маълум шуд, ки гурба давоми чанд рӯз бо ин амалаш мувозинати гаҳвораро дар рӯи об нигоҳ доштааст, то кӯдаки маъсумро аз ғарқ шудан наҷот бахшад.