arzon replenishment
Гуноҳатро бахшидам, янга! (ҚИСМИ 2)
1183

Як рўз духтари амаки калониям, ки духтур аст, ба хонаи мо меҳмон шуд, ў даҳ рўз дар хонаи мо монд ва азобҳои маро дид. Баъд як ҳамсояи русамон, ки дугонаи янгаам буд, ба вай аз азобҳои ман мегўяду илова мекунад, ки “ба фикрам, ҳамин кўдак фарзанди аслии онҳо нест”. Духтари амакам тасдиқ карда мегўяд, ки “бале, Беназир духтари амаки хурдиямон аст”.

Як рўз ман самбӯса пухтаму чандтояшро сўзондам, аяам маро он қадар лату кўб намуд, ки пеши чашмам сиёҳ шуд. Зина- хола аҳволи маро дида гуфт:

- Беназир, ту ба ин азоб то кай тоқат мекунӣ? Ин занаки бераҳм кадом рўз туро мекушад, ту духтари ў нестӣ, духтари амаки хурдият ҳастӣ. Биё, ман туро фардо саҳари барвақт бурда, ба автобус мешинонам. Беҳтараш ба хонаатон назди падару модарат рав!- Зина-хола инро гуфту ба хонааш рафт. Пеши назарам симои модари асосиям омад, ман ўро он қадар дўст медоштам, ки ногуфтанӣ. Ҳар гоҳе ба деҳа равем, аяам маро аз наздаш дур шудан намемонд, вале зани амакам бо меҳр оббозиям медаронд, мўйҳоямро мебофт, ҳамеша бароям кўртаҳои зебо медухт, шавҳараш бошад, ба рўям нигоҳ намекард.

Он шабро бо фикрҳои зиёд рўз кардаму рўзи дигар субҳи бравақт хеста, ба хонаи Зина-хола рафтам. Ӯ маро бурда, ба автобусе шинонд, ки ба ноҳияи мо мерафту ба як зан, ки модару падари маро мешинохтааст, таъкид кард, ки “ҳамин кўдакро бурда, ба ҷойи даркорӣ расон”. Зина- хола ба дастам каме пул доду ба дасти он зан ҳам. Он вақҳо телефони мобилӣ набуд. Вақте амаку янгаам фаҳмиданд, ки ман ба хонаи падару модари аслиям рафтам, талхакаф шуданд.

Он вақтҳо бибию бобоям вафот карда буданд, падару модарам маро дар остонаи дар дида, аз ҳайрат шах шуданд. Ман бо гиря ҳамаи азобҳоямро ба волидони аслиям нақл кардам. Янгаам низ дигар ба суроѓи ман наомад, каме сару либосамро фиристоду халос. Амакам бошад, гўё ҳеҷ чиз нашуда бошад, бо ман хубу самимӣ сўҳбат мекард. Мактабро хатм кардаму бо ризоияти волидонам ба як ҷавони ҳамдеҳаам ба шавҳар баромадам. Азбаски шавҳарам тоҷири хеле меҳнатдўст буд, ба зудӣ муваффақ шуду мо соҳиби ҳама чиз шудем. Ман соҳиби ду писару ду духтари нозанин будам. Дар ягон маърака янгаамро бинам, салом мекардам, шавҳарам ўро борҳо ба хонаамон талбида бошад ҳам, янгаам наомад. Солҳо гузаштанду амакам аз сактаи қалб оламро падруд гуфт. Янгаам пас аз гузаштани амакам, ки нозбардораш буд, бемору бистарӣ гашт ва як додараш, ки дар ҳамсоягиашон мезист, ўро ба хонааш бурд. Янгаам, ки хеле сахту чизпараст буд, зуд хонаашро ба савдо монда, пулашро ба додараш дода, гуфтааст, ки то мурданам маро нигоҳубин мекунӣ. Зани амакҳои дигарам ба хабаргирияш рафта, хабар оварданд, ки ҳолаташ бад асту чизу чорааш рўйи ҳавлии додараш зери офтоби сўзон гузошта шудаанд. Янгаашу ҷиянҳояш дўсташ намедоштаанду танҳо ба хотири тилловориҳои зиёдаш каму беш хизматашро мекардаанд.

Инро шунида, шавҳарам ба ҷону ҳолам намонда, маро ба хабаргирии янгаам бурд. Янгаам бо мо салом карду бо баҳонаи “асабам намебардорад” гуфт, ки танҳояш гузорем. Зани додараш дар хонаи дигар дар сари дастархон гуфт, ки ҳар нафаре ба хабаргирии янгаам биёяд, мегўяд, ки ӯро дуои ҳамон кўдаке, ки азоби сагро нишонаш дода буд, гирифтааст. То аз вай бахшиш напурсад, намемирад, аммо ӯ магар бахшиш мепурсад?! Эҳа, ҳолаш аз ин бадтар шавад, ки сарашро хам намекунад.

Дар роҳи дароз то хона расидан гиристам, янгаам ҳоло ҳам бемор аст, дасту пояш аз кор мондаанду азоб мекашад. Ман медонам, ки ин ҳама кори Худо аст, киро чӣ гуна марг медиҳад, аммо дар ҳар намозам мегўям, ки “туро бахшидам янга, Худо мушкилатро осон кунад!”.

БЕНАЗИР

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД